Ба Ӯзбекистон рафтан мехоҳед? Шиносномаи хориҷӣ гиред

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки  шаҳрвандони Тоҷикистон, ки азми сафар ба Ӯзбекистонро доранд, танҳо бо доштани шиносномаи хориҷӣ ба сафар баромада метавонанд. Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон (9-10 март) оид ба сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон, ки ҳузури бераводиди  шаҳрвандони ду кишварро ба муддати 30 рӯз […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки  шаҳрвандони Тоҷикистон, ки азми сафар ба Ӯзбекистонро доранд, танҳо бо доштани шиносномаи хориҷӣ ба сафар баромада метавонанд.

Ёдрас мекунем, ки аз рӯи натиҷаҳои сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон (9-10 март) оид ба сафарҳои мутақобилаи шаҳрвандон, ки ҳузури бераводиди  шаҳрвандони ду кишварро ба муддати 30 рӯз пешбинӣ мекунад, байни давлатҳо Созишномаи байниҳукуматӣ ба имзо расид.

«Азбаски баъзе расонаҳо аллакай дар бораи ба иҷро даромадани Созишнома хабар паҳн карданд, Вазорати корҳои хориҷӣ ба манзури пешгирӣ аз нороҳатиҳо барои шаҳрвандон дар гузаргоҳҳои наздисарҳадӣ, ба маълумот мерасонад, ки барои амалигардонии ин Созишнома зарур аст,  то расмиёти дохилӣ аз ҷониби тарафҳо ба анҷом расад», – қайд мешавад дар маълумоти Вазорат.

Таъкид мешавад, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон  дар якҷоягӣ бо шарикони узбекистонӣ ҷиҳати суръат бахшидан ба раванди татбиқи расмиёти дахлдор   талоши заруриро анҷом медиҳад.

«Ҳамчунин ба маълумот мерасонем, ки сарҳади давлатиро танҳо тавассути шиносномаи хориҷии Тоҷикистон  метавон убур кард», – гуфта мешавад дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки дар бораи санаи эътибор пайдо кардани Созишнома иловатан маълумот дода хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, айни замон шаҳрвандони ҳарду кишвар, ки дар минтақаҳои наздисарҳадӣ зиндагӣ мекунанд, бо пешниҳоди шиносномаи дохилӣ ба равуо бидуни раводид ба қаламрави давлатҳои ҳамдигар ба муддати панҷ рӯз ҳуқуқ доранд.

Чанде қабл мо нархҳои шиносномаи хаориҷиро дар чанде аз кишварҳои ИДМ муқоиса намудем. Маълум шуд, ки шиносномаи хориҷӣ дар кишвари мо аз ҳама гаронтар аст.

 

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.