“Ин кори занона нест!” – таъкиде, ки Фарзонаи усто ҳамарӯза аз атрофиёнаш мешунавад. Вале ин қабил таъкидҳо наметавонад садди роҳи интихобкарда ва қолабшиканиҳои Фарзона бошад.
Фарзона Ҳомидоваи 33-сола устои техникаи рӯзгор дар ИМА аст. Зиёда аз се сол аст, ки ӯ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад. “Азия Плюс” бо ӯ бахшида ба 1 май – Рӯзи ҳамбастагии байналмилалии меҳнаткашон дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ ва “касби мардона”-и ӯ суҳбат кард.
“Таъмир зеби духтар нест”
Ба гуфтаи Фарзона, ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст. Касби ӯ ба назари гурӯҳе аз одамон, аз қабили касбҳои мардона ба шумор меравад. Аммо ӯ таъкид мекунад, ки касб мардонаву занона намешавад.
Аз иҷозатнома гирифтани ӯ ҳамчун усто дар ин кишвар ҳанӯз муддати тӯлонӣ нагузаштааст, вале Фарзона мегӯяд, аз кӯдакӣ ба кори таъмир алоқамандӣ дошт.

Аз рӯйи нақли Фарзона, ӯ дар кӯдакӣ бобои худро, ки дар анбор бо таъмири асбобҳои техникӣ машғул мешуд, тамошо мекард. Ӯ ҳар гоҳ ки анборро холӣ меёфт, ҳатман таъмири ягон асбобро санҷидан мехост.
“Ин барои ман бештар аз як завқи кӯдакӣ буд. Аммо аҳли оилаам ин завқро ҷиддӣ қабул намекарданд. Ҳамеша сарзаниш мешудам ва мегуфтанд, ки “таъмир зеби духтар нест”, – ба хотир меорад Фарзона.
Баробари ба воя расидан, завқи Фарзона низ ба таъмир афзуд. Ӯ борҳо чанде аз таъмиргарони пойтахтро хоҳиш кард, ки ба шогирдӣ қабул кунанд. Вале ба ӯ гуфтанд, ки “ин кори духтарона нест”.
Танҳо муддате назди яке аз устоҳои нақлиёт дар Душанбе, рангкунии мошинро омӯхт, аммо боз ҳам бо баҳонаи духтар будан, ба кор пазируфта нашуд. Баъди ин ӯ қарор кард, касберо, ки аз кӯдакӣ шавқ дошт, пешаи худ интихоб кард.
“Дар дилам оташ афтод. Қарор додам, то исбот кунам, ки зан низ аз уҳдаи таъмир мебарояд. Аз ин рӯ, дар Амрико низ думболи омӯзиши ин касб будам”, – мегӯяд ӯ.
Аввалин мизоҷ
Фарзона баъд аз сафараш ба ИМА, бо 5 ҳазор доллар (атрофи 50 ҳазор сомонӣ) ду ҳафта таъмири техника омӯхт ва иҷозатномаи кор дар самти устои техникаи маишӣ гирифт.
“Барои ман ин хеле маблағи калон аст, вале қарорам барои ин омӯзиш қатъӣ буд”.
Ба гуфтаи Фарзона, ӯ дар гурӯҳи худ ягона зан буд ва гумон надошт, ки ҳатто дар кишваре чун Амрико занон ба омӯзиши ин касб камтар таваҷҷуҳ кунанд. Ҳамгурӯҳонаш ҳайрон менигаристанд, ки чаро ин зан таъмиргарӣ меомӯзад. Чанде аз мардони ҳамгурӯҳаш мегуфтанд, ки шояд ин зан аз бекорӣ ба омӯзиши таъмир омадааст.

Фарзона мегӯяд, ки нахустин мизоҷи ӯ низ дидан баробар пурсида буд, ки оё ӯ воқеан усто аст. Мизоҷ инчунин гуфтааст, ки устодухтарони нақлиёт дар Лос-Анҷелес зиёданд, аммо устои тафдонро, ки зан бошад, бори аввал мебинад.
“Аввалин фармоишам тафдони сӯхта буд. Ростӣ, намедонистам, ки корро аз чӣ сар кунам. Аммо дар 15 дақиқа тафдонро ба кор даровардам. Шодиам ҳадду канор надошт, зеро ин нахустин фармоиш ва 250 доллари ман аз кори таъмир буд”, – ёд меорад Фарзона.
Ӯ ҳоло дар яке аз ширкатҳои хадамоти таъмир бо шартнома фаъолият дорад. Яъне мизоҷ тариқи барномаи мобилӣ таъмиргарро дархост мекунад, ширкат дархостро ба Фарзона мерасонад, ӯ ба хонаи мизоҷ рафта таъмир ва аз ҳаққи хидматрасонӣ 45%-ро ба фоидаи ширкат пардохт мекунад.
Пофишорӣ ба таҳсил
Фарзона мегӯяд, ки муҳоҷирати ӯ ба Амрико тасодуфӣ нест. Зеро ӯ аз давраи кӯдакӣ орзуи таҳсил дар ин кишварро дошт ва забони англисӣ меомӯхт. Аммо дар марҳилаи навҷавонӣ бо монеаи ҷиддӣ рӯбарӯ шуд.
“Дар хонавода ба ман гуфтанд, ки таҳсилро канор гузошта, оила бунёд кунам”, – ба ёд меорад ӯ.
Фарзона дар оилаи суннатӣ ба воя расид ва калонсолони хонавода дар аввал мухолифи идомаи таҳсили ӯ дар донишгоҳ буданд. Ӯ ин қарорро қабул накарда, шабе тарки хона кард. Вай мегӯяд, намедонист, ки ба куҷо меравад, аммо ҳадафаш аниқ буд: мехост ба таҳсил идома диҳад.
Аҳли оилааш ҳамон шаб ӯро пайдо карда, иҷозат ба таҳсил додаанд. Ҳамин тавр Фарзона, шуъбаи ғоибонаи ихтисоси кор бо нақлиётро хатм кардааст.

Блогнависӣ бо айнак
Ба гуфтаи Фарзона, мизоҷони амрикоӣ ба ҳар як кори усто бо диққат менигаранд. Ба ин хотир, ӯ аз айнаки наворбардорӣ истифода мекунад. Чунки агар мизоҷе баъд аз таъмири ӯ ишора ба гум шудани оҳанпораҳо кунад, сабти ӯ исбот мекунад, ки ҳадафи усто танҳо таъмир буд.
Айнаки наворбардорӣ сабаб шуд, ки дар зеҳни ӯ ғояи пешбурди саҳифа дар шабакаҳои иҷтимоӣ тавлид шавад.
“Даврони мактабхонӣ хонаводаам намегузоштанд, ки дар Youtube саҳифа кушоям. “Ин шармандагӣ аст”, – мегуфтанд онҳо. Ман танҳо мехостам саҳифа кушоям ва дар он намоҳанги сурудҳои англисиро нашр кунам”, – гуфт ӯ.
Ҳоло ӯ дар Инстаграм зиёда аз 141 ҳазор пайгир дорад. Муҳтавои ӯ аз зиндагии ҳаррӯзаи муҳоҷирзани усто, корҳои таъмир ва суҳбат бо мизоҷонаш иборат аст.
Бештаре аз муҳтавои ӯ маҳз бо айнаки наворбардорӣ сабт шудааст. Муҳимтар аз ҳама, саҳифаи Фарзона паём медиҳад, ки зан низ метавонад касби писандидаашро интихоб кунад ва омӯзад ва дар зиндагӣ муваффақ шавад. Омӯхтани касб, аз ҷумла таъмири мошину асбоби рӯзгор барои зан ҳеҷ ҷойи шарм ё боиси сархамӣ нест.
Забономӯзӣ муҳим аст
Фарзона зани танҳо ва соҳиби як фарзанд аст. Ӯ дар аввал ба сухани қолабии атрофиён, мисли “зани ҷудошуда бояд аз назар пинҳон ва хонашин бошад” гӯш медод. Вале баъдтар барои таъмини зиндагии худ ва фарзандаш, қасди муҳоҷират кард. Ӯ мегӯяд, тавонист зиндагии худро созад ва дастнигар набошад.
Омӯзиши забони кишвари ҳиҷратро Фарзона ҳамчун бахши муҳими муҳоҷират меҳисобад. Зеро муҳоҷири забондон дар ҳуҷҷатгузорӣ, иҷораи хона ва ҷараёни кор камтар мушкилӣ мекашад. Худи Фарзона дар рӯзҳои нахустини сафар аз ҷойи зист танқисӣ кашида буд.
Дӯсти наздики Фарзона баъди расидани ӯ ба Амрико, ки қарор буд то чанд рӯз бояд аз хонааш ҷо диҳад, ба зангу паёмҳои ӯ посух надод. Забондонии Фарзона сабаб шуд, ки сарпаноҳе барои чанд рӯз пайдо кунад.
“Мард аз зан кор намеомӯзад”
Ӯ чанд моҳ қабл эълон дода буд, ки ба муҳоҷирони тоҷикистонӣ таъмирро меомӯзонад. Шуморае аз хоҳишмандони муроҷиаткарда вақте фаҳмидаанд, ки усто худи Фарзона аст, тамосро қатъ кардаанд.
То ҳол дӯстони тоҷикистониаш аз Фарзона хоҳиш мекунанд, ки бо “кори занона” машғул шавад. Аммо ба андешаи ӯ, касб мардона ё занона намешавад. Муваффақияти соҳибкасб дар истеъдод, майл ва муҳаббати беандоза ба шуғл аст.
“Такроран мегӯям, ки ман аз касби худ ифтихор мекунам. Агар ҳамватане завқ ба таъмиргарӣ дошта бошад, ҳар чизе ки худ медонам, омодаам ройгон омӯзиш диҳам”, – мегӯяд ӯ.
Дарвоқеъ, дар баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон рӯйхати касбҳои барои занон мамнӯъ ҳаст. Дар соли 2023 Тоҷикистон рӯйхати касбҳои мамнӯъ барои занонро аз 334 ба 194 шумора кам карда буд.
Ҳукумат корҳои барои занон манъшударо ба саломатии онҳо хатарнок медонад. Аммо Кумитаи СММ аз ҳукумати Тоҷикистон талаб дорад, ки ин рӯйхатро пурра бекор кунад. Ба андешаи коршиносони СММ ин рӯйхат нобаробарии ҷинсиро тақвият медиҳад. Аз ин рӯ, ин ниҳод хостааст, на ҷинсият, балки имконоти коргар ба назар гирифта шавад.




