Рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд: камарбанди WBC Eurasia ҳоло ҳам соҳиб надорад

Яке аз қувваозмоиҳои деринтизор дар минтақа, ки бояд дар Тошканд баргузор мешуд, ногаҳон доир нагардид.

Алексей Корчагин, махсус барои asia+

Муштзани тоҷик Асрор Воҳидов (13-1) муқобили қаҳрамони дукаратаи олимпӣ аз Куба Робейс Рамирес ба толор намебарояд: рақобат барои дарёфти камарбанди WBC Eurasia расман бекор шуд.

Тавре ки маълум шуд, пеш аз рақобат ҳарду муштзан аз расмиёти ҳатмии санҷиши допинг гузаштанд. Аз рӯйи натиҷаҳои санҷиш нақзи қоидаҳо ошкор шуда, дар ҷисми варзишгари Куба мавҷудияти маводи манъшуда ошкор шуд.

Пас аз ин раҳбарияти дивизиони WBC Eurasia тасмим гирифт, ки рақобатро бекор кунад. Ба ин тариқ, қувваозмоӣ барои дарёфти камарбанд доир нагардида, он ҳоло ҳам бесоҳиб аст.

Оянда чӣ мешавад?

 Бо вуҷуди бекор шудани рақобат, вазъ дар ниҳоят ба нафъи муштзани тоҷик анҷом ёфт. Бо қарори дастандаркорон Асрор Воҳидов мавқеи худро дар раддабандӣ ҳифз мекунад ва ҳатто беҳтар менамояд.

Илова бар ин, аллакай маълум аст, ки баъди моҳ ӯ имкон пайдо мекунад, ки барои дарёфти камарбанди WBC Eurasia мубориза барад. Ин маънои онро дорад, ки роҳи мубориза барои дарёфти камарбанд ба муштзани тоҷик боз аст.

Асрор Воҳидов (дар марказ) бо дастааш. Акс аз WBC Eurasia

Ёдрас мекунем, ки рақобати Воҳидов – Рамирес дар аввал ба сифатаи рақобати асосӣ дар доираи мусобиқаи RAIZD Boxing дар Тошканд баррасӣ мешуд. Барои муштазани тоҷик ин як имконе маҳсуб меёфт барои муарриффи худ дар арсаи байнулмилалӣ, зеро рақибаш муштзани маъруфи миқёси ҷаҳонӣ ва дорои унвонҳои олимпӣ ва камарбанди WBO дар гузашта буд.

Аммо сенария тағйир ёфта, лекин ҷолибият боқӣ монд. Гузашта аз ин, ба маъное вазъ ҳатто мусоидтар шуд: Воҳидов аз ҳарифи ниҳоят душвор канор монда, барои омодагӣ ба муҳорибаи нави дарёфти унвон вақти иловагӣ ба даст овард.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хидматрасонии маишӣ ва коммуналӣ аст.

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.