Боздид аз Оромгоҳи Исмоили Сомонӣ ва Қалъаи Бухоро. Эмомалӣ Раҳмон дар Бухоро кадом мавзеъҳоро зиёрат кард?

Рӯзи дуюми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон чӣ гуна гузашт?

asia+

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар рӯзи дуюми сафари давлатии худ ба Ӯзбекистон аз Тошканд ба шаҳри Бухоро сафар карда, бо Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури ин кишвар аз чанд мавзеъи таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид кардааст.

Ӯро субҳи имрӯз, 27-уми март дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бухоро ҳамтои ӯзбекистонияш Шавкат Мирзиёев истиқбол гирифтааст. Ҳамчунин дар саҳни фурудгоҳ барномаи рангини ҳунармандон намоиш дода шудааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бухоро аз мавзеъҳои таърихию қадимӣ, аз ҷумла Қалъаи Бухоро, Маҷмааи таърихию ёдгорӣ ва оромгоҳи Баҳоуддини Нақшбанд, Маҷмааи “Лаби ҳавз”, Маҷмааи меъмории “Пои Калон” ва Оромгоҳи Исмоили Сомонӣ боздид кардааст.

“Оромгоҳи сулолавии Сомониён, ки ёдгории меъмории асрҳои IX-X мебошад, дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт. Оромгоҳи Сомониён ҳамчун яке аз дурдонаҳои санъати меъморӣ – маҳсули дасти ҳунармандони он замон аст. Ин бинои хуштарҳу басо зебо, ки анъанаҳои меъмории бостониро дар хеш таҷассум кардааст, охири асри IX бо фармони арбоби бузурги давлатӣ Исмоили Сомонӣ (849-907) дар болои турбати падари ӯ Аҳмад ибн Асад (вафоташ соли 865) бунёд гардидааст”, – навиштааст манбаъ.

Ба навиштаи манбаъ, дар оромгоҳ худи Исмоил, писари ӯ Насри II ва чанде аз аҳли ин авлод хуфтаанд.

Мақбара шакли мураббаъро дошта, бо гунбаз пӯшонда шудааст, ки атрофи онро чор гулдаста оро медиҳад. Дар чор гӯшаи он чор бурҷ устувор аст, ки асос ва қисми болоии деворро бо ҳам пайваста, таносубу мавзуният ва салобати оромгоҳро меафзоянд.

Манбаъ менависад, оромгоҳи Сомониён ҳамчун Мазори Исмоили Сомонӣ шинохта шуда, тақрибан ягона иншоотест, ки аз замони Сомониён ба таври комил боқӣ мондааст. Он яке аз нодиртарин ёдгориҳои таърихии Бухорои шариф ва аз ёдгориҳои нодири Осиёи Марказӣ мебошад.

Бояд гуфт, Оромгоҳи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро ба феҳристи Мероси фарҳангии ЮНЕСКО низ ворид шудааст ва имрӯз зиёратгоҳи садҳо гардишгарон аз тамоми ҷаҳон аст.

Ёдрас мешавем, ки субҳи рӯзи 26-уми март Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари давлатӣ ба Ӯзбекистон рафт ва ин сафар имрӯз, 27-уми март анҷом меёбад.

Рӯзи аввали сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар чӣ гуна гузашт ва кадом санадҳо ба имзо расиданду чӣ иншоотҳо мавриди истифода қарор гирифтанд, дар ин матлаб мутолиа кунед: Аз имзои санадҳои наву оғози бунёди чанд коргоҳ то ифтитоҳи бинои нави сафорату ширкат дар барномаи “Шоми дӯстӣ”

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио