Нархи семент дар Тоҷикистон якбора боло рафта, дар баъзе минтақаҳо як халтаи он (маъмулан 50 кг) аллакай, 90 сомонӣ нарх дорад ва фурӯшандагон аз болоравии минбаъдаи нарх дар пасманзари камбуди маҳсулот ва мушкил дар интиқол, ҳушдор медиҳанд.
Камбуди семент дар Душанбе: нарх боло меравад
Дар шаҳри Душанбе тайи ҳафтаи ахир камбуди семент, яке аз масолеҳи серталаби сохтмон дар кишвар, эҳсос мешавад. Дар бозорҳои масолеҳи сохтмони пойтахт харидани семент хеле мушкил аст: он дар нуқтаҳои фурӯши ҷудогона ва танҳо дар нимаи аввали рӯз пайдо мешавад.
Фурӯшандагон мегӯянд, ки ҳозир худашон болоравии минбаъдаро пешгӯӣ карда наметавонанд. Ба гуфтаи онҳо, дар назди анборҳои яклухтфурӯшӣ ва ширкатҳои миёнарав навбат зиёд буда, талаботи зиёд нархи онро боло мебарад.
Дар бузургтарин бозори масолеҳи сохтмони Душанбе – “Кӯшониён” рӯзи 20 май ба хабарнигори “Азия-Плюс” муяссар шуд, ки танҳо халтаҳои охири сементи нисбатан арзонро пайдо кунад, ки онро бо арзиши 75 сомонӣ мефурӯхтанд.
Савдогарон харидоронро огоҳ мекунанд, аллакай рӯзи дигар нарх метавонад боз баландтар шавад. Бисёре аз нуқтаҳои фурӯш ба сурати умум маҳсулот надоранд. Ба қавли онҳо дар интиқол ин маҳсулот ҳам мушкил пайдо шудааст.

Хатлон: ҳатто худи бинокорон семент надоранд
Тайи ҳафтаи ахир нархи 1 халта семент дар вилояти Хатлон ба андорзаи то 20 сомонӣ боло рафт.
Тавре ки ба “Азия-Плюс” якчанд савдогарон хабар доданд, интиқоли бор номунтазам буда, ҳоло маълум нест, ки вазъият кай ба эътидол меояд. Зимни суҳбати телефонӣ се фурӯшанда ба хабарнигори “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки семент қариб ба охир расида, миёнаравон овардани онро “имрӯзу пагоҳ” ваъда медиҳанд.
Яке аз фурӯшандагон зикр кард, ки ҳатто ширкатҳое, ки ба сохтмони хонаҳои баландошёна машғуланд, дар овардану таъминот бо семент мушкилӣ доранд.
“Мо худамон наметавонем, ки мустақиман аз корхонаҳо семент харем. Ба ин кор ширкатҳои миёнарав машғуланд. Агар худамон мустақилона равем, лозим меояд, ки якчанд рӯз навбати худро интизор шавӣ”, – мегӯяд ӯ.
Дар минтақа 6 корхонаи истеҳсоли семет фаъолият доранд: 3-то дар ноҳияи Ёвон, 2-то дар шаҳри Левакант ва 1-то дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.

Суғд: нархи сементи ватаниву воридотӣ баробар шуд
Дар бузургтарин бозори масолеҳи сохтмони шаҳри Хуҷанд фурӯшандагон тасдиқ мекунанд, ки арзиши масолеҳи сохтмон тайи моҳи ахир ба таври назаррас боло рафтааст. Гароншавӣ ҳам ба истеҳсолкунандагони маҳаллӣ ва ҳам корхонаҳои бузурги минтақа дахл дорад.
Имрӯз як халта сементи 50-килограммаи тамғаи 400-и истеҳсолкунандаи Конибодом бо нархи 70 сомонӣ, сементи “Хуаксин”-и тамғаи 400 аз наздикии Табошар – бо нархи 80 сомонӣ ва тамғаи 500 — бо 85 сомонӣ фурӯхта мешавад. Сементи Исфара тақрибан 67 сомонӣ арзиш дорад. Дар ҳоле ки ҳанӯз камтар аз як моҳ пеш ин навъҳои семент барои як халтаи 50-килограммӣ 48-50 сомонӣ нарх доштанд.
Ба гуфтаи фурӯшандагон, худи корхонаҳо аллакай маҳсулотро бо нархҳои нав ба фурӯш мебароранд.
Илова бар ин, ҳаҷми таъминот низ коҳиш ёфтааст. Агар пештар ба як нуқтаи савдо аз як мошини боркаш якбора ду ядак семент бор карда мешуд, ҳоло мағозаҳо танҳо як ядак мегиранд.
Қобили зикр аст, ки ҳоло байни сементи маҳаллӣ ва воридотӣ амалан фарқи ҷиддӣ вуҷуд надорад. Ба гуфтаи фурӯшандагон, сементе, ки аз Тошканд ворид мешавад, тақрибан бо ҳамон нарх фурӯхта мешавад.

Хоруғ: семент қариб як моҳ боз нест
Вазъ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боз ҳам душвор аст. Ронандагони мошинҳои боркаш, ки ба интиқоли масолеҳи сохтмон ба Хоруғ машғуланд, хабар медиҳанд, ки маҷбур мешаванд чанд рӯз назди анборҳои яклухти семент навбатпойӣ кунанд.
Ба гуфтаи сокинони Хоруғ, тақрибан як моҳ боз дар бозорҳои шаҳр семент нест. Ҳатто агар як миқдор ба минтақа ворид шаванд ҳам, онҳо аксаран то фурӯши чакана намерасанд, зеро мол мустақиман аз анборҳо ё бевосита аз мошинҳои боркаш тибқи мувофиқаҳои пешакӣ харидорӣ мешавад.
Сокинони маҳаллӣ зикр мекунанд, ки қаблан нархи як халта аллакай аз 70 сомонӣ зиёд буд ва дар ташвишанд, ки он метавонад боз қимматтар шавад.
Чаро норасоӣ ба вуҷуд омад?
Фурӯшандагону таҳвилгарон ва намояндагони соҳаи сохтмон якбора аз чанд сабаби норасоии семент ва болоравии нарх дар бозори дохилии Тоҷикистон ном мебаранд. Коҳиши муваққатии истеҳсолот бинобар корҳои таъмирӣ дар яке аз бузургтарин корхонаҳои сементи кишвар — Zhongtai Mohir Cement дар Ёвон, аз ҷумлаи сабабҳои асосӣ гуфта мешавад.
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон тасдиқ карданд, ки корхона воқеан барои иваз кардани таҷҳизот муваққатан фаъолияташро қатъ карда буд.
“Бо гузашти вақт дегҳои корхонаҳои семент фарсуда мешаванд. Дар корхона таҷҳизот иваз карда мешуд”, – хабар доданд онҳо.

Намояндаи Zhongtai Mohir Cement Сафархон Ҳомидов ба “«”Азия-Плюс”»” изҳор дошт, ки корхона 18 рӯз дар таъмир қарор дошт ва аллакай фаъолияти худро аз сар гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра корхона фурӯши сементро аз анборҳо идома медод.
“Дар давраи таъмир мо тақрибан 100 ҳазор тонна семент фурӯхтем. Танҳо дар 11 рӯзи аввали моҳи май 49 ҳазору 350 тонна маҳсулот ба фурӯш бароварда шуд”, — иброз дошт номбурда.
Ба гуфтаи Ҳомидов,иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 1,2 млн тонна сементро ташкил медиҳад, аммо ҳаҷми воқеии истеҳсолот ба 1,4 млн тонна мерасад. Ҳамчунин ҳар сол боз 400–500 ҳазор тонна маҳсулотро корхонаи ширкати мазкур дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ истеҳсол мекунад.
Ба гуфтаи намояндаи ширкат, корхона нархи фурӯшро боло набурдааст: як тонна семент 820–840 сомонӣ ё 41–42 сомонӣ барои як халтаи 50-килограммӣ арзиш дорад.
“Истеҳсолкунандагон ба боло бурдани нарх манфиатдор нестанд. Аммо ҳоло талабот хеле баланд аст, зеро дар саросари кишвар сохтмон босуръат ҷараён дорад, илова бар ин, семент ба Афғонистон содир мешавад”, — шарҳ дод ӯ.
Намояндаи Huaxin Gayur Cement низ хабар дод, ки корхона дар вилояти Хатлон пас аз анҷоми корҳои таъмирӣ дар моҳи март дар реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад.
“Дар як шабонарӯз мо то 3 ҳазор тонна семент истеҳсол мекунем. Барои минтақаи Бохтар нарх 1020 сомонӣ барои як тонна ё 51 сомонӣ барои як халта мебошад”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дар ширкат бар ин назаранд, ки норасоӣ бинобар ҳамзамон барои таъмир қатъ шудани фаъолияти якчанд корхона ва коҳиши муваққатии таъминот дар пасманзари талаботи баланд ба вуҷуд омадааст. Ҳамзамон ба корхона аз минтақаҳои гуногуни кишвар вобаста ба гароншавии семент зангҳои зиёд ворид мешаванд, ҳарчанд худи истеҳсолкунандагон нархҳоро боло набурдаанд.
Ғайр аз ин, дар бозор овозаҳо дар бораи ташкили захираҳои стратегии семент ва маҳдудиятҳои эҳтимолии ғайрирасмии ҳаҷми истеҳсол барои баъзе корхонаҳо паҳн мешаванд. Коршиносон бошанд, зикр мекунанд, ки ҳаҷми кунунии таъминот дигар барои пӯшонидани талаботи рӯзафзуни минтақаҳо кофӣ нест ва норасоии семент тадриҷан ба мушкили сатҳи кишвар табдил меёбад.







