Дар фармон гуфта мешавад, ки ин ҷоиза “бо мақсади арҷгузорӣ ба саҳми фарзанди бузурги миллати тоҷик Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тандурустӣ ва рушди илми тиб дар арсаи ҷаҳон” таъсис дода шудааст.
“Ба ҷоизаи мазкур шахсоне мушарраф мегарданд, ки дар рушди соҳаи тандурустии байналмиллалӣ ва илми тибби ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузоштаанд”, – навиштааст сомонаи раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки фонди ин ҷоиза ташкил карда шуда, ҳукумати Тоҷикистон низомномаи онро таҳия ва тасдиқ кунад.
Бояд гуфт, ки то ин лаҳза дар Тоҷикистон Ҷоизаи давлатии Абӯалӣ ибни Сино ба олимону донишмандон барои корҳои илмию таҳқиқотӣ ва техникии муҳим тақдим мешуд.







