Дар Тоҷикистон ҳарчӣ бештар аз захираҳои ғании маъданҳои ҳаётан муҳим — фулузот (металлҳо)-и нодир ва металҳои нодири заминӣ, ки соҳаи энерҷӣ ва навоварҳои оянда ба онҳо вобаста аст, ҳарф мезананд. Вале агар ба гузоришҳои байналмилалӣ назар андозем, манзара дигар аст: Тоҷикистон дар онҳо қариб, ки зикр намешавад. Сабаби чунин фарқият дар чист? Кӯшиш кардем ба ин ва дигар саволҳо посух дарёбем.
Фулузоти нодир ва нодири заминӣ як чиз нестанд
Дар Тоҷикистон бисёриҳо ин ду мафҳумро омехта мекунанд ва аксар вақт онҳоро ҳамчун муродиф истифода мебаранд. Дар асл, инҳо гурӯҳҳои гуногуни унсурҳои кимиёвӣ мебошанд, ки аз рӯи таркиб, хосият, пайдоиши ном ва соҳаҳои истифода фарқ мекунанд.
Фулузоти нодири заминӣ, 17 унсури мушаххасе мебошанд, ки дар табиат камёфт нестанд, вале истихроҷи онҳо душвор аст. Ин фулузот дар қишри замин ба миқдори кофӣ вомехӯранд, аммо дар ҳаҷми бузург дар як макон ҷамъ нашудаанд. Онҳо на дар шакли холис, балки дар шакли пайвастагиҳои мураккаб ҷойгир шудаанд.
Фулузоти нодир, аз ҷумла ниобий ва тантал, ба унсурҳое мансубанд, ки дар табиат каманд. Ин намуд васеътар буда, фулузотеро дар бар мегирад, ки истихроҷашон душвор аст ё ба миқдори кам вомехӯранд. Онҳо дар соҳаҳое, ба мисли саноати заргарӣ (ҷавоҳирот), энерҷӣ ва кимиё истифода мешаванд.
Яъне фарқи асосӣ ин аст, ки фулузоти нодири заминӣ гурӯҳи махсуси унсурҳое мебошанд, ки истихроҷашон душвор аст ва фулузоти нодир унсурҳое мебошанд, ки дар табиат каманд.

Бозори ҷаҳонӣ имрӯз пеш аз ҳама ба унсурҳои нодири заминӣ таваҷҷуҳ мекунад. Талабот ба чунин захираҳо меафзояд. Тавре ки аз таҳқиқоти байнулмилалӣ бармеояд, унсурҳои нодири заминӣ барои энерҷии “тоза”, электроника ва нақлиёти оянда калидӣ маҳсуб меёбанд.
Кишварҳоро на аз рӯи иқтидор ба сурати умум, балки аз лиҳози захираҳои мушаххаси тасдиқшуда муқоиса мекунанд.
Тоҷикистон чӣ дорад?
Мақомоти кишвар мегӯянд, ки кишвар дорои захираҳои 10 намуди маъданҳои ҳаётан муҳим мебошад, ки 6 навъи он аллакай истихроҷ мешаванд.
Ба ин намуди маъданҳо, дар баробари фулузоти нодири заминӣ ва нодир, инчунин минералҳои энергетикӣ (уран ва торий) ва чанд маъдани дигар мансуб аст.
Бино ба маълумоти расмӣ, дар кишвар чунин захираҳо мавҷуд аст:
— литий (фулузоти калидӣ барои аккумуляторҳо, нақлиёти барқӣ ва электроника);
— таркибҳои фулузоти нодири заминӣ (бо шумули тсерий, празеодим ва ғайр, ки барои электроника, магнитҳо ва энергетикаи барқароршаванда муҳим аст);
— ниобий ва тантал (фулузоти стратегӣ барои саноати ҳавонавардӣ, электронӣ ва тиббӣ);
— мис (маъданҳои мис дар таркиби бисёр конҳо мавҷуд буда, фулузоти ҳаётан муҳим барои энергетика ва зерсохтор маҳсуб меёбанд);
— никел (фулузоти муҳим барои аккумуляторҳо ва истеҳсоли оҳан маълумот мавҷуд аст);
— алюминий (Тоҷикистон истеҳсолкунандаи бузурги алюминий аст, ки ҳарчанд на ҳамеша ба сафи фулузоти “нодир” мансуб аст, вале барои нақлиёт ва саноат аз лиҳози стратегӣ муҳим аст).
— сурма, сурб, руҳ, нуқра ва тилло (захираҳои зиёд мавҷуданд).

Ғайр аз ин, дар Тоҷикистон таркибҳое чун титан, висмут, селен, теллур, қалъагӣ ва ғайра ошкор шудаанд, ки бисёр вақт ба қатори минералҳои ҳаётан муҳими кишварҳои алоҳида дохил мешаванд.
Коршиносони маҳаллӣ зикр мекунанд, ки барои ифтитоҳи конҳои нав дар қаламрави ҷумҳурӣ имконоти бузург мавҷуд аст.
Дар санадҳои давлатӣ ва байнплмилалӣ (аз ҷумла бо иштироки UNECE) зикр мешавад, ки захираҳои маъдании Тоҷикистон метавонанд “заминаи рушди саноат” шаванд.
Чаро ба ин таваҷҷуҳ намекунанд?
Тоҷикистон дар радабандиҳои ҷаҳонӣ дар бораи захираи таркибҳои нодири заминӣ зикр намешавад. Бино ба маълумоти Хадамоти геологии ИМА (USGS), захираҳои бузургтарин дар Чину Бразилия, Ҳиндустон, Австралия, Русия ва ИМА, Ветнаму Канада ва инчунин як қатор кишварҳои дигар тамаркуз ёфтаанд.
Дар арзёбиҳои ҷамъбастшудаи байналмилалӣ низ (аз манбаъҳои гуногун ҷамъоваришуда) чунин манзара ба назар мерасад:
— Захираҳои фулузоти нодири заминӣ дар кишварҳо барои соли 2026
— Таркибҳои нодири заминии ҷаҳон дар куҷо воқеъанд?
Тоҷикистон дар ин гузоришҳо ишора намешавад. Коршиносон шарҳ медиҳанд, ки мушкилот на дар мавҷудияти захираҳо, балки сари марҳилаи омӯзиши онҳост. Гап сари он аст, ки геологҳо ба чанд сатҳ фарқият мегузоранд:
— танҳо зуҳурот мавҷуд аст;
— қитъаҳои ояндадор мавҷуданд;
— захираҳо ҳастанд;
— захираҳои тасдиқшуда мавҷуданд.
Танҳо бахши охир ба омори байналмилалӣ шомил мешавад. Ҳамин тариқ, шояд Тоҷикистон дорои имконоти бузург бошад, вале дар сатҳи саноати ҷаҳонӣ ҳоло тасдиқ нашудааст.

Геологҳо якчанд сабабҳоро таъкид месозанд, ки дар робита ба онҳо дар бораи захираҳои Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳарф намезананд.
Аввал, бисёр маълумот доир ба Тоҷикистон ҳанӯз дар замони шӯравӣ гирифта шуда, таҳқиқоти муосир кофӣ нест. Дуюм, барои дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудан, баҳодиҳӣ бо низомҳои қатъӣ (JORC, NI 43-101) лозим аст. Бидуни ин рақамҳо, ба инобат гирифта намешаванд.
Имконот ҳаст, вале барои оянда
Мутахассисон ба як назар мувофиқанд: Тоҷикистон воқеан метавонад дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир бошад. Аммо як нозукии муҳим вуҷуд дорад. Имрӯз кишвар на ҳамчун соҳиби захираҳои исботшуда, балки ҳамчун ҳудуди дорои иқтидор қабул мешавад. Яъне дар харита ҳаст, вале барои истихроқ тасдиқ нашудааст.





