Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Алексей Корчагин, махсус барои asia+

Пойгоҳи Transfermarkt арзиши гузариши бозингарони Лигаи бартари футболи Русияро навсозӣ кард. Тибқи арзёбии ҷадид, нархи гузариши Рустам Ятимов, дарвозабони дастаи футболи Тоҷикистон ва бошгоҳи “Ростов” 200 ҳазор евро гарон ва 2 млн евро шудааст. Ин гаронтарин нархи гузариш на танҳо барои Ятимов, балки беҳтарин нишондиҳанда миёни ҳамаи футболбозони кунунии дастаи Тоҷикистон аст.

Мавсими гузашта барои Рустам Ятимов дар Лигаи бартари футболи Русия яксон нагузашт. Ӯ борҳо “Ростов”-ро наҷот дод, аммо дар охири ба баъзе иштибоҳот низ роҳ дод.

Бо вуҷуди ин, саҳми дарвозабони тоҷик дар муваффақияти даста назаррас буд. “Ростов” дар Лигаи бартари футболи Русия боқӣ монд, Ятимов бошад, яке аз дарвозабонҳои устувори қаҳрамонии Русия эътироф шуд.

Коршиносони Transfermarkt пешрафти бозигарро бо боло рафтани арзишаш аз 1,8 то 2 миллион евро арзёбӣ карданд. Имрӯз Ятимов гаронтарин футболбози тоҷик дар ҷаҳон ва нахустин намояндаи кишвар аст, ки нархаш аз марзи 2 млн евро гузаштааст.

Ятимов мавсими навбатиро дар Премйер-лигаи Русия дар ҳайати тими "Ростов" гузаронид. Акс аз ДФ "Ростов"

Барои худи Рустам ин як қадами навбатӣ ба боло пас аз гузаштан аз «Истиқлол» ба «Ростов» дар тобистони соли 2024 маҳсуб меёбад. Қарордоди дарвозабон бо бошгоҳи Русия то июни соли 2029 амал мекунад, ки ин ҳам ба нархи ӯ дар бозор таъсири мусбат мерасонад.

Пас аз навсозии арзиш Ятимов аз дигар бозигарони тими миллӣ боз ҳам зиёдтар пеш гузашт. Дар ҷойи дуюм аз рӯи арзиш ду нимҳимоятгар қарор доранд — Парвиз Умарбоев аз «Локомотив»-и Булғористон ва Эҳсони Панҷшанбе, ки дар «Теренгану»-и Малайзия бозӣ мекунад. Ҳар ду 600 ҳазор евро арзёбӣ мешаванд.

Дар идома боз як дарвозабон— Олег Баклов аз «Туран Товуз»-и Озарбойҷон қарор дорад, ки арзишаш 500 ҳазор евро мебошад. Капитани «Истиқлол» Амирбек Ҷӯрабоев ва ҳимоятгари «Суғдиён»-и Ӯзбекистон Зоир Ҷӯрабоев ҳар кадом 450 ҳазор евро арзиш доранд.

Ба қатори гаронтарин бозигарони тими миллӣ ҳамчунин ҳамлагари «Теренгану» Шервони Мабатшоев (350 ҳазор евро), ҳимоятгари «Истиқлол» Манучеҳр Сафаров (300 ҳазор евро), ҳамлагари бошгоҳи ироқии «Ал-Карма» Шаҳром Самиев (300 ҳазор евро) ва ҳимоятгари «Истиқлол» Содиқҷон Қурбонов (300 ҳазор евро) низ шомиланд.

Қисмати болоии радабандиро ҳимоятгар Табрез Исломов (250 ҳазор евро), ҳамлагари “ПСМ”-и Индонезия Шериддин Бобоев (250 ҳазор евро) ва ҳамлаггари «Истиқлол» Муҳаммадҷон Раҳимов (225 ҳазор евро) ҷамъбаст мекунанд.

Зинаи 6-ум байни беҳтарин дарозабонҳои Осиё

Арзиши нав ба Рустам Ятимов имкон дод, ки ба қатори нухбагон (элита)-и дарвозабонҳои Осиё ворид шавад. Дар радабандии гаронтарин дарвозабонҳои Осиё футболбози тоҷик дар қатори чанд бозигари маъруфи қора акнун ҷойи шашумро касб мекунад.

Пешсаф ҷопонӣ Дзион Судзуки аз «Парма»-и Италия боқӣ мемонад, ки арзишаш ба 20 млн евро расидааст. Дар ҷойи дуюм боз як намояндаи Ҷопон — Лео Кокубо аз «Сент-Трюйден»-и Белгия (5 млн) қарор гирифтааст. Дар мақоми сеюм Йоҳей Такаока аз «Ванкувер Уайткэпс»-и Канада (3,5 млн евро) зикр шудааст.

Рустам Ятимов ва нишондиҳандаҳои омории ӯ

Зинаи чорумро дарвозабони тими миллии Индонезия Эмил Аудеро аз «Кремонезе» (2,8 млн евро) ва зинаи панҷумро – ҷопонӣ Тайси Брэндон Нодзава аз «Антверпен»-и Белгия (2,5 млн евро) касб кардаанд.

Баъдан гурӯҳи дарвозабонҳо бо арзиши 2 млнн евро зикр шудаанд, ки ба он Рустам Ятимов, ҷопонӣ Кэйсукэ Осака аз «Санфречче Хиросима», индонезиягӣ Маартен Паес аз «Аякс»-и Амстердам ва дарвозабони маъруфи Австралия Мэтю Райан, ки дар «Леванте»-и Испания бозӣ мекунад, шомиланд.

Ба ин тариқ, Ятимов дар қатори беҳтарин дарвозабонҳои Осиё қарор дорад ва болотар аз даҳҳо дарвозабон аз Арабистони Саудӣ, Қатар, Эрон, Кореяи Ҷанубӣ ва дигар кишварҳои пешсафи футболи қора ҷойгир шудааст.

Дар арзиши Transfermarkt чиҳо ба инобат гирифта мешаванд?

Донистан муҳим аст, ки арзиши бозории Transfermarkt пешгӯии мустақими маблағи эҳтимолии гузариш (трансфер) нест. Он арзиши тахминии футболбозро дар бозори озод бо назардошти омилҳои зиёд инъикос мекунад.

Зимни арзёбӣ синнусоли бозигар, сатҳи мусобиқоти қаҳрамонӣ, омори ҳунарнамоӣ, мавқеъ дар даста ва тими миллӣ, муҳлати қарордод, дурнамои рушди минбаъда ва таваҷҷуҳи дастаҳои дигар ба инобат гирифта мешаванд. Назари коршиносони Transfermarkt низ нақши зиёд дорад. Онҳо дар баррасӣ ва ислоҳи арзёбиҳо иштирок мекунанд.

Дар мавриди Ятимов болоравии арзиш якбора бо чанд омил шарҳ дода мешавад: ҳунарнамоӣ дар Премйер-лигаи Русия, мақоми дарвозабони асосии тими миллӣ, синнусоле, ки барои дарвозабон беҳтарин ҳисоб мешавад, инчунин қарордоди дарозмуҳлат бо «Ростов».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хидматрасонии маишӣ ва коммуналӣ аст.