Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст, зеро ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар аз нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Дар ин бора Шариф Маҳмадзода, муовини вазири энерҷӣ ва захираҳои оби ҷумҳурӣ дар Ҳамоиши энергетикии Боку зикр кардааст.
Ӯ рӯзи 1-уми июн дар ҳамоиши “Ҳамкории байналмилалӣ ба хотири ояндаи энергетикии устувор ва гуногунсамт” ҳамчунин, гуфтааст, ки барои Тоҷикистон гузариши энергетикӣ на танҳо як қисмати ҷаҳонии рӯзнома аст, балки шарти стратегии рушди миллӣ, амнияти энергетикӣ, рушди саноат ва беҳбуди сифати ҳаёти аҳолӣ мебошад.

Дар ҳамин ҳол, имконоти нерӯи барқи обии Тоҷикистон тақрибан 527 млрд кВт/соат дар як сол арзёбӣ мешавад, ки аз ин ҳаҷм ҳиссаи ночиз – ҳудуди 4%-аш аз худ шудааст.
Муовини вазир инчунин зикр кард, ки тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, тағйирёбии мавсимии маҷрои об ва талаботи рӯзафзун ба нерӯи барқ гуногунсамт сохтани тавозуни энергетикӣ, таъмиру навсозии зерсохтор ва ҷорисозии бештар васеи технологияҳои офтобӣ, бодӣ ва дигар манбаъҳои барқароршавандаро талаб мекунанд.
Дар кори ҳамоиш аҳамияти ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи электроэнергетика алоҳида таъкид шуд.
Дар Вазорати энергетика зикр карданд, ки пайваст шудани Тоҷикистон ба Низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва татбиқи лоиҳаи CASA-1000 аз омилҳои муҳими рушди бозори минтақавии нерӯи тоза ва таҳкими робитаи мутақобилаи энергетикии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ маҳсуб меёбанд.







