Пас аз гузориши “Азия-плюс” дар бораи духтарчаи дуюнимсолае аз ноҳияи Деваштич, ки шоҳномахонӣ мекунад, Раёсати маорифи вилояти Суғд ӯро қадрдонӣ кардааст.
Гузориши мо дар мавриди Ҳанифа Саъдуллозодаи хурдсол, ки даҳҳо мисраи “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсиро азёд медонад, ба муносибати Рӯзи бузургдошти ин шоири барҷастаи тоҷик чанде пеш нашр шуд ва мавриди истиқболи зиёди бинандагон қарор гирифт.
Гулсара Мирзозода, сардори Раёсати маорифи Суғд ба “Азия-Плюс” гуфт, ки рӯзи 2-юми июн барои ҳавасмандгардонии ин кӯдак ба ноҳияи Деваштич рафтааст.
“Аз рӯзе, ки гузориши “ Азия-плюс” нашр шуд, нақша доштам ба хонаи Ҳанифаҷони хурдсол равам ё ӯро ба шаҳри Хуҷанд даъват карда, шод гардонам”.
Мирзозода истеъдодҳое ба мисли Ҳанифа Саъдуллозодаро дастоварде барои соҳаи маориф донист.
Маҳина Юнусова, модари Ҳанифа дар суҳбати телефонӣ ба хабарнигори мо гуфт, ки аз омадани кормандони соҳаи маориф ба дидори духтараш шод шудааст. Ӯ афзуд, ки дар Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон ҳам духтараш ба маркази ноҳияи Деваштич ба чорабиние даъват шуда буд ва ӯ он ҷо шоҳномахонӣ кардааст.
“Ман аз “Азия-плюс” миннатдорам барои таваҷҷуҳаш ба фарзанди ман. Баъди нашри навор аз хешу табор то рӯзноманигорни вилояту ҷумҳурӣ тамос гирифта, аз Ҳанифаҷон пурсон шуданд. Сардори маорифи вилоят бо туҳфаҳо омада, духтарчаи маро қадршиносӣ кард”, – илова кард Юнусова.
Гузориши мо дар мавриди ин духтари шоҳномахонро ин ҷо бинед: Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?








