Озмуни ВКД доир ба беҳтарин хабаррасон дар бораи ҷиноятҳо

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон доир ба пешниҳоди маълумот дар бораи содир шудани ҷиноятҳо байни шаҳрвандон (хабарнигорони фаврӣ) озмун эълон кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар озмуни мазкур тамоми хоҳишмандон метавонанд фаъолона иштирок намуда, оид ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо ва дигар ҳодисаю воқеаҳо ахбор пешниҳод намоянд. «Шаҳрвандон метавонанд аз шабакаҳои иҷтимоии Вайбер […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон доир ба пешниҳоди маълумот дар бораи содир шудани ҷиноятҳо байни шаҳрвандон (хабарнигорони фаврӣ) озмун эълон кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар озмуни мазкур тамоми хоҳишмандон метавонанд фаъолона иштирок намуда, оид ба ҳодисаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, қонуншиканиҳо ва дигар ҳодисаю воқеаҳо ахбор пешниҳод намоянд.

«Шаҳрвандон метавонанд аз шабакаҳои иҷтимоии Вайбер (Viber), Вотсап (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams), Вичат (WeChat) бо рақами телефони мобилии + 992-939-222-111 ва почтаҳои электронии  [email protected][email protected] истифода намуда, ахбороти худро ба таври фаврӣ ирсол намоянд», – қайд мешавад дар маълумоти ВКД.

Аз ҷараёни озмун ҳар ним сол натиҷагирӣ шуда, зимнан таъкид мегардад, ки махфӣ нигоҳ доштани шахсият кафолат дода мешавад.

Иштирокчиёни фаъоли озмуни мазкур бо мукофотпулӣ ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.