Интихоботи президенти Русия: қитъаҳои овоздиҳӣ дар Тоҷикистон

Рӯзи 18 март дар Русия маъракаи интихоботи президенти ин кишвар доир мегардад. Дар ин рӯз дар 143 кишвари дунё, аз ҷумла дар қаламрави Тоҷикистон низ ду қитъаи овоздиҳӣ боз мешавад. Дар шаҳри Душанбе шаҳрвандони Русия дар бинои Маркази илму фарҳанги Русия бо суроғаи кӯч. Мирзо Турсунзода, 28 (мавзеи рӯ ба рӯи Asia Grand Hotel) ва […]

Asia-Plus

Рӯзи 18 март дар Русия маъракаи интихоботи президенти ин кишвар доир мегардад.

Дар ин рӯз дар 143 кишвари дунё, аз ҷумла дар қаламрави Тоҷикистон низ ду қитъаи овоздиҳӣ боз мешавад.

Дар шаҳри Душанбе шаҳрвандони Русия дар бинои Маркази илму фарҳанги Русия бо суроғаи кӯч. Мирзо Турсунзода, 28 (мавзеи рӯ ба рӯи Asia Grand Hotel) ва дар шаҳри Хуҷанд – дар бинои консулгарии генералии Русия: кӯч. Сирдарё, 21 овоз дода метавонанд. Қитъаҳои овоздиҳӣ аз соати 8 и субҳ то 8-и бегоҳ кор мекунанд.

Дар маъракаи овздиҳӣ шаҳрвандони синни аз 18-сола болои Русия овоз дода метавонанд. Барои раъйдиҳӣ дархости пешакӣ лозим набуда, танҳо пешниҳоди шиносномаи хориҷии шаҳрванди Русия кофист.

Ёдрас мекунем, ки ба сифати номзадҳо дар маъракаи интихоботии президенти Русия 8 нафар – Владимир Жириновский (Ҳизби либералӣ-демократии Русия), Павел Грудинин (Ҳизби коммунисти Русия), Владимир Путин (худпешбаришуда), Григорий Явлинский (Ҳизби Яблоко), Борис Титов (Ҳизби Роста), Сергей Бабурин (Иттифоқи мардумии Русия), Максим Сурайкин (Коммунистони Русия) ва Ксения Собчак (Ташаббуси шаҳрвандӣ) ба қайд гирифта шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.