Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар ин рӯзҳо дар бештари минтақаҳои кишвар, ба истиснои шарқи ВМКБ, ҳавои номусоид пешбинӣ мешавад.
Аз ҷумла, ба гуфтаи манбаъ, рӯзҳои 18 ва 19-уми май, ба далели бориши борон, баландшавии сатҳи оби дарёҳои Зарафшон, Обихингоб, Вахш, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор аз эҳтимол дур нест.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сокинон тавсия додааст, ки дар чунин шароити номусоиди ҳаво эҳтиёткор бошанд ва аз сафарҳои безарурат ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
Қаблан, Оҷонсии ҳавошиноси гуфта буд, ки ҳавои моҳи май дар Тоҷикистон дар маҷмуъ, нисбатан гарм пешгӯӣ мешавад, вале боридани борону жола ва шамоли сахт, инчунин, тӯфони чангу ғубор низ пешгӯӣ мешавад.
Аз ҷумла, шаби 1-уми май дар шаҳри Кӯлоб сел омад, ки дар пайи он се нафар ҷони худро аз даст дода, се тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Чанд хона ва иншооти гуногун зарар дидаанд. Ҳоло хисороти обхезӣ дар шаҳри Кӯлоб маълум нест. Мақомот қаблан гуфтанд, дар пайи сел дар ин шаҳр 850 оила зарар дидааст.
Тафсилоти ин ҳодиса ва ҳаёти сокинони шаҳрро баъди обхезӣ дар гузориши “Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд? мутолиа кунед.





