Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

asia+

Ҳукумати Тоҷикистон қарореро имзо кардааст, ки дар ҳолати ба иҷро даромадани он, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имкон пайдо мекунанд, бо шиносномаи дохилӣ ё ID-кортҳо ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд.

Қарор дар хусуси лоиҳаи Созишнома рӯзи 19-уми марти имсол аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба имзо расида, дар пойгоҳи Вазорати адлияи кишвар маҳфуз аст.

Тибқи он, ба “Созишнома байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон”, ки 9-уми марти соли 2018 қабул шуда буд, тағйирот ворид шудааст.

Дар сурати анҷоми расмиёти дохилии ду кишвар, шаҳрвандон метавонанд бидуни шиносномаи хориҷӣ, танҳо бо шиносномаҳои дохилии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба қаламрави кишварҳои ҳам ворид шаванд.

Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ бо истинод ба Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон мегӯяд, ҷониби Ӯзбекистон аллакай лоиҳаи тағйирот ба Созишномаро имзо карда, мунтазири пазируфта шудани он аз ҷониби Тоҷикистон аст.

Ҳамчунин, ба навиштаи ин расона, ин тартиб дар сурате амал мекунад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Ӯзбекистон бимонанд ва ба давлатҳои дигар, аз ҷумла Русия нараванд. Ҳамин тартиб барои шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам пешбинӣ шудааст.

Феълан шаҳрвандон танҳо бо шиносномаи хориҷӣ метавонанд ба кишварҳои ҳамдигар сафар кунанд.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои сафари давлатии Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2018 байни давлатҳо оид ба сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон, ки ҳузури бераводиди  шаҳрвандони ду кишварро ба муддати 30 рӯз пешбинӣ мекард, Созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расид.

Сокинони навоҳии наздимарзии Тоқикистону Ӯзбекистон он замоно аз мақомот хоҳиш карда буданд, ки ба онҳо иҷозат бидиҳанд, бо шиносномаи дохилӣ ба кишварҳои ҳамдигар рафтуомад кунанд.

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон соли 2024 зимни суханронӣ дар Маҷлиси Олии Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки барои рафтуомади осони шаҳрвандон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низоми сафар бо корти ID (шиносномаи дохилӣ) ба роҳ монда шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.