Чархаи ҳафтуми НБО “Норак” пас аз таъмир ба истифода дода шуд. Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Хатлон аз шаҳри Норак  оғоз шуд

Раисҷумҳур дар ин шаҳр боз кадом иншоотро ба истифода дод?

Имрӯз, 24-уми апрел сафари раисҷумҳур ба вилояти Хатлон аз шаҳри Норак оғоз шуд. Дар ин шаҳр Эмомалӣ Раҳмон чарха (агрегат)-и №7 нерӯгоҳи барқии обии Норакро пас аз таъмир ба истифода дод. Инчунин, президент дар ин шаҳр чанд корхона ва сохтмонҳои гуногунро  ифтитоҳ кард.

Тибқи иттилои расмӣ, таъмири чархаи №7 НБО “Норак” моҳи октябри соли 2024 оғоз ёфта, паймонкори лоиҳа ширкати “Андритз гидро” ва иҷрокунандаи корҳо ҶСК “Тоҷик СГЕМ” аст.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳур, таҷҳизоти асосии чархаи 7-уми нерӯгоҳ “пурра нав шуда, дар он фанновариҳои муосир” ҷорӣ гардидааст. Таъмири чарха дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ амалӣ гардида, барои татбиқи ин лоиҳа, аз ҷумла, 34 миллион евро қарз ҷалб шудааст. Ҳамчунин, 9,5 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлат ба он равона гардидааст.

“Пас аз анҷоми навсозӣ иқтидори истеҳсолии гидроагрегат афзоиш ёфт. Он метавонад дар як шабонарӯз то 8 миллион киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол кунад”, – навиштааст манбаъ.

Корҳои навсозии таҷҳизоти нерӯгоҳи “Норак”, ба итиллои масъулин, соли 2019 оғоз ёфта, то ҳозир 3 чархаи он иваз ва тавоноии нерӯгоҳ 260 МВт зиёд шудааст. Ҳоло бозсозии чархаи 4-уми он давом дорад. Дар умум, бояд ҳамаи чархаҳои нерӯгоҳ бо маблағи 750 миллион доллар то соли 2032 нав карда шаванд.

Ҳамчунин, мақомот мегӯянд, ҳамаи нерӯгоҳҳои барқии мавҷуда дар Тоҷикистон бо харҷи зиёда аз 1 миллиард доллар таъмир шуда истодаанд, ки “ба ин восита муҳлати хидмати онҳо 70-80 соли дигар тамдид меёбад”.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак 8 сохтмони иҷтимоӣ, иқтисодӣ  ва саноатиро ба таври  фосилавӣ ба истифода додааст.

Аз ҷумла, бинои Шуъбаи равонӣ ва наркологӣ дар назди Беморхонаи марказии шаҳри Норак, ки  бо сармояи соҳибкор Абдурасул Муҳидзода бунёд гардидааст, ба кор оғоз кардаст. Дар ин ҷо 35 кас бо кор таъмин шудаанд.

Инчунин бинои нави танзимгарон, ташхисгоҳ ва мошинсарой барои мутахассисон дар самти таъмини аҳолии шаҳр бо оби тозаи нӯшокӣ ва полезӣ ба истифода дода шудааст. Дар ин марказ 40 мутахассис бо кор таъмин шудаанд.

Дар деҳоти Лангари шаҳри Норак, корхонаи парандапарварии мурғи гӯштӣ, ки дар он 6 ҳазор паранда парвариш мешудаанд, ба кор оғоз кардааст

Ҳамзамон дар деҳаҳои  Чал-Чал ва Чашма 2 кӯдакистон барои 120 кӯдак ба истифода дода шудааст.

Дар ин шаҳр инчунин бинои маъмурии шуъбаи Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа фурушгоҳи сабзавот, майдончаи варзишӣ ва коргоҳи хурди истеҳсоли бетон ифтитоҳ гардидааст.

Бо ширкати раисҷумҳур дар шаҳри Норак инчунин корхонаи истеҳсоли обҳои нӯшокии “Глобал Инвест”, ки аз ҷониби соҳибкор Хуҷамурод Азимӣ бунёд шудааст, ба кор оғоз кардааст.

Дар ин коргоҳ, ки гуфта мешавад 30 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шудаанд, дар як шабонарӯз 15 ҳазор капсула ва 5 ҳазор зарфи оби нӯшокӣ истеҳсол мешудааст.

Тибқи иттилои расмӣ, коргоҳи истеҳсоли панҷараҳои оҳанин, ки имрӯз ба кор шуруъ кардааст, маҳсулоте, ки истеҳсол мекунад барои мустаҳкам кардани хатти сарҳад пешбинӣ шудааст.

“Тавлиди чунин навъи маҳсулот, ки дар заминаи дастгирии Ҳукумати кишвар аз бахши хусусӣ ба роҳ монда шудааст, ҳаҷми зарурати воридотро коҳиш дода, аҳамияти муҳими иқтисодӣ дорад”,-навиштааст хадамоти матбуоти раисҷумҳур.

Ин корхона имкони дар як шабонарӯз 1 ҳазору 500 ва дар як сол зиёда аз 180 ҳазор дона панҷараи оҳаниро доштааст.

Зимни суҳбати Эмомалӣ Раҳмон, Хуҷамурод Азимов, роҳбари корхона уҳдадор шудааст, ки 300 км масофаи сарҳади давлатиро бо чунин панҷараҳо таъмин кунад.

Инчунин дар шаҳри Норак Маҷмааи гармхонаҳои Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Гулнур, ки дар масоҳати 10 гектар замини бекорхобида бунёд мешавад, ба кор оғоз кардааст.

Ба иттилои манбаъ, то ҳол 3 гектар пурра обод шудааст, ки дар як гектари он гули садбарг ва дар ду гектари дигар гулҳои гуногуни мавсимӣ парвариш меёбанд.

Манбаъ навиштааст, ки дар маҷмааи гармхонаҳо парвариши беш аз 1 миллиону 800 ҳазор гули садбарги навъҳои гуногун ба роҳ монда шуда, ҳамзамон зиёда аз 3 миллион гулҳои мавсимӣ парвариш меёбанд.

Дар ин ҷо 60 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шудаанд.

Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ахиран  30-юми августи соли 2024 бо сафари корӣ ба шаҳри Норак рафта буд ва зимни ин сафар агрегати чоруми НБО “Норак”,  корхонаи равғанбарории ҶДММ “Тоҷик глобал инвест”, Варзишгоҳи марказӣ ва Беморхонаи марказии шаҳри Норакро ифтитоҳ карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Амрико эълон кард, ки Исроилу Лубнон бар сари иҷрои оташбас ба созиш расидаанд

Ин дар ҳолест, ки дар ду рӯзи гузашта ҳамлаҳои маргбори Исроил ба Лубнон ва партоби мушаку паҳподи “Ҳизбуллоҳ” ба Исроил идома дошт.

Тоҷикистон дар чаҳор моҳ дар ҳаҷми қариб $10 млн кумаки башардӯстона гирифтааст

Бештар ИМА, Чин ва Корея ба Тоҷикистон ёрии башардустона фиристодаанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 7

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Русия содироти маводи сӯхти ҳавопаймоҳоро манъ кард. Ин ба Тоҷикистон чӣ гуна таъсир мерасонад?

Ҳукумат аллакай, барои хариди ин навъи сӯзишворӣ ҷойгузин меҷӯяд, ки ин пеш аз ҳама Эрон аст.

Сайфулло Сафаров: “Азия-Плюс” писари эркаи Тоҷикистон аст”

Ин сиёсатшинос ва яке аз ғояпардозони пешини ҳукумати кишвар мегӯяд, “воқеънигорӣ сабаби назари неки ҳукумат ба ин расона аст”.

Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба сафи кишварҳои пешсафи истеҳсоли энергияи “сабз” шомил аст

Ҳудуди 95%-и нерӯи барқ дар кишвар дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.