Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

Дар ҳошияи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба Чин, миёни ширкатҳои ду кишвар беш аз 50 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд, ки ҷалби беш аз 8 млрд доллар ба Тоҷикистонро пешбинӣ мекунанд. Инчунин як санад миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB) бо сармояи беш аз 800 млн доллар ба имзо расидааст.

Сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин субҳи 11-уми май оғоз гардид ва он то 14-уми май идома меёбад.

Имзои беш аз 50 созишнома ба арзиши  $8 млрд

Тибқи иттилои Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, бархе аз ин ин тавофуқномаҳо дар доираи Форуми фанновариҳои иттилоотӣ таҳти унвони “Пайванди тиҷорати рақамии Тоҷикистону Чин” (Tajik-China Digital Business Connect), ки рӯзи 11-уми май дар Пекин сурат гирифт, ба даст омадаанд.

Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11-уми май бо роҳбарону намояндаҳои бархе ширкатҳои чинӣ дидор дошт. Ба иттилои расмӣ, ӯ дар ин мулоқот “ба фазои мусоиди иқтисодӣ, имкониятҳои фаррох барои рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, тамоюли бомароми тавсеаву таҳкими ҳамкории тиҷоративу сармоягузорӣ ва робитаҳои доираҳои соҳибкории ду кишвар”, таъкид кардааст.

Ҳоло, ба гуфтаи манбаъ, “ҳаҷми сармоягузориҳои чинӣ ба иқтисоди Тоҷикистон наздик ба 6 миллиард доллар расидааст, ки аз он қариб 3,5 миллиардашро сармояи мустақим ташкил медиҳад”.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди имкониятҳои ҷалби сармоя ба Тоҷикистон сухан ронда, мавқеи ҷуғрофии кишвар ва татбиқи тарҳҳои мухобиротӣ (коммуникатсионӣ) дар онро “барои ташаккули долонҳои нави нақлиётӣ, энергетикӣ ва робитаҳои байниминтақавӣ созгор” номидааст.

Ӯ изҳор доштааст, ки аз 7 миллиард доллар сармояи хориҷие, ки соли гузашта ба иқтисоди Тоҷикистон ворид шуд, ҳудуди 900 миллион ва ё 12,5%-и он аз Чин мебошад.

“Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 300 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии тақрибан 13 миллиард доллар амалӣ мегардад, ки дар бисёре аз онҳо ширкатҳои чинӣ ҳамчун паймонкор иштирок мекунанд. То имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисод фаъолият доранд”, – илова кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ соҳаҳои авлавиятдори ҳамкориро аз ҷумла соҳаҳои энержӣ, истихроҷу коркарди маъданҳо, саноат, кишоварзӣ, лоҷистик, рақамикунӣ, ҳуши маснуӣ ва рушди иқтисоди “сабз” дониста, ширкатҳои чиниро ба ҳамкории фаъол бо бахши иқтисоди Тоҷикистон даъват кардааст.

Имзои нақшаи дарозмуддати сармоягузорӣ бо арзиши беш аз $800 млн

Дирӯз, 11-уми май Эмомалӣ Раҳмон, дар шаҳри Пекин бо Зоу Ҷиайӣ, президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB) дидор кард.

Ба иттилои расмӣ, дар ин мулоқот Нақшаи дарозмуддати сармоягузорӣ миёни Тоҷикистон ва “AIIB” имзо шудааст, ки барои татбиқи он қарор аст ин бонк беш аз 800 миллион доллар ҷудо кунад.

Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон бо Зоу Ҷиайӣ

Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон навишт, ки дар дидори ҷонибҳо “ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳо” баррасӣ шуд ва Эмомалӣ Раҳмон саҳми “AIIB”-ро “дар пешбурди лоиҳаҳои муҳими зерсохтории Тоҷикистон баланд арзёбӣ” кард.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳоло дар Тоҷикистон чанд лоиҳаи муҳими зерсохторӣ татбиқ мешаванд, ки ҳаҷми умумии маблағгузории “AIIB” ба онҳо 400 миллион долларро ташкил медиҳад.

$6 миллиард гардиши мол миёни Тоҷикистону Чин

Дар идома,  Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 12-уми май дар шаҳри Пекин бо Ли Чянг (Сян), нахуствазири Чин, дидор кардааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот Чинро “шарики боэътимоди роҳбурдӣ”-и Тоҷикистон хондааст.

Ҳоло беш аз 700 ширкат бо сармояи ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон фаъолият доштааст. Ба гуфтаи манбаъ, сармоягузории Чин дар бахшҳои гуногуни саноат, аз ҷумла саноати кӯҳӣ, ҳамчунин, дар соҳаҳои энержӣ, нақлиёт, сохтмон ва кишоварзӣ рӯ ба афзоиш аст.

Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷао Леҷӣ Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ва Ли Сян

Пеш аз ин Эмомалӣ Раҳмон  бо Ҷао Леҷӣ, раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин низ мулоқот кардааст. 

Дар ин мулоқот, ки имрӯз, 12-уми май сурат гирифтааст, Эмомалӣ Раҳмон дипламатияи парлумониро “яке аз василаҳои муассир, дар таҳкиму тавсеаи ҳамкории сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву башарӣ” номидааст.

Таҳсили қариб 6 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар Чин

Инчунин, имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо Гун Сихуан, ректори Донишгоҳи Пекин дидор карда, дар ин ҷо дар назди донишҷӯён баромад кардааст.

Дар ин дидор ба ҷалби ҷавонони тоҷик ба омӯзиши илмҳои дақиқ, муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ, иқтисоди рақамӣ ва рушди ҳуши маснӯӣ дар донишгоҳҳои Чин изҳори ҳавасмандӣ шудааст.

Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти ин донишгоҳ гуфтаанд, ки ҳар сол барои донишҷуёни тоҷик 10 бурсия ҷудо мекунанд.

Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки дар Тоҷикистон ба омӯзиши забону фарҳанги Чин таваҷҷуҳ мешавад. Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳошияи  ин сафар миёни мақомоти соҳавии ду кишвар санади дахлдор дар робита ба таъсиси боз як Маркази Конфутсий дар Тоҷикистон ба имзо мерасад.  

Дар ин ҷо, ба Эмомалӣ Раҳмон шаҳодатномаи профессори фахрӣ ва лавҳаи биринҷии унвони илмӣ тақдим шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод зикр мекунанд, ки вазъият давоми як шабонарӯз пас аз супориши президент муътадил шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.