Қазияи задани наврас дар кӯдакистон. Мудири маориф гуфт, мураббиро аз кор рондаанд

Ҳодисаро додситонии Душанбе месанҷад.

Дар пайванд ба озори тифле дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, мураббии муассисаи томактабии №12 -и ноҳияи Исмоили Сомониро аз кор ронданд. Мудири шуъбаи маорифи ноҳия, аз ин мураббӣ Адиба Ашурова ном бурд ва гуфт, “маҳз ӯ кӯдаки хурдсолро шаппотӣ задааст” Тафтиши ин қазияро Додситонии шаҳри Душанбе оғоз кардааст.

Навори шаппотӣ задани як кӯдак аз сӯйи як корманди кӯдакистон рӯзи 9-уми май дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, ки таваҷҷуҳи зиёди корбаронро ҷалб кард.

Додситонии пойтахт рӯзи 10-уми май дар хабарномае гуфт, ки дар навор “эҳтимолан муносибати номатлуб нисбат ба кӯдаки хурдсол аз ҷониби мураббӣ” инъикос ёфтааст.

Кӯдакистони №12. Акс аз РВКД дар шаҳри Душанбе

Ба гуфтаи манбаъ, пас аз анҷоми санҷиш кирдори шахсони дар наворбуда, “инчунин ба амал ё беамалии роҳбарияти муассисаи мазкур баҳои ҳуқуқӣ дода мешавад”.

Ҳоло натиҷаи санҷиши ин ниҳод расонаӣ нашудааст.

Вале Ҷамшед Маҷидзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, мураббие, ки дар навор кӯдаки хурдсолро шаппотӣ мезад, Адиба Ашурова ном дошта, аз моҳи октябри соли 2025 то инҷониб дар ин кӯдакистон кор мекард. Мудир гуфт, “ӯ баъди ин қазия аз вазифа озод шуд”.

Фарзона Дамонзода, мудири кӯдакистони №12 дар шарҳи қазия ба “Азия-Плюс” гуфт, ҳодисаро “аз муаллимае, ки ҳамин ҳолатро кардааст, пурсед”.

Кӯшишҳои мо барои гирифтани назари мураббӣ бенатиҷа анҷомид. Назари волидайни кӯдак низ дар робита ба ин қазия маълум нест.

Баъди ин ҳодиса, шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар як изҳорот навишт, ки “ҳар гуна муносибати дағалона, таҳқиромез, зӯроварӣ ва хилофи меъёрҳои ахлоқию педагогӣ нисбат ба кӯдакон қобили қабул нест”.

Дар пайи марги тифли 2-сола Рухшона Исматуллоева, мудири ин кӯдакистон ба муҳлати 6 сол ва Боғигул Раҳимова, мураббияи писарбача ба 5 соли зиндон маҳкум шуданд

Вале, додгоҳ кӯдакони ноболиғ доштани ҳардуи онҳоро ба назар гирифта, иҷрои ҳукмро то 8-сола шудани фарзандонашон мавқуф гузошт. Кӯдаки мудир 3 моҳа ва тифли муррабӣ 3 сола мебошанд. Ҳукми онҳоро моҳи декабри соли гузашта Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт содир кард.

Баъди ин ҳодиса, баҳси нигоҳубини кӯдакон дар кӯдакистонҳо, рафтори мураббиҳо ва шароити зисти наврасон дар муассисаҳои томактабӣ дар ҷомеа доғ шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.