Эмомалӣ Раҳмон ба зарардидаҳои селу обхезӣ дар Кӯлоб кумак фиристодааст

Ин ёриҳо аз чӣ иборат аст, дар ин хабари мо хонед

asia+

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 4-уми май ба осебдидаҳои селу обхезӣ дар шаҳри Кӯлоб кумаки миддӣ равон кардааст.

Тибқи иттилои Хадамоти мтабуоти раиси вилояти Хатлон, ин ёрӣ аз ҷумла, 230 тонна орд, 10 тонна шакар, 10 тонна макарон, 6,5 тонна биринҷ ва 6500 литр равғани растаниро дарбар мегирад. Ҳамчунин, ба гуфтаи манбаъ, “барои фароҳам овардани шароити муваққатии зист 3 ошхонаи саҳроӣ, даҳҳо кат ва лавозимоти хоб, 350 хайма, 900 қолин, инчунин, беш аз 1000 маҷмуи либос ва пойафзоли кӯдакона” ба осебдидадагони офати табиӣ ирсол шудааст.

Акс аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
 “Илова бар ин, ҷиҳати барқарорсозии инфрасохтор ва беҳтар кардани шароити зиндагии сокинон дастгоҳҳои таъминкунандаи об, садҳо метри мукааб тахта ва 60 тонна сӯзишвории дизелӣ интиқол дода шуд. Ҳамчунин, ба оилаҳои зарардида асбобу анҷоми рӯзгор ва масолеҳи сохтмонӣ барои барқарор кардани манзилҳои зисташон расонида шуданд”, – навиштааст манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки дар пайи боришоти шоми 1-уми май дар шаҳри Кӯлоб, обхезӣ рух дод, ки  дар натиҷа се кас ҷони худро аз даст дода, се тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Мақомот гуфтанд, дар сели Кӯлоб 850 оила зарар дидааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...