Шодиву нишот, мусиқӣ, рақс, бозӣ, тӯҳфа ва табассуми зебо – дар боғи ботаникии пойтахт – “Боғи Ирам” ҷашнвораи анъанавии “Салом, тобистон!” аз ҷониби Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ва “Оби Зулол” баргузор шуд.
Ин бор ҳам шарики расмии ҷашнвора ширкати “Линдавит” буд.
Барои меҳмонон шароит ва имконияти хуб барои вақтхушӣ фароҳам оварда шуд: бозиҳои варзишӣ, дарсҳои маҳорат (мастер-классҳо) дар бораи робототехника, майдончаҳои эҷодӣ, озмунҳо ва ҳунарнамоии сарояндагон. Гӯшаҳои наққошӣ дар рӯй (фейс-арт) ва моделсозӣ, ки дар он ҷо кӯдакон метавонистанд тахайюлоти худро ба намоиш гузоранд ва бо технологияҳои муосир шинос шаванд, таваҷҷӯҳи бештарро ба худ ҷалб карданд.
“Салом, тобистон!” боз кадом барномаҳоро барои меҳмонон пешкаш кард ва чаро ин ҷашнвора солҳои зиёд яке аз рӯйдодҳои мавриди интизори сокинон боқӣ мемонад? Дар гузориши мо бубинед.








