“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Шаҳноз Ализода, Билоли Шамс, asia+

Шаби 1-уми май дар шаҳри Кӯлоб сел омад, ки дар пайи он се нафар ҷони худро аз даст дода, се тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Чандин хона ва иншооти гуногун зарар дида, сокинон дар хонаи пайвандону ҳамсояҳо паноҳ бурдаанд. Бархе низ талош доранд, зудтар хонаашонро аз обу лой тоза кунанд.

Хабарнигори “Азия-Плюс” рӯзи 5-уми май аз чанд маҳалле, ки дар пайи селу обхезӣ зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кард.

Мехост писари 2-солаашро наҷот диҳад

Дар пайи обхезии шаби якуми май Мирзо Мулониёзови 45-сола, сокини маҳаллаи Даминзода аз шиддати барқ ҷон бохт. Ду тани дигар – Абумуслим Давлатови 44-сола, сокини маҳаллаи Заринкуҳ ва Набиамон Фозилови 58-сола, сокини маҳаллаи Суғдиён, зери девор монда, ҷонашонро аз даст доданд.

Пайвандони Мирзо Мулониёзов мегӯянд, вақте сел омад, ӯ дар масҷид буд ва замоне ба хона расид, аллакай қисме аз девори гирди ҳавлии хонааш чаппа шуда буд.

Ёқубҷон Мулониёзов, писари марҳум гуфт, замони обхезӣ бо бародару модараш дар хона буданд ва падараш вақте аз масҷид баргашт, ба ёрии писари дунимсолааш шитофт.

Ба нақли ӯ, об то нисфи девори хона, ки дар он васлак (розетка) буд, баланд шуд ва падараш, ки дар дохили об буд, аз шиддати барқ ҷон бохт.

Манзили Мирзо Мулониёзов, акс аз "Азия-Плюс"
“Соати 20:30-и шаб буд. Аввал хонаи ҳамсояро сел зер кард, бо модарам ба ёрии онҳо рафтем. Кӯдакони ҳамсояро берун баровардем, ки дар ҳамин вақт девори гирди ҳавлии мо чаппа шуд ва сел ба хонаамон даромад. Ҳамон замон падарам аз масҷид омаданд ва барои берун овардани додарчаам зуд ба хона  даромаданд. Вақти берун баромадан аз хона, ки додарам дар дасташон буд, об то “розетка” расида буд ва бо баробари таъсири шиддати барқ, додарамро ба тарафи ман ҳаво доданд. Ба ману додарам чизе нашуд, вале падарам бо таъсири барқ ҷони худро аз даст доданд ”, – нақл кард писари марҳум.

Ориф Қосимов, сокини ин маҳалла ва дӯсти Мирзо Мулониёзов бо дард он рӯзи наҳсро ба хотир оварда, гуфт, сел аз доманакӯҳ бо лой поён омада, хонаву заминҳои мардумро фаро гирифт. Ӯ мегӯяд, марҳум ҳамчун устои мошин кор мекард ва соҳиби зану чор фарзанд буд. Писари калонии Мирзо Мулониёзов баъди марги падараш аз Русия баргаштааст.

“Баъде, ки барқро хомӯш карданд, чор ҳамсояаш аз болои девор парида, Мирзоро ба банд баста, аз об берун оварданд, ки аллакай ҷон дода буд. Мирзо устои мошин буд, бисёр инсони хуб буд. Ҳоло хешовандонаш хонаашро аз лой ва об тоза мекунанд”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

“Дору надорам зери обу лой монд”

Дилшод Наскаков, сокини маҳаллаи Корвонгузар талош дорад, таҳхонаи манзилашро аз об тоза кунад. Ӯ мегӯяд, чор рӯз аст, ки бо сатил обро берун мекашанд, вале ҳанӯз таҳхонаро пурра аз об тоза накардаанд.

“Тахминан соати 20-и шаб буд, ки сел омад, фавран кӯдаконро ба хонаи ҳамсоя бурдам. Хонаву таҳхонаро обу лой зер кард, ҳамаи ҷиҳози хона зери лой монд, таҷҳизоти барқӣ пурра аз кор баромад. Бо фарзандонамон дар хонаи бародару хоҳарам зиндагӣ дорем”, – иброз дошт ӯ.

Ба қавли ӯ, дар ин манзил 8 аъзои ду оила зиндагӣ мекарданд.

Дилшод мегӯяд, бо гузашти чанд рӯз аз обхезӣ, то ҳол хонаро пурра аз об тоза накардааст.

“Агар зудтар аз об тоза накунем, девори хона нам мекашад ва ҳатто чаппа шуданаш мумкин аст. Бе истифодаи насоси обкашӣ ин кор ғайриимкон аст”, – идома дод ӯ.

Ӯ мегӯяд, дар пайи обхезии соли 2021, ки чанд маҳаллаи шаҳри Кӯлоб зарар диданд, аз мақомот ягон кумаке дарёфт накарданд. Ҳарчанд мақомот номашонро ин навбат низ ба рӯйхат гирифтаанд, вале нигарон аст, ки ин бор низ чун қабл касе ба додашон намерасад. 

Чанд ҳамсояи ӯ низ ҳамин вазъро дошта, талош доранд, хонаро зудтар аз обу лой тоза кунанд, то деворҳояш беш аз ин нам накашанд.

“Аз тақдири ояндаамон нигаронем”

Хонаи Умеда Алимова, сокини маҳаллаи Қурбон Зардаки шаҳри Кӯлоб низ дар пайи обхезӣ зарар дид ва ӯ ҳоло дар хонаи ҳамсояҳо зиндагӣ дорад.

“Писарам бо телефон гап зада истода буд, ки дарвоза боз шуду сел ба ҳавлӣ ва баъд ба хона даромад. Келинам 8-моҳа ҳомила аст. Чанд либос гирифтему аз дарвоза баромада натавонистем, зеро алакай об баланд шуда буд. Болои “сементблок”, ки дар баландӣ буд, баромада истодем. Дар таги борони сахт, келинам аҳволаш бад шуд. Дар чанд дақиқа аллакай хона пури об шуд. Ду мард моро наҷот доданд. Ҳамсояҳо сарпаноҳ ва либос доданд, шабро он ҷо рӯз кардем”, – нақл кард ин зан.

Манзили Умеда Алимова, Акс аз "Азия-Плюс"

Ӯ низ аз обхезии соли 2021 дар шаҳри Кӯлоб ёдовар шуда, мегӯяд, бо меҳнат дубора хонаро таъмир карданд, ки боз зери обу лой монд. Ҳоло аз тақдири минбаъдаи хонаводааш нигарон аст ва мегӯяд, масъулин онҳоро ба рӯйхат гирифтаанд, вале то кунун ҳеҷ кумаке дарёфт накардааст.

“Худам дар хонаи ҳамсоя зиндагӣ дорам. Келинамро беморхона бурдем. Хешу табор худашон ҷойи зист надоранд, ки ба он ҷо паноҳ барем. Хона зери обу лой монд, ҳамаи таҷзиҳот, яхдону мошини ҷомашӯӣ, тафдону “плита” аз кор баромад. Орду равғану чӣ маҳлусоти хӯрокае, ки захира карда будем, сел бурд” – идома дод Умеда.

“Ду кӯдакам варам карданд”

Амирҷон Давлатшои 26-сола, сокини маҳаллаи Роҳи оҳан низ ҳангоми обхезӣ бо ҳамсару ду фарзанди хурдсолаш ба хонаи ҳамсоя, ки дар баландӣ ҷойгир аст, паноҳ бурдаанд. Хонаи ин оила низ дар пайи обхезӣ қисман зарар дидааст ва ҳоло ҷойи зист надоранд.

“Одамон аз тиреза баромаданд. Он шаб зану фарзадонамро хонаи хешу табор бурдам, падару модарам хонаи дигар пайвандон рафтанд”, – нақл кард ӯ.

“Субҳи барвақт омадем, ки хонаро обу лой зер кардааст, ҳамаи ҷиҳози хона дар зери лой монд, 30 харгӯш доштем, ҳамаро сел бурд. Лойро баровардем, аммо метарсӣ, ки дохили хона шавӣ. Дар пайи ин офат ду кӯдакам варам карда, дар рӯю баданашон ҳар чиз баромад. Ҳоло ҷойи зист надорем, ин ҷо зиндагӣ кардан намешавад”, – идома дод Амирҷон.

Ӯ мегӯяд, маъюби гуруҳи 2-юм аст ва намедонад чӣ тавр хонаашро таъмир кунад ва ба кумаки мақомот умедвор аст. 

Мақомот чӣ мегӯянд?

Ҳотамшоҳ Латифзода, муовини аввали раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ, гуфт, ки то рӯзи 5-уми май 328 манзили зисти сокинонро муайян кардаанд, ки аз обхезӣ зарар дидааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло санҷиши мақомот дар маҳаллаҳои осебдида идома дорад ва шумори чунин хонаҳо меафзояд.  

“Аз 328 манзили зарардида, 1 хона пурра, 3 хона қисман зарар дида ва ба 178 манзили сокинон лой даромадааст. Инчунин хоҷагиҳо, иншооти ёрирасон, заминҳои кишти сокинон зарар дидаанд”, – гуфт номбурда.

Ба гуфтаи Латифзода, ҳоло 6 гуруҳ ҷиҳати муайян кардани зарари расида ба сокинону иқтисоди шаҳри Кӯлоб таъсис ёфта, корҳо дар ин самт идома дорад.

“Ҳоло тақсими кумакҳое, ки аз сӯйи президенти кишвар ба сокинони аз обхезӣ зарардида расид, идома дорад. Ба ҳамаи зарардидаҳо кумаки якдафъинаи маводи ғизоӣ расонида мешавад. Инчунин қолин, кӯрпа, маводи рӯзгор ва дигар лавозимот низ дастрас карда шуд”, – гуфт ӯ.

Тибқи иттилои Латифзода, хонаҳое, ки дар пайи обхезӣ зарар диданд, дар маҳаллаҳои Роҳи оҳан, Хати роҳ, Даминзода, Раҳимзода, Қурбон Асадулло, Нуробод, Корвонгузар, Нонбойи поён ва Заринкуҳи шаҳри Кӯлоб ҷойгир буда, чанд ҷамоатҳо низ зарар дидаанд.

Ҳоло хисороти обхезӣ дар Кӯлоб маълум нест. Мақомот қаблан гуфтанд, дар пайи сел дар ин шаҳр 850 оила зарар дидааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.