Амрико эълон кард, ки Исроилу Лубнон бар сари иҷрои оташбас ба созиш расидаанд

Ин дар ҳолест, ки дар ду рӯзи гузашта ҳамлаҳои маргбори Исроил ба Лубнон ва партоби мушаку паҳподи “Ҳизбуллоҳ” ба Исроил идома дошт.

Ин тавофуқ пас аз ду рӯзи музокира дар нишасти сеҷонибае бо ширкати намояндаҳои Исроил, Лубнон ва Амрико дар Вашингтон ба даст омадааст.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, ки иҷрои ин созиш ба чанд шарт, аз ҷумла, “ба қатъи пурра”-и ҳамлаҳои “Ҳизбуллоҳ” ба Исроил ва “хуруҷи комил”-и нерӯҳои ин гурӯҳ аз минтақае, ки таҳти назорати Исроил дар ҷануби Лубнон қарор дорад, вобаста аст. Минтақае байни дарёи Литонӣ ва марзи Исроил, ки дар баёнияи Вазорати хориҷаи Амрико аз он ҳамчун “бахши ҷанубии Литонӣ” ёд шудааст.

“Ҳамаи ҷонибҳо бори дигар таъкид карданд, ки ояндаи муносибатҳои байни Исроил ва Лубнон бояд аз ҷониби ду давлати мустақил ва соҳибихтиёр муайян карда шавад. Онҳо ҳама гуна кӯшиши давлатҳо ё бозигарони ғайридавлатӣ барои гаравгон гирифтани ояндаи Лубнонро рад карданд”, – гуфта мешавад дар хабари расмӣ.

Созиши иҷрои оташбас миёни Исроил ва Лубнон пас аз оташбаси маҳдудтаре, ки рӯзи душанбе эълон шуда буд, ба даст омадааст. Лубнон гуфта буд, ки мувофиқи ин тавофуқ Исроил дар ивази қатъи ҳамлаҳои “Ҳизбуллоҳ” ба қаламраваш аз ҳамла ба Байрут худдорӣ мекунад.

Вазорати умумри хориҷаи Амрико, ҳамчунин, итилоъ додааст, ки намояндагони Исроил ва Лубнон бояд рӯзи 22-юми июн бори дигар мулоқот кунанд, то “бо мақсади ба даст овардани як созишномаи ҳамаҷониба” музокироти бештаре анҷом диҳанд.

“Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ҳанӯз расман дар бораи тавофуқи кишвараш бо Исроил изҳори назар накардааст.

Ёдрас мешавем, ки “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон пас аз кушта шудани Алии Хоманаӣ, раҳбари пешини Эрон аз сӯйи Амрико, рӯзи 2-юми март дар ҳамбастагӣ бо Теҳрон ба даргириҳо дар Ховари Миёна пайваст ва ба Исроил ҳамла кард. Пас аз ин, Исроил вориди хоки Лубнон шуд ва он ҷо ҳамлаҳои ҳавоиву заминиро роҳандозӣ кард, ки боиси куштани шудани беш аз 2 ҳазор нафар ва овора гардидани беш аз 1 миллион тани дигар шуд.

“Ҳизбуллоҳ” гуфт, дар даргириҳо бо Исроил беш аз 20 сарбози ин кишварро куштааст.

Ин ҳама танишу ҷанг ва муҳосираву талоши бозкушоии тангаи Ҳурмуз кай ва чаро оғоз шуд ва вазъи кунунӣ дар Ховари Миёна чист, дар ин пайванд хонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар чаҳор моҳ дар ҳаҷми қариб $10 млн кумаки башардӯстона гирифтааст

Бештар ИМА, Чин ва Корея ба Тоҷикистон ёрии башардустона фиристодаанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 7

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Русия содироти маводи сӯхти ҳавопаймоҳоро манъ кард. Ин ба Тоҷикистон чӣ гуна таъсир мерасонад?

Ҳукумат аллакай, барои хариди ин навъи сӯзишворӣ ҷойгузин меҷӯяд, ки ин пеш аз ҳама Эрон аст.

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.