“Мо насли деҳоятиёни шаҳрофарем, насли ману Лоиқ”, – ин нуктаро Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор зимни суханронии худ дар маҳфили бошукӯҳи адабӣ бахшида ба ҷашни 85-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ дар шаҳри Панҷакент изҳор дошт.
Вай бо баёни ин ки онҳо ҳамчун фарзандони деҳот дар шаҳр соҳиби ном шудаву симои фарҳангии онро сохтаанд, илова кард, ки дар Шарқ кам иттифоқ меафтад, ки касе дар шаҳр шоир ба воя расад, зеро инсонро маҳз сабзаву хок ва садқаву дуо шоир ва соҳиби обрӯй мекунад.
“Мо насли қишлоқии шаҳрофарем. Агар касе он “Озарахш”-и ману дӯстонамро хонда бошад, он ҷо мегӯянд, ки Лоиқ – шоири фарёдҳои бефарёдрас, Бозор Собир – шоири овораву мусофир, Гулрухсор – шоири тоқати таҳқир. Мо ҳамаамон аз қишлоқ омадем, шаҳр сохтем”, – гуфт Гулрухсор.
Ин шоир Лоиқро инсони бузурге хонд, ки маҳалгаро набуд ва ҳеҷ гоҳ ба ин дард гирифтор нашуд. Бо баёни хотираҳои ширин, Гулрухсор гуфт, ки саргузашти Лоиқро аз 15-солагиаш медонад, он тавре ки дигарон намедонанд.

Ӯ аввалин вохӯрии худро дар беморхона, замони донишҷӯи интернат буданаш чунин ба ёд овард: “Ба наздам инсоне омад, ки ман намешинохтам. Бисёр нозанин, як борхалта дар дасташ. Гуфт: “Ту Гулрухсорӣ?”. Гуфтам: “Ман Гулрухсорам!”. Гуфтам: “Ту кӣ?”. Гуфт: “Ман Лоиқ Шералӣ. Чӣ шуд?” Гуфтам: “Касал шудам”. Гуфт: “Инро хӯр, дигар касал нашав!” ва борхалтаро ба бағалам партофт. Бовар кунед, мане, ки аслан мева нахӯрда будам дар интернат, як ҳафта мева хӯрдам”.
Гулрухсор бо дарду сӯз аз рӯзҳои даҳшатбори ҷанги шаҳрвандӣ ёд оварда, нақл кард, ки дар он лаҳзаҳои пуртаҳлукае, ки ӯро гаравгон мегирифтанд, Лоиқ аввалин касе буд, ки ҷони худро дар хатар гузошта, ба ӯ занг зада, ҳолпурсӣ кард.
“Аввалин касе буд, ки телефон карда, гуфт: “Парӣ, ман биёям?”. Бубинед, медонист, ки бо ман, ҳамроҳи ман мурданӣ меояд. Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам? Шумо чӣ хел барои Лоиқ намесӯзед?”, – гуфт Гулрухсор.

Ӯ давоми суҳбат ба мавзӯи дӯстии зану мард таваҷҷуҳ карда, изҳор дошт, ки бархилофи тасаввури умум, миёни зану мард метавонад дӯстии поку бовафо ташаккул ёбад. Сароғози робитаи худу Лоиқро низ ӯ ба қудрати асроромези истеъдод пайванд донист, ки риштаҳои ҳаёти онҳоро ба ҳам гиреҳ задааст.
Гулрухсор изҳор дошт, ки баъди даргузашти Лоиқ Шералӣ ба сабаби дар ҳиҷрат буданаш натавонист дар маросими видоъи ӯ ширкат кунад. Ӯ гуфт, як сол ба ин марг бовар намекардам ва ин сӯзиши дарунӣ оқибат ба шеъри “Эй баҳори бе Лоиқ, рози марг ифшо кун” табдил ёфт.
“Устод Қаноат рафт, Бозор рафт, Лоиқ… Ман худамро танҳо ҳис намекунам. Онҳо бо мананд. Аммо вақте ки дар сари гӯри Лоиқ гул мондам ва бовар кардам, ки Лоиқ дигар бо ман нест, гуфтам, ки чӣ хел мешавад, ки баҳор биёяду Лоиқ набошад? Ин шоири ошиқ, ин шоири зиндагӣ, ин шоири ҳар гулу гиёҳ ҳар баҳор бо баччагии деҳотиаш мешукуфт. Чӣ хел мешавад, ки таги хок бошад? Як сол шеъре навишта натавонистам. Як сол бовар накардам, ки Лоиқ нест. Чунки ман вайро гӯр накардам, ман аз пушти тобуташ набаромадам, ман намедонистам, ки Лоиқ рафтааст…”, – гуфт Гулрухсор ва ин шеърашро қироат кард:
Баҳор омад, наомад Лоиқи мо,
Наёмад шоири мо, ошиқи мо.
Парешонем чун барги хазонрез,
Чӣ кардӣ ҷамъи моро, Холиқи мо?

Ӯ аз мақомоти маҳаллӣ ва мардуми Панҷакент барои қадрдонии сухан миннатдорӣ кард ва иброз дошт, ки бузургтарин тиллову нуқраи ин замин устод Рӯдакӣ ва Лоиқ мебошанд.
Дар айни замон вай хоҳиш кард, ки маҳфилҳо танҳо бо ороиши дастархон маҳдуд ва нишонаҳои шоир – фарзандонаш, ҳеҷ гоҳ аз ёдҳо фаромӯш нашаванд: “нишонаҳои Лоиқро аз худатон ҷудо накунед, нишонаҳои Лоиқ лоиқи шумо аст”.
Дар фарҷом Гулрухсор таъкид кард, ки Лоиқ фарзанди як миллат аст: “Лоиқҳо худашон ба дунё намеоянд. Як модар наметавонад, ки Лоиқро ба дунё биёрад. Лоиқ фарзанди миллат аст. Шумо бояд ба ин чиз ифтихор кунед ва донед, ки баъди устод Рӯдакӣ мо Лоиқ дорем”.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз, 20-уми май, ба муносибати 85-солагии Лоиқ Шералӣ, Шоири халқии Тоҷикистон бо ширкати аҳли илму адаб дар зодгоҳи шоир – деҳаи Мазори Шариф маҳфили адабӣ, дар Кохи Лоиқ дар шаҳри Панҷакент маҳфили илмиву адабӣ ва дар варзишгоҳи марказии шарҳ шоми консертӣ баргузор шуд.
“Азия-Плюс” ҳам ба ин муносибат бо бародари Лоиқ Шералӣ дар Мазори Шариф мусоҳиба ороста, перомуни баччагиҳои гулгунёли шоир ва розҳои оилаивии мавсуф пурсон шуд, ки дар ин пайванд метавонед навори онро бубинед.







