Русия содироти маводи сӯхти ҳавопаймоҳоро манъ кард. Ин ба Тоҷикистон чӣ гуна таъсир мерасонад?

Ҳукумат аллакай, барои хариди ин навъи сӯзишворӣ ҷойгузин меҷӯяд, ки ин пеш аз ҳама Эрон аст.

Русия содироти маводи сӯхт барои ҳавопаймоҳо (керосини авиатсионӣ)-ро то 30-юми ноябри соли 2026 манъ кард. Вазорати энерҷӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон гуфт, дар кишвар ҳудуди 60 ҳазор тонна чунин маводи сӯхт захира буда, ин ҳаҷм бояд то анҷоми амали манъи муваққатии Русия кифоягӣ кунад”.

Дар пасманзари вазъи бамиёномада, Душанбе дар баробари омодагиҳо барои гуфтушунид бо Маскав дар мавриди таҳвили маводи сӯзишворӣ, ҳамчунин, ҷойгузин, аз ҷумла ҳамкорӣ бо Эрон дар ин масъала баррасӣ мекунад.

Манъи содирот ба бозори Тоҷикистон чӣ гуна таъсир мерасонад?

Қарори манъи содироти маводи сӯхти ҳавопаймо аз 1 -уми июн мавриди амал қарор гирифт. Русия мегӯяд, ин тадбир “барои таъмини вазъи босубот дар бозори дохилии маводи сӯзишворӣ” рӯйи даст гирифта шудааст. Маҳдудият ба сӯзишворӣ барои муҳаррикҳои реактивӣ, аз ҷумла сӯзишворие, ки аз биржа харида шудааст, дахл дорад.

Як бахши маводи сӯхт истисно аст: сӯзишвории  захирашудаи ҳавопаймоҳо дар вақти ҳаракат, миқдори маводи сӯхти ҳавопаймоҳо, ки дар доираи расмиёти гумрукӣ то мавриди амал қарор гирифтани қарор ҷойгир карда шудааст, инчунин таҳвил дар доираи созишномаҳои байниҳукуматӣ.

Русия бори аввал содироти маводи сӯхти ҳавопаймоҳоро манъ мекунад. Қаблан, дар соли 2023 кишвар барои ба субот овардани бозори дохилӣ, аллакай чандин маротиба содироти бензин ва сӯзишвории дизелиро ба хориҷи кишвар маҳдуд карда буд.

Манъи пурраи содироти ин навъи сӯзишворӣ аз 1-уми апрел то 31-юми июл амал мекунад: барои пешгирии камбудии ин навъи сӯзишворӣ дар фасли баҳор ва тобистон – замони корҳои кишоварзӣ. Гароншавии нафт дар бозори ҷаҳонӣ бар асари вазъ дар Ховари Миёна омили иловагӣ аст.

Акс аз торнамои airport.tj

Ҳамчунин, мақомоти Русия имкони мавриди амал қарор додани маҳдудиятҳоро барои ҳамаи иштирокчиёни бозор баррасӣ мекунанд.

Ваз дар бозори сӯзшворӣ пас аз ҳамлаи бедалели Амрико ва Исроил ба Эрон хеле душвор шуд. Дар посух, Эрон тангии Ҳурмузро баст, ки қаблан ҳудуди 20%-и интиқоли нафт дар ҷаҳон тариқи он мегузашт.

Вобастагии Тоҷикистон ба маҳсулоти нафтии Русия

Аз соли 2013 Тоҷикистон сӯзишворӣ аз Русияро бо шартҳои имтиёзнок дар доираи созишномаи дуҷониба – бидуни пардохти боҷҳои гумуркӣ ва содиротӣ дар қаламрави Русия дастрас мекунад.

Ба сурати умум, соли 2025 ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ҳудуди 1,7 млн тонна маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ ворид карда шудааст. Тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, 84%-и воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Русия рост меояд.

Бино ба маълумоти омори гумрукӣ барои соли 2025, аз рӯи мавқеи мол “сӯзишворӣ барои муҳаррикҳои реактивӣ” дар ҳаҷми 80,7 ҳазор тонна зикр шудааст. Соли 2025 Тоҷикистон аз кишварҳои зерин ин навъи сӯзишвориро ворид кард:

Воридоти сӯзишворӣ барои муҳаррикҳои реактивӣ – visual selection

Ҳиссаи Тоҷикистон дар содироти умуии маҳсулоти нафтии Русия начандон зиёд аст. Агар аз ҳаҷми интиқол ба Тоҷикистон дар сатҳи беш аз 1,2 млн тонна ва содироти умуии маҳсулоти нафтӣ аз Русия дар соли 2025 дар ҳаҷми ҳудуди 114 млн тонна ҳисоб кунем, ба Тоҷикистон тақрибан 1%-и содироти маҳулоти нафтӣ аз Русия рост меояд.

Захираҳои маводи сӯхти ҳавопаймо ва гуфтушунидҳо

Дар Вазорати энерҷии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар робита ба вазъи бамиёномада сафари намояндагони вазорат ба Русия дар рӯзҳои наздик дар назар аст. Яке аз масъалаҳои асоси гуфтушунид интиқоли маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ, аз ҷумла маводи сӯхти ҳавопамйоҳо хоҳад буд.

Тибқи маълумоти Вазорат, дар ҷумҳурӣ дар ҳаҷми ҳудуди 60 ҳазор тонна захираҳои маводи сӯхти ҳавопаймоҳо мавҷуданд.Аз ин ниҳод афзуданд, ки ин ҳаҷм бояд то 30 ноябр – муҳлати анҷоми манъи муваққаттии содирот кифоягӣ кунад. Дар ҳамин ҳол, ба таъкиди онҳо, “масъалаи интиқоли маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ муҳиму рӯзмарра боқӣ мемонад”.

Акс аз торнамои airport.tj

Қаблан ҳамчунин, хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон бо Эрон масоили ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ, аз ҷумла таҳвили нафти хом барои эҳтиёҷоти корхонаҳои коркарди нафтро баррасӣ кардааст.

Масъалаи коркарди эҳтимолии нафти хоми воридотӣ ба лоиҳаи корхонаи коркарди нафт дар минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” марбут аст. Дар ҳамин ҳол, дар бораи ҳаҷмҳои мувофиқашудаи интиқоли нафт аз Эрон ё дар бораи истеҳсоли маводи сӯхти ҳавопаймоҳо дар ин корхона ҳоло маълумоти расмӣ дода нашудааст.

Зимнан, сӯхти ҳавонавардиро дар Тоҷикистон ҳоло танҳо як ширкат – ҶСК “Ширкати таъминоти сӯзишворӣ” таъмин мекунад, ки ба воридот ва фурӯши ин навъи сӯзишворӣ дар фурудгоҳҳои кишвар машғул аст. Ин ширкат қаблан як сабаби гаронии сӯзишвории ҳавопаймо дар Тоҷикистонро ба воридотӣ будани он рабт дода буд.

Ин аст, ки мақомот дар посух ба шикояти мусофирон дар робита ба гаронии нархи билет ҳам мегӯянд, “қимати маводи сӯхти ҳавопаймо” баланд аст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Амрико эълон кард, ки Исроилу Лубнон бар сари иҷрои оташбас ба созиш расидаанд

Ин дар ҳолест, ки дар ду рӯзи гузашта ҳамлаҳои маргбори Исроил ба Лубнон ва партоби мушаку паҳподи “Ҳизбуллоҳ” ба Исроил идома дошт.

Тоҷикистон дар чаҳор моҳ дар ҳаҷми қариб $10 млн кумаки башардӯстона гирифтааст

Бештар ИМА, Чин ва Корея ба Тоҷикистон ёрии башардустона фиристодаанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 7

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.