Дар Душанбе аз қурбониёни бемории пайдошудаи норасоии масъуният ёд карданд

Дар ҷамъбасти ҳамоиш кӯдакон соҳиби ҷоизаҳо шуданд.

asia+

Рӯзи 14-уми май дар саҳни Мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи байналмилалии поси хотираи шахсони фавтида аз бемории пайдошудаи норасоии масъуният (БПНМ) ҳамоиши фарҳангиву маърифатӣ баргузор гардид. 

Ин чорабинӣ бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Шабакаи тоҷикистонии занони мубталои ВНМО” дар ҳамкорӣ бо мактабҳои рассомӣ ва мусиқии бачагонаи пойтахт зери унвони “Ҷаҳони бидуни марз, тамғагузорӣ ва табъиз” доир гардид. 

Майдони баргузории чорабинӣ бо рамзи лентаи сурх ва асарҳои эҷодии наврасон оро ёфта, фазои ҳамбастагиву умедро таҷассум мекард. 

Таҳмина Ҳайдарова, роҳбари “Шабакаи тоҷикистонии занони мубталои ВНМО” гуфт, ки ҳамасола дар якшанбеи сеюми моҳи май Рӯзи байналмилалии поси хотираи шахсони фавтида аз БПНМ (СПИД) ба ёд оварда мешавад.

Таҳмина ҳайдарова. Акс аз asia+
“Ҳадафи асосии ин рӯз – арҷгузорӣ ба хотираи шахсони фавтида, дастгирии шахсони бо ВНМО зиндагӣкунанда ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои тамғагузорӣ, табъиз ва роҳҳои пешгирӣ мебошад. Ин рӯз на танҳо барои андӯҳ, балки барои таҷдиди назар ба муносибати ҷомеа нисбат ба инсонҳост”, – гуфт ӯ. 

Ҳайдарова таъкид кард, ки тамғагузорӣ ва табъиз нисбат ба шахсони бо ВНМО зиндагикунанда аксар вақт аз худи беморӣ дардноктар аст ва боиси ҷудоии инсонҳо аз ҷомеа ва наздикон мегардад. 

Акс аз asia+ Акс аз asia+ Акс аз asia+ Акс аз asia+ Акс аз asia+ Акс аз asia+ Акс аз asia+ Акс аз asia+ Акс аз asia+ Акс аз asia+

Дар рафти ҳамоиш маълумоти муҳим вобаста ба ВНМО ба иштирокчиёни ҷамъомад расонида шуд. Зикр гардид, ки ин вирус тавассути дӯстӣ, оғӯш гирифтан ё суҳбат сироят намекунад. Барои баланд бардоштани маърифати ширкаткунандагон саҳначаҳои тарбиявӣ ва саволу ҷавоб ташкил гардиданд. 

Қисмати хотирмони чорабинӣ, қадрдонии ғолибони озмуни расми беҳтарин буд, ки эҳсосоти худро дар рӯи коғаз тасвир кардаанд. Байни 12–18 солаҳо Беҳзод Замонов ва дар байни 6–11 – солаҳо Марям Тоатова сазовори ҷойи якум гардиданд. Инчунин, Ҳадиятулло Нуров, Амина Раҷабова ва дигар иштирокчиёни фаъол бо диплом ва тӯҳфаҳо сарфароз гаштанд. 

Ҳамоиш бо лаҳзаи сукут ба хотири эҳтиром ва поси хотири шахсони фавтида аз БПНМ анҷом ёфт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.