Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон метавонанд ҳамкориҳоро дар соҳаи нафту газ густариш диҳанд. Ҷонибҳо бори дигар сари баррасии масъалаи интиқоли маҳсулоти “Ӯзбекнефтегаз” ба Тоҷикистон баргаштанд. Қаблан ин навъи маҳсулот интиқол меёфт, вале дар як давраи муайян боздошта шуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти ҶС “Ӯзбекнефтегаз” хабар медиҳад, раиси раёсати ширкати мазкур Абдуғанӣ Сангинов бо намояндагони ҳайати расмии Тоҷикистон дидору гуфтушунид кардааст.

Дар гуфтушунидҳо директори Агентии захираҳои модии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Нурмуҳаммад Аҳмадзода ва сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Насриддин Исматулло ширкат варзидаанд.

Гуфта мешавад, зимни вохӯрии ҷонибҳо дурнамои таҳвили маҳсулоти нафту гази ширкати Ӯзбекистон ба бозори Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Ҷониби Тоҷикистон ба хариди маҳсулот аз корхонаҳои бузурги саноатии ширкати “Ӯзбекнефтегаз” таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.

Акс аз саҳифаи ҶС «Ӯзбекнефтегаз» дар Facebook

Дар ширкат таъкид доштаанд, ки интиқоли эҳтимолии маҳсулот метавонад бо шартҳои бозаргонӣ сурат гирад. Ҳамчунин зикр шудааст, ки тайи солҳои ахир ҳамкорӣ байни кишварҳо ба сатҳи стратегӣ расида, бар асоси эътимоди тарафайн ва ҳамҷавории нек рушд меёбад.

Дар ҳамин ҳол, аз ҳаҷми мушаххаси таҳвил ва муҳлати интиқоли эҳтимолӣ маълумот дода нашудааст.

Ӯзбекистон пештар яке аз таҳвилгарони калидии газ ба Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Аммо соли 2012 интиқол қатъ шуда буд. Он замон “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки Ӯзбекистон аз қатъи пурраи содироти газ аз 1 апрели соли 2012 хабар дода, сабаби инро норасии захираҳо маънидод карда буд.

Мувофиқи созишномае, ки аввали соли 2012 ба имзо расид, Тоҷикистон харидани ҳудуди 200 млн метри мукааб газро ба нақша гирифта, дар ҳамин ҳол, ҳаҷми кафолатнок дар семоҳаи якум 45 млн метри мукааб муқаррар шуда буд.

Бино ба маълумоти “Тоҷиктрансгаз”, то охири моҳи марти ҳамон сол ҳудуди 41 млн метри мукааб газ интиқол дода шуда, таҳвил бояд то квотаи семоҳа расонида мешуд.

Пас аз қатъи содирот ҳамкории энергетикӣ байни кишварҳо ба таври назаррас коҳиш ёфт. Танҳо солҳои охир дар пасманзари беҳбуди муносибатҳо, ҷонибҳо тадриҷан ба барқарор намудани робитаҳои иқтисодӣ оғоз бахшиданд.

Қобили зикр аст, ки дидору гуфтушунидҳои кунунӣ метавонанд як иқдоми навбатӣ дар ин самт шаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.