Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

Ҳукумати Тоҷикистон Нақшаи амали рақамисозии бойгониҳои мақомоти давлатӣ барои солҳои 2026-2030-ро тасдиқ кардааст. Қарори марбута дар ин бораро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 26-уми апрели соли 2026 ба имзо расонид.

Дар қарор зикр мешавад, ки ҳадафи асосии он, ба шакли электронӣ гузаронидани бойгониҳои мақомоти давлатӣ ва ба низоми хидматрасониҳои давлатӣ пайваст кардани маълумоти рақамии бойгониҳо мебошад.

Дар назар аст, ки то 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд ба тарзи электронӣ гузаронида шаванд. Барои татбиқи қарор 136,8 млн сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Барои ин, мақомот таъсиси комиссияи давлатии рақамисозии бойгониҳо, тасдиқи меъёрҳои рақамисозии ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, таҳияи талабот ба нусхаҳои рақамӣ ва маълумот (додаҳо), инчунин, ҷорисозии ягонаи барномавиро барои низоми бойгонии рақамӣ дар нақша доранд. Соли равон барӯйхатгирии бойгониҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллӣ, таҳияи шиносномаҳои фондҳои бойгонӣ ва Рӯйхати ягонаи бойгониҳои рақамӣ, ки зимни хидматрасонии давлатӣ истифода мебаранд, пешбинӣ шудааст.

Бойгонии давлатӣ. Акс аз asia+

Дар соли 2027 маълумоти рақамии бойгонӣ бояд ба портали ягонаи хадамоти давлатӣ – khizmat.ehukumat.tj пайваст шаванд. Ҳамчунин ҷорисозии низоми ҳатмии бақайдгирии худкори ҳамаи амалҳои корбарон зимни кор бо бойгониҳои рақамӣ дар назар аст.

Ғайр аз ин, рақамисозии бойгониҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, омӯзиши кормандони бойгониҳо бо технологияҳои рақамӣ ва арзёбии мунтазами дастрасӣ ба маълумоти бойгонии рақамӣ ба нақша гирифта шудааст.

Назорати нақшаамали қарор ба дӯши Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои рақамии Тоҷикистон вогузор шудааст. Вазорату идораҳо, ва ҳукуматҳои маҳаллӣ масъул шудаанд, ки нақшаҳои дохилиидоравии корҳоро барои ҳар сол таҳия ва тасдиқ карда, дар бораи иҷрои он ҳамасола то 15-уми январ ба оҷонсӣ маълумот пешниҳод кунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Амрико эълон кард, ки Исроилу Лубнон бар сари иҷрои оташбас ба созиш расидаанд

Ин дар ҳолест, ки дар ду рӯзи гузашта ҳамлаҳои маргбори Исроил ба Лубнон ва партоби мушаку паҳподи “Ҳизбуллоҳ” ба Исроил идома дошт.

Тоҷикистон дар чаҳор моҳ дар ҳаҷми қариб $10 млн кумаки башардӯстона гирифтааст

Бештар ИМА, Чин ва Корея ба Тоҷикистон ёрии башардустона фиристодаанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 7

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Русия содироти маводи сӯхти ҳавопаймоҳоро манъ кард. Ин ба Тоҷикистон чӣ гуна таъсир мерасонад?

Ҳукумат аллакай, барои хариди ин навъи сӯзишворӣ ҷойгузин меҷӯяд, ки ин пеш аз ҳама Эрон аст.

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.