Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Раҳматулло Мардиктоев, наврасеро, ки як духтарро аз марг наҷот дод, бо сипоснома ва 3 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ кардааст. Ҳамчунин, ин ниҳод ваъда додааст, ки барои таҳсили ройгони ӯ дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ мусоидат хоҳад кард.
Ин наврас, ки хонандаи синфи 10-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-и ноҳияи Фирдавсии пойтахт аст, ҳафтаи гузашта як духтарро, ки бо қасди худкушӣ худро ба рӯд андохт, наҷот дода буд.
Пулиси шаҳри Душанбе рӯзи 23-юми апрел барои ин кор ӯро қадрдонӣ кард ва ин рафтори ӯро “далерию шуҷоатмандӣ” ва “намунаи ибрат барои дигар наврасону ҷавонон” тавсиф намуд. Ин ниҳод ба волидайн ва устодонаш “барои таълиму тарбияи шоиста” изҳори сипос кард.
Гулнора Мардиктоева, модари Раҳматулло имрӯз, 28-уми апрел, ба “Азия-Плюс” гуфт, ки пулиси Душанбе писарашро барои наҷоти инсон бо сипоснома ва 3 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ кардаанд.
“Инчунин ваъда доданд, ки барои таҳсили ройгони Раҳматулло дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ мусоидат мекунанд. Намояндагони ин ниҳод ба писарам нигариста, гуфтаанд, кадри хуб мешавад, қадаш баланд ва ҳам боҷуръат асту варзиш низ мекунад. Ману писарам аз ин иқдоми мақомот хурсанд шудем ва ба масъулини изҳори сипос мегӯем”,-гуфт модари наврас.

Аз Раёсати ВКД дар Душанбе ба “Азия-Плюс” тасдиқ карданд, ки барои таҳсили ройгони Раҳматулло Мардиктоев дарАкадемияи Вазорати корҳои дохилӣ мусоидат мекунанд.
Модари Раҳматулло мегӯяд, писарашро танҳо тарбия кардаву ба воя расонидааст ва ифтихор дорад, ки ҳоло писараш ҷасуру соҳибирода шудааст. Ӯ таъкид мекунад, ки бо ҳамроҳи писару духтараш дар хонаи бародараш зиндагӣ мекунанд.
“Писарам ҳамон шаб ба мо нақл накард, ки як духтарро аз ғарқшавӣ наҷот додааст ва мақомот моро даъват мекунанд. Субҳи рӯзи 20-уми апрел аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе занг заданд ва писарамро пурсиданд. Ӯ субҳ ба мактаб рафта буд. Дар аввал фикр кардам, ки дар тарбияи ӯ хато кардаам, ки ҳоло кор то пулис кашида шудааст. Пасон, ки қаҳрамонии ӯро шунидам, ифтихор кардам, ҳам аз худу аз писаре, ки калон кардам”, – нақл мекунад Гулнора.
Ҳамсӯҳбати мо гуфт, ки Раҳматулло пас аз дарс ва дар вақти холиаш дар нуқтаи таъмири мошин кор мекунад ва дар пешбурди зиндагӣ ба ӯ кӯмак мерасонад. Модари Раҳматулло дар корхонаи дӯзандагӣ кор мекунад ва бо ин ҳунар ду фарзандашро ба танҳоӣ ба воя расонидааст. Ӯ ҳоло хурсанд аст, ки писараш аллакай бузург шудааст ва бореро аз рӯйи шонаҳояш мебардорад.

“Раҳматулло рӯзе ваъда кард, ки модарҷон, ман тамоми талоши худро мекунам, то масъулияти зиндагиро пурра бар дӯши худ гирам. Заҳматҳои шуморо, ки бароям ҳам падар будед ва ҳам модар рӯзе ҷуброн хоҳам кард. Буданд рӯзҳое, ки нон наёфтам, ки ба фарзандонам хуронам, вақтҳое, низ буд, ки либоси мактабӣ надоштанд, пояфзол надоштанд. Лекин писарам ҷояш омад, ки худаш кор карда, пояфзолашро харида буд. Имрӯз ман аз фарзанде, ки тарбия кардаам, ифтихор мекунам”, – бо хушҳолӣ нақл кард ӯ.
Худи Раҳматулло Мардиктоев қаблан дар суҳбат бо “Азия-Плюс” изҳор дошт, ки вақте шоми 19-уми апрел барои тамрин ба соҳили дарёи Душанбе рафт, дар об ғарқ шудани духтареро дид ва ба қасди наҷоти ӯ худро ба рӯд андохт. Ин наврас гуфт, ки он вақт аз чизе тарс надошт, зеро мехост ҷони инсонеро наҷот диҳад. Ӯ духтарро аз об берун карда, ба шифохона бурд.
Мақомот сабаби қасди ҷон кардани духтарро “муноқишаи оилавӣ” арзёбӣ карда, гуфтанд, “ҳоло ӯ таҳти назорати табибон қарор дорад”.
Мо Раҳматулло Мардиктоевро пайдо ва бо ӯ суҳбати кӯтоҳе кардем, ки ин ҷо хонда метавонед: “Ҳадафам наҷоти инсон буд”. Чӣ тавр хонандаи мактаб духтареро, ки мехост худкушӣ кунад, наҷот дод?




