Вазорати корҳои дохилии Русия нишондиҳандаҳои озмоиши ҷалби муташаккилонаи кормандони хориҷиро, ки татбиқи он давоми солҳои 2027-2030 ба нақша гирифта шудааст, ба маърази ом гузошт. Мувофиқи лоиҳа, дар ин давра метавонанд ба кишвар зиёда аз 1,7 млн муҳоҷири кориро ҷалб кунанд, ки аксари онҳо шаҳрвандони кишварҳои ИДМ бо реҷаи бидуни раводиди вуруд мебошанд.
Тавре ки нашрияи «Коммерсант» менависад, дар лоиҳа бастаи иборат аз чор лоиҳаи қонун, ки механизми озмоишии ҷалби муташаккилонаро танзим мекунанд, инчунин тағйирот ба Кодексҳои меҳнат, андоз ва буҷет пешбинӣ шудааст.
Барои амалисозии лоиҳа ВКД то охири соли 2026 бунёди низоми нави рақамиро, ки тибқи модели рӯйхатӣ кор мекунад, ба нақша гирифтаст, яъне ба ҷой иҷозаи коғазӣ маълумот дар бораи кормандон ва корфармоён ба феҳристҳои электронӣ ворид карда мешаванд. Маблағгузорӣ ба бунёди платформаро бояд оператори тиҷоратӣ ба уҳда гирад, ки сипас низомро ба ихтиёри давлат медиҳад.
Корфармоён барои ҷалби хориҷиён метавонанд тавассути низоми нав дархост диҳанд. Дар ҳамин ҳол, ширкатҳо бояд мавҷуд будани манзил ва таъминоти тиббиро барои кормандон дар давоми тамоми муддати амали қарордод тасдиқ кунанд.
Шаҳрвандони хориҷие, ки тариқи ҷалби муташаккилона меоянд, бояд аз муоинаи тиббӣ, аз ҷумла ташхиси генҳо гузаранд ва ҳамчунин корти махсуси шиносоӣ ба муҳлати се сол гиранд. Барои анҷоми ин расмиёт ВКД ният дорад, ки якчанд марказҳои муҳоҷират таъсис диҳад, ки тариқи онҳо кормандон ба корфармоҳо тақсим карда мешаванд.
Ба ширкатҳои Русия иҷоза дода мешавад, ки бо хориҷиён танҳо шартномаҳои таъҷилӣ ба имзо расонанд. Ҳамчунин ВКД пешниҳод кардааст, ки кормандон ба пардохти андози сабтшудаи пешпардохт аз даромад уҳдадор шаванд. Маблағи заминавии пардохт 1,2 ҳазор рубл дар як моҳ бо имкони индексатсия вобаста ба минтақаро ташкил медиҳад.
Барои рӯйпӯш сохтани хароҷот ба маъмурияти лоиҳа ҷорисозии боҷӣ давлатӣ барои ворид намудани маълумот ба рӯйхатҳои электронӣ пешниҳод мешавад. Маблағи ворид намудан ба рӯйхат барои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ 15 ҳазор рубл ва шахсони ҳуқуқӣ – 1 ҳазор рубл меафтад.
Коршиносон зикр мекунанд, ки механизми ҷалби муташаккилона метавонад пеш аз ҳама барои корфармоҳои бузург қобили қабул бошад. Корманди илмии маркази “Пажуҳишгоҳи таҳлили иҷтимоӣ ва ояндабинӣ” (Институт социального анализа и прогнозирования) Юлия Флоринская зикр кардааст, ки барои тиҷорати хурду миёна дастрасии озодонаи кормандони хориҷӣ ба бозори кор бештар самаранок боқӣ мемонад. Дар навбати худ, коршиноси мустақили масоили муҳоҷират Вадим Коженов изҳор доштааст, ки ҳоло маълум нест кадом сохтори тиҷоратӣ ба иштирок дар лоиҳа розӣ мешавад. Мувофиқи арзёбии ӯ, барои бунёди зерсохтори зарурии рақамӣ метавонад зиёда аз 200 млрд рубл маблағ лозим шавад.





