“Таъмини адолат яке аз ҳадафҳои асосиям аст”. Нушофарин Раҷабзода – “Хонандаи сол”-и Душанбе кист ва чӣ корнома дорад?

Ӯ миёни 300 ҳазор хонанда ғолиб шудааст.

Шаҳноз Ализода, asia+

Нушофарин Раҷабзода, хонандаи синфи 10‑и Мактаби байналмилалии президентӣ “Хонандаи сол – 2025” дар шаҳри Душанбе эълон шуд. Ӯро бо диплом ва 6 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карданд. Ӯ донандаи чаҳор забон буда, тасмим дорад дар оянда ҳуқуқшинос шавад. Вай пирӯзиашро ба мутолиаи пайвастаи китоб ва забондонӣ рабт медиҳад.

“Азия-Плюс” атрофи озмуни “Хонандаи сол – 2025”, илмомӯзӣ, нақши падару модар ва ҳадафҳои ояндааш бо Нушофарин гуфтугӯ кард.

Нушофарин Раҷабзода дар хонаводае, ки бо китоб ошноӣ доранд ва аз аҳли зиёи кишвар маҳсуб мешаванд, ба воя расидааст. Ӯ мегӯяд, маҳз бо ин сабаб ҳанӯз аз овони хурдсолӣ ба хондани китоб сар кард ва аз 12-солагӣ шеър низ эҷод мекард. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, идеали ӯ дар зиндагӣ падараш аст. Падари ӯ Шермуҳаммад Раҷабзода, тарҷумон ва сардори Хадамоти ташрифоти раисҷумҳури Тоҷикистон аст.

Нушофарин Раҷабзода бо падараш. Акс аз сӯи қаҳрамон пешниҳод шудааст.

“Хушбахтам, ки миёни 300 ҳазор хонанда ин унвонро соҳиб шудам”

Нушофарин бо одоб, либоспӯшии муносиб, хоксорӣ ва донишманд будан миёни ҳамсолону устодонаш соҳибэҳтиром шудааст. Ӯ мегӯяд, барои ширкат дар озмуни “Хонандаи сол – 2025”, ҳар рӯз 2-3 соат вақт ҷудо ва пайваста дониши худро мукаммал мекард.

“Вақте эълон карданд, ки унвони “Хонандаи сол – 2025”-ро соҳиб шудам, маро ҳаяҷон фаро гирифт. Хушбахттарин фард дар он замон ман будам, чун миёни 300 ҳазор хонанда маҳз ман ин унвонро сазовор шудам. Албатта, ҳеҷ пирӯзӣ, махсусан дар роҳи илм бе заҳмат ба даст намеояд. Ин ғолибият натиҷаи заҳамоти шабонарӯзӣ ва мутолиаи пайвастаи китоб аст”, – бо хушҳолӣ нақл кард ӯ.

Озмуни мазкур дар ду қисм баргузор шуд. Дар марҳилаи аввал аз довталабон сатҳи забондонӣ, навиштани иншо ва  саволҳо аз ҳашт фани таълимӣ пурсида шудааст. Дар марҳилаи дуюми озмун намоиши дастовардҳо баргузор ва маҳорати суханварӣ ва дониши назариявии довталабон баҳогузорӣ шудааст.

“Ҳар як номинаи озмун мушкилии худро дошт, вале тавонистам бо кӯшиш ва хондани китобу тайёрӣ дидан, ғолиб шавам. Танҳо камбудие, ки дар худ эҳсос кардам, ин вақти баромад дар назди ҳакамон ҳаяҷонзада шудам. Вале дигар марҳилаҳоро аз ҷумла, намоиши дастовард ва ҳунарҳои миллӣ, навиштани иншо, саволҳо аз 8 фан, аз ҷумла фанҳои дақиқ ва сатҳи забондонӣ ба хубӣ баромадам”, – мегӯяд ӯ.

Нушофарин аз саҳми омӯзгорони муассиса низ ёдовар шуда, мегӯяд, барои ширкат дар озмуну мусобиқот ӯро ҳавасманд мекунанд. Ӯ афзуд, ки дар тамоми озмунҳо роҳбари синфаш ба ӯ кӯмак ва барои омодагӣ ба озмунҳо ҳамроҳӣ мекунад.

Акс аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Дастовард ва нақшаҳои оянда

Нушофарин Раҷабзода дар чанд озмунҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ низ ширкат карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шудааст. Аз ҷумла, соли 2022 дар озмуни “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” дар номинаи қироати шеър ғолиби ҷойи дуюм шудааст. Соли 2023 дар озмуни “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” ширкат карда, сазовори ҷойи дуюм шудааст. Ӯ бо диплом ва 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ шудааст. Инчунин дар озмуни “Хаттоти беҳтарин” низ ғолиб омадааст.

“Адабиётро дӯст медорам. Бештар шеърҳои Мирзо Турсунзодаро мехонам ва азёд мекунам. Маҳз бо қироати пурраи шеъри “Ҷони ширин” дар озмуни “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” ғолиб омадам. Аз нигоҳе, ки осори устод Турсунзода бештар дар васфи сулҳу дӯстӣ, ҳамгироӣ аст бештар меписандам”, – мегӯяд Нушофарин.

Ӯ донандаи хуби забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буда, забони туркиро дар сатҳи муошират медонад. Вай ният дорад, ки забони арабиро низ омӯзад. Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, донистани забонҳои гуногун ба инсон ҳар дареро дар ҷодаи муваффақият боз мекунад.

Нушофарин бо Дилбар Одилзода, муовини раиси шаҳри Душанбе, Акс аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Нушофарин таъкид мекунад, ки ҳеҷ гоҳ имкониятро аз даст надодан шиори зиндагиаш аст. Ӯ мегӯяд, ки мафҳумҳое, чун “ман наметавонам”, “аз уҳдааш намебароям”, “шояд муваффақ нашавам” барояш бегона ҳастанд. Ҳамеша таваккал мекунад, то ба қуллаи мурод расад.

“Ният дорам ҳуқуқшинос шавам, аллакай аз хурдӣ ин ихтисосро интихоб кардаам. Вақте хурд будам аз падарам машварат гирифта будам, ки дар оянда кӣ шавам. Гуфтанд, ҳуқуқшинос. Ба хотире ин самтро интихоб кардам, ки барои таъмин кардани адолат ва баробарии иҷтимоӣ саҳмгузор бошам ва ҳуқуқи шаҳрвандонро ҳимоя кунам”, – таъкид мекунад ҳамсуҳбати мо.

 “Падарам идеали ман ҳастанд”

Нушофарин ба нақши падар дар зиндагӣ ва фаъолияташ таъкид карда, мегӯяд, ӯро идеали худ меҳисобад. Ба гуфтаи ӯ, хоксорӣ ва таҳаммулпазириаш мерос аз падар аст ва маҳз бо ин хислат миёни ҳамсолону омӯзгорон соҳибэҳтиром шудааст.

“Падарам идеали ман ҳастанд. Дар ҳама ҳолат маро дастгирӣ мекунанд, ба ҳарфҳоям гӯш медиҳанд, маслиҳат медиҳанд. Масалан вақтҳое, ки рӯҳиям бад аст, маҳз падарам ба ман ангеза медиҳанд, пуштибонам ҳастанд. Он кас барои дониш омӯхтани ману бародаронам ҳамеша мусоидат мекунанд. Ҳамеша мегӯянд, “Хонед, хонед ва боз хонед!”, – бо лабханд нақл кард Нушофарин.

Акс аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Аз нигоҳи Нушофарин муҳити хонавода дар ташаккули фарзанд нақши калидӣ дорад. Ӯ мегӯяд, сабаби аслии даст задани ҳамсолонаш ба ҷиноятҳои  гуногун маҳз аз бетаваҷҷуҳии падару модар аст.

“Ягоне чизе, ки насли наврас ба он бештар ниёз дорад, ин таваҷҷуҳи хонавода, дастигирии онҳо ва хондани бештари китоб аст. Агар ин се кор анҷом ёбанд ба назари ман, наврасон камтар асабӣ мешаванд, ба корҳои бад даст мезананд ва ҳамчун як фарди ташаккулёфта дар ҷомеа ба мартабаи баланд мерасанд”, – таъкид мекунад ӯ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.