Танҳо барои мошинҳои боркаш. Дар ду даромадгоҳи Душанбе низоми вазнченкунӣ насб мекунанд

Дар ду даромадгоҳи пойтахт, ки худравҳо аз сӯйи Турсунзода ва Бохтар ба Душанбе ворид мешаванд, нуқтаҳои вазнченкунӣ барои мошинҳои боркаш ва калонҳаҷм сохта мешавад. Баъди насби ин нуқтаҳо, воситаҳои нақлиёте, ки вазнашон аз 40 тонна зиёд аст, маблағи муайян пардохт мекунанд. Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ин тасмим […]

Шаҳноз Ализода, asia+

Дар ду даромадгоҳи пойтахт, ки худравҳо аз сӯйи Турсунзода ва Бохтар ба Душанбе ворид мешаванд, нуқтаҳои вазнченкунӣ барои мошинҳои боркаш ва калонҳаҷм сохта мешавад. Баъди насби ин нуқтаҳо, воситаҳои нақлиёте, ки вазнашон аз 40 тонна зиёд аст, маблағи муайян пардохт мекунанд.

Дар ин бора аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, ин тасмим ба хотири пешгирӣ аз зуд вайрон шудани роҳҳои мошингарди Душанбе-Турсунзода ва Душанбе-Бохтар гирифта шудааст.

Ба қавли манбаъ, созишнома дар бораи насби ин нуқтаҳо, 21-уми июли соли 2025 байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкати “Kvadrat System LLC”-и Аморати Муттаҳидаи Араб ба имзо расид ва мувофиқи он, ширкат бояд давоми 8 моҳ корҳои сохтмониро ба анҷом расонад.

Вазорат мегӯяд, насбу васли низоми вазнченкунӣ барои нақлиёти боркаш ва калонҳаҷм дар ду даромадгоҳ моҳи декабри соли 2025 оғоз шуд ва интизор меравад, ки моҳи август корҳо дар ин самт ба анҷом расад.

Аз ин ниҳод гуфтанд, дар ин нуқтаҳои вазнченкунӣ танҳо мошинҳои калонҳаҷм ва боркаш санҷида мешаванд ва дар ҳолати аз 40 тонна зиёд будани вазнашон маблағи муайян пардохт мекунанд. Ҳоло ҳаҷми ин маблағ маълум нест.

Манбаъ гуфт, баъди анҷоми насби низоми вазнченкунии воситаҳои нақлиёт дар ин ду роҳи мошингард ва қабули он аз ҷониби комиссияи давлатӣ, иншооти мазкур ба ихтиёри КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хидматрасонӣ дар соҳаи нақлиёт”-и Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт супорида мешавад.

Аз ин ниҳод гуфтанд, насби низоми вазнченкунии воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракат дар ин роҳҳо, дар доираи лоиҳаи “Беҳтар кардани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, БРАМОМ-4” бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ мешавад.

Ҳоло дар Тоҷикистон ягона роҳи пулакӣ шоҳроҳи “Душанбе-Чаноқ” аст. Дар ин роҳ чандин плазаи толлингӣ – марказҳои пулчинӣ – насб шудааст, ки барои истифодаи роҳ аз мошинҳои сабукрав ва боркашон пул мегирад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.