Дастгирии Душанбе аз ташаббусҳои Тошканд ҷиҳати ҳалли мушкилоти Афғонистон

Душанбеи расмӣ ташаббусҳои Тошкандро ҷиҳати ноил гардидан ба сулҳу ризоият дар Афғонистон ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад. Ба гуфтаи намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар Изҳороти муштараки сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таҳкими дӯстӣ ва накӯҳамсоягӣ дар ин робита таъкид мешавад, ки «тарафҳо баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баландро оид ба Афғонистон “Раванди сулҳ, ҳамкорӣ дар […]

Аваз Юлдошев

Душанбеи расмӣ ташаббусҳои Тошкандро ҷиҳати ноил гардидан ба сулҳу ризоият дар Афғонистон ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад.

Ба гуфтаи намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар Изҳороти муштараки сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба таҳкими дӯстӣ ва накӯҳамсоягӣ дар ин робита таъкид мешавад, ки «тарафҳо баргузор намудани Конфронси байналмилалии сатҳи баландро оид ба Афғонистон “Раванди сулҳ, ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва ҳамкориҳои минтақавӣ” (ш.Тошканд, 26-27 марти соли 2018) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баландро оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва тундгароӣ (ш.Душанбе, 3-4 майи соли 2018) истиқбол менамоянд».

Дар конфронси рӯзҳои 26-27 март дар Тошканд Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Сироҷидин Аслов намояндагӣ мекунад.

Ҷониби Тоҷикистон ташаббуси ҷониби Ӯзбекистонро оид ба таҳия ва пешбурди Қатъномаи Маҷмаи умумии СММ “Таҳким ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ” ва “Маорифпарварӣ ва таҳаммулпазирии динӣ”, инчунин Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои ҷавононро пуштибонӣ намуд.

Ба ақидаи сиёсатмадори тоҷик, муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода, натанҳо Душанбеи расмӣ, балки аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Русия, Чин, ИМА низ ба иштирок дар кори конфронси Тошканд оид ба Афғонистон омодагӣ изҳор намуданд.

«Мо ба хубӣ мефаҳмем, ки расидан ба сулҳу созиш дар Афғонистон ба рушди минтақаи Осиёи Марказӣ такони ҷиддӣ бахшида, ба ҷараёни амалисозии лоиҳаи CASA-1000 суръат мебахшад ва амниятро дар минтақаи бузург таъмин месозад», – гуфт Фаттоҳзода.

«Вохӯрӣ дар Тошканд идомаи мантиқии ҷаласаи дуюми «Раванди Кобул» аст, ки охири моҳи феврали соли равон доир гардид ва ҳамчунин ба таҳкими натиҷаҳои ҳосилшуда дар доираи талошҳои умумии байнулмилалӣ дар сатҳҳои гуногун мусоидат менамояд», – изҳор карда буд вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов зимни суханронӣ дар музокирот оид ба Осиёи Марказӣ дар Шӯрои амнияти СММ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.