Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

Билоли Шамс, Шоираи Қудрат, asia+

Асрори марги Адолат Ҳамидова, табиби 56-солаи тоҷик, ки моҳе пеш дар Афғонистон кушта шуд, то ҳол маълум нашудааст. Ин зан рӯзи 12-уми март аз ҷониби афроди ношинос дар ноҳияи Имом Соҳиби ин кишвар дар хонааш бо се зарби корд кушта шуд ва пайкарашро рӯзи 13-уми март ба Тоҷикистон оварда, 16-уми март дар Кӯлоб ба хок супориданд.

Хабарнигори “Азия-Плюс” барои маълум кардани тафсилоти қазия ва шахсияти ин зан ба ҷустуҷӯи наздикони ӯ рафта, бо Мамлакат Ҳамидова, хоҳари калонии ӯ суҳбат кард.

“Муддате дар Яман кор карда буд”

Ба нақли хоҳари калонии марҳум, Адолат Ҳамидова соли 1970 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, фарзанди сеюми хонавода буд. Онҳо дар оила 5 фарзанд буданд. Ӯ баъди хатми мактаби 1-и шаҳр, аввал дар Омӯзишгоҳи тиббии Кӯлоб таҳсил карда, сипас ба донишкадаи тиббии навтаъсис дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дохил шуд. Аммо баъди ду сол ин донишкада барҳам хӯрда, донишомӯзон ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) интиқол ёфтаанд.

Адолат Ҳамидова низ ДДТТ-ро хатм карда, бо роҳхат ба таваллудхонаи марказии шаҳри Кӯлоб ба кор фиристода мешавад ва ҳамчун момодоя корро оғоз мекунад. Баъди муддате ба ташкилоти байналхалқии “Наҷоти кӯдакон” дар шаҳри Кӯлоб ба кор омада, 4 сол онҷо фаъолият мекунад.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ӯ дар ин байн ба Яман рафта, тақрибан 4-5 сол дар ин кишвар низ дар бахши тиб кор кардааст. Аммо вақте падараш бемор мешавад, Адолат Ҳамидова ба ватан бармегардад.

“Бо даъвати ҳамдеҳааш ба Афғонистон рафт”

Ба нақли хоҳари Адолат, соли 2011, баъди марги падараш, яке аз ҳамдеҳагонаш ба Адолат пешниҳод мекунад, ки ба Афғонистон рафта, онҷо бо табибӣ машғул шавад. Ҳамин тавр, ӯ ба ин кишвар барои кор меравад ва беш аз 15 сол инҷониб онҷо кору зиндагӣ мекард.

“Ҳангоми ҷангу нооромиҳое, ки дар Афғонистон рух доданд, борҳо мегуфтем, ки ба ватан баргардад, аммо наомад ва онҷо кор мекард. Ӯ дар ноҳияи Имом Соҳиби вилояти Қундуз маркази саломатии шахсӣ ва ташхисгоҳи ултрасадоӣ дошт”, – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Ба нақли ӯ, хоҳараш ҳар чанд муддат барои хабаргирӣ ба Тоҷикистон меомад ва ҳар омаданаш дар ин ҷо низ муштариён дошт ва ташхису муоина мекард.

Соҳиби як духтар аст

Мамлакат Ҳамидова мегӯяд, хоҳараш дар Тоҷикистон оила бунёд накарда буд ва дар Афғонистон бо марде издивоҷ кард ва соҳиби фарзанд шуд. Духтари ӯ ба насаби худи зан буда, ҳоло чордаҳсола ва шаҳрванди Тоҷикистон аст. Ин кӯдак ҳамроҳи наздиконаш дар Кӯлоб зиндагӣ мекунад.

Ҳамсуҳбати мо дар бораи шавҳари Адолат Ҳамидова ва муносибати ӯ бо хоҳараш мушаххасоте нагуфт. Танҳо изҳор дошт, ки ӯ аз тоҷикони Афғонистон буда, соҳиби дорухона буд ва ҳафтае як маротиба ба назди оилааш меомад.

Худи Адолат Ҳамидова ба пайвандонаш доимо кӯмаки молиявӣ мекардааст ва ҳар вақт барояшон пул мефиристодааст.

“Соли гузашта дар моҳи Рамазон ба Умра рафт. Бо мақсади анҷоми Ҳаҷ маблағ ҷамъ мекард”, – мегӯяд ӯ.

“Ҳолати кушта шуданашро намедонем”

Мамлакат Ҳамидова мегӯяд, ҷузъиёт ва “ҳолати кушта шудани хоҳарашро намедонанд”. Ӯ танҳо афзуд, хоҳарашро дар манзилаш куштаанд.

Ба нақли онҳо, Адолат Ҳамидова ният доштааст, ки поёни моҳи Рамазон барои таҷлили Иди Фитр ва дидорбинии духтару хонаводааш ба Тоҷикистон ояд. Вале як ҳафта пештар аз поёни моҳи Рамазон, пайкари беҷонашро ба ватан оварданд.

То ҳол сабаби куштор ошкор нашудааст ва мақомоти ҳарду ҷониб расман тафсилот ё шарҳе надодаанд.

Ба иттилои қаблии расонаҳо, ҳамсари ин табиби тоҷик гуё дар пайванд ба қатли Адолат Ҳамидова боздошт шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.