Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

Сайфиддин Қараев, asia+

Дар се моҳи соли 2026-ум дар мақомоти андоз 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шуда, дар айни ҳол, 6,2 ҳазор тоҷири хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд. Дар ин бора Оҷонсии омори Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло дар кишвар то 349,7 ҳазор соҳибкори инфиродӣ фаъолият мекунанд, ки аз ин 40,5 ҳазор соҳибкор бо шаҳодатнома, 58,7 ҳазор бо патент, 68,1 ҳазор бо шаҳодатномаи махсус ва 182,4 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ мебошад. Омори умумии соҳибкорон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14556 адад ё 4,3% зиёд шудааст.

Бо таносуби соҳикборон аз рӯи фоиз дар баргаи мо шинос шавед:

Инфографикаи asia+
“Дар моҳҳои январ-марти соли 2026 дар маҷмуъ, 11470 соҳибкори инфиродии навтаъсис бақайд гирифта шудааст, ки аз ин, а 2044 соҳибкори инфиродӣ тибқи шаҳодатнома, 4150 соҳибкори инфиродии тибқи патент, 3862 соҳибкори инфиродӣ тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус ва 1414 соҳибкори инфиродии хоҷагии деҳқонӣ мебошад”, – омадааст дар ҳисоботи Оҷонсии омор

Дар ҳамин ҳол, дар ин давра 6236 соҳибкори инфиродӣ барҳам дода шудааст, ки аз ин 1029 соҳибкор бо шаҳодатнома, 2184 соҳибкор бо патент, 2179 соҳибкор бо шаҳодатномаи махсус ва 844 хоҷагии деҳқонӣ мебошад.

Сабаби қатъ кардани фаъолияти онҳо маълум нест. Қаблан, худи соҳибкорон мегуфтанд, ки санҷишу ҳуҷҷатгузории зиёд боиси қатъи фаъолияташон мешавад. Вале мақомоти андоз мегуфт, аксари соҳибкорон қонунгузории андозро намедонанд ва ё аз як намуди фаъолияти соҳибкорӣ ба намуди дигар мегузаранд.

Бодя гуфт, ки рушди соҳибкории хурд дар кишвар дар сатҳи давлатӣ дастгирӣ мешавад. Дар Тоҷикистон қонунгузорӣ дар бораи ҳифз ва дастгирии соҳибкорӣ амал мекунад, ки дар он фароҳам сохтани шароити мусоид барои пешбурди тиҷорат, аз ҷумла имтиёзҳои андозӣ, барномаҳои давлатӣ ва дастгирии молиявӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, давлат барномаҳои рушди соҳибкориро амалӣ сохта, тариқи грант ва фондҳои махсус ин самтро дастгирӣ мекунад.

Ғайр аз ин, дар кишвар барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ барои солҳои 2023-2027 амал мекунад, ки ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар кардани шароити тиҷорат равона шудааст.

Дар ҳамин ҳол, бархе соҳибкорон аз монеаҳо зимни фаъолияташон нигаронӣ мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.