Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон Нақшаи амали “Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон барои давраи солҳои 2023-2028”-ро тасдиқ кард. Қарор дар ин бора 28-уми апрели соли 2026 ба имзо расид. Ин марҳилаи дуюми барномаи мазкур мебошад, ки нақшаи чорабиниҳоро барои солҳои 2026-2028 дар назар дорад.

Мувофиқи замимаи қарор, нақша аз 9 банди асосӣ иборат буда, чор самтро дар бар мегирад. Дар он дар мавриди 15 чорабинии мушаххас сухан меравад. Арзиши умумии татбиқи нақша 888 млн 48 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 95 млн доллар) мебошад. Аз ин маблағ, 105 млн 988 ҳазор сомонӣ аз шарикони рушд ва 782 млн 60 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ ба нақша гирифта шудааст.

Чорабиниҳои асосии нақша ба фароҳам овардани шароит барои сармоягузорӣ, таҳияи заминаи меъёриву техникӣ, рушди зерсохтори таъминот бо нерӯ ва хадамот, роҳандозии ҷамъоварӣ ва коркарди аккумуляторҳо, инчунин афзоиши парки автобусҳои барқӣ (электробусҳо) дахл доранд.

Ғайр аз ин, мақомот ният доранд, ки нуқтаҳои махсуси хидматрасонии техникӣ барои мошинҳои барқӣ (электромобилҳо) таъсис диҳанд. Айни замон мувофиқи нақша, дар шаҳри Душанбе ду нуқтаи хидматрасонӣ ба электрмобилҳои “BYD Service” амал мекунанд. Дар марҳилаи дуюми барнома, ифтитоҳи боз 10 чунин нуқта дар назар аст.

Акси марбута аз торнамои azattyqasia.org

Моддаи аз ҳама серхарҷ, омодагӣ ва истеҳсоли 210 автобусҳои барқӣ (электробусҳо) дари солҳои 2026, 2027 ва 2028, ҳар сол 70 адад маҳсуб меёбад. Барои он 714 млн 280 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Айни замон дар Душанбе 60 электробуси муосири “AKIA ULTRA” равуо доранд.

Фасли ҷудогона ба батаеряҳои аккумуляторӣ бахшида шудааст. Мақомот рушди зерсохтор барои ҷамъоварии батареяҳои коркардшуда, ҷудо кардани замин баҳри сохтмони иншооти марбута дар минтақаҳо, инчунин таҳияи технологияҳо барои безараргардонии аккумуляторҳо ва истифодаи такрории онҳоро дар нақша доранд.

Масъулияти амалисозии нақша ба дӯши вазоратҳои нақлиёт, энергетика ва захираҳои об, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, корҳои дохилӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Академияи миллии илмҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимият, инчунин ширкатҳои энергетикӣ вогузор шудааст.

Вазорату кумита ва идораҳо уҳдадор шудаанд, ки ҳамасола то 15-уми январ ба Вазорати нақлиёт дар бораи ҷараёни амалисозии нақша маълумот пешниҳод намоянд. Дар навбати худ, Вазорати нақлиёт то 15-уми феврал дар бораи рафти иҷрои чорабиниҳо ба ҳукумат ҳисобот медиҳад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.