Имзои 31 санади нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чин. Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин вазъи Эрону Афғонистонро баррасӣ кардаанд

Идомаи сафари давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Чин

Дирӯз, 12-уми май Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин, сарони давлатҳои Тоҷикистону Чин дар Пекин бо ҳам мулоқот карданд ва дар пайи ин дидор 31 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Ҷонибҳо дар бораи вазъи Эрон ва Афғонистон ҳам гуфтугӯ карданд.

Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон менависад, Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин зимни музокироти дирӯза масъалаҳои ҳамкории ду кишварро дар қолабҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ кардаанд.

Аз “дӯсти азиз” то “шарики стратегӣ”

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки “муносибатҳои ду кишвар имрӯз ба таври самарабахш ва босуръати баланд дар маҷрои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ рушд меёбанд”.

Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон

Раисиҷумҳури Чин ҳамтои тоҷикашро “дӯсти азизи худ” номида, гуфтааст, ки “вохӯрии имрӯзаи мо дар вуҷуди ман эҳсосоти хеле гармро бедор мекунад”.

Беш аз 700 ширкат бо сармояи Чин дар Тоҷикистон

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар музокирот гуфтааст, ки робитаҳои иқтисодии кишварҳои мо дар соҳаҳои тиҷорат, ҳамкории сармоягузорӣ, саноат, энергетика, бахши аграрӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак пайгирона рушд меёбанд. 

“Чин аз рӯйи нишондиҳандаҳо миёни шарикони иқтисодии хориҷии кишвари мо мақоми пешсафро ишғол менамояд ва ҳоло дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 700 ширкат бо иштироки сармояи ҷониби Чин амал мекунад”, – иброз дошааст Эмомалӣ Раҳмон. 

Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин, дурнамои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, иқтисоди “сабз”, рақамикунонӣ, технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, Тоҷикистон ба зиёд кардани шумораи бурсияҳои таълимии Чин барои ҷавонони тоҷик аз рӯйи ихтисосҳои илмҳои дақиқ, муҳандисӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ҳавасманд аст.

Гуфтугӯ дар бораи вазъ дар Эрон ва Афғонистон

Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин дар бораи “вазъи хатарзо атрофи Эрон ва қазияи Афғонистон” ҳам гуфтугӯ кардаанд. Ҷузъиёти он ошкор намешавад, танҳо таъкид мегардад, ки “Тоҷикистон ҷонибдори устувори ҳалли ҳамаи низоъҳо ва ихтилофот тавассути роҳҳои сулҳомез бо истифода аз василаҳои сиёсиву дипломатӣ мебошад”.

Ҷонибҳо ҳамкории наздики худро дар чорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, бахусус дар СММ, СҲШ ва механизми “Осиёи Марказӣ – Чин” таъкид карда, таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамоҳангиҳоро дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ ва ҷинояткории киберӣ, гардиши ғайриқонунии ҳамаи навъҳои маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ муҳим донистаанд.

Дар робита ба ин аҳаммияти ташаббуси Си Ҷинпин оид ба “Идораи глобалӣ” тавассути ташаккули низоми одилонаи байналмилалӣ, ҳамчунин, пешниҳоди ҷониби Чин дар бораи таъсиси Созмони миёнҷигарии байналмилалӣ таъкид гардидаанд.

Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон

Имзои 31 санади нави ҳамкорӣ

Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Чин, тавре хадамоти матбуоти сарвари давлати мо менависад, 31 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Роҳбарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин зери Изҳороти муштараки Тоҷикистон ва Чин роҷеъ ба таъмиқи ҳамкории ҳамаҷониба ва шарокати стратегӣ – Аҳднома оид ба ҳамҷавории неку абадӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин имзо гузоштаанд.

Пасон дар мавриди таъсиси Маркази муштараки ҳамкорӣ дар татбиқи зеҳни сунъии Чин – Тоҷикистон, Парки инноватсионии илмию техникии кишоварзии Тоҷикистону Чин, Маркази омӯзиши муосирсозӣ (модернизатсия)-и Чин, ҳамчунин, барои мусоидати рушди савдои байналмилалӣ дар бораи таъсиси Шӯрои корӣ ҷонибҳо санад ба имзо расонидаанд.

Минёни дигар ниҳодҳои ду кишвар санадҳои зерин ба имзо расидаанд:

– Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин барои солҳои 2027-2028;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Чин барои солҳои 2026-2028;

– Номаҳои табодулӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Чин оид ба лоиҳаи расонидани кумаки техникӣ;

– Ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси Маркази муштараки ҳамкорӣ дар татбиқи зеҳни сунъии Чин – Тоҷикистон;

– Ёддошти тафоҳум дар бораи таҳкими ҳамкорӣ дар асоси эътимоди рақамӣ дар соҳаи тиҷорат миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Чин;

– Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Вазорати илм ва технологияи Чин оид ба густариши ҳамкории илмӣ ва инноватсионии технологӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Вазорати молияи Чин дар соҳаи идоракунии молияи давлатӣ;

– Нақшаи чорабиниҳо миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати тиҷорати Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маъданҳои “сабз” барои солҳои 2026–2028;

– Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Чин (CIDCA) оид ба татбиқи муштараки нақшаи ҳамкорӣ дар соҳаи рушди захираҳои инсонӣ барои соли 2026;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи содирот миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Бюро оид ба рушди содироти назди Вазорати тиҷорати Чин;

– Номаҳои табодулӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чин оид ба лоиҳаи гузаронидани асосноккунии техникию иқтисодии таҷдиди инфрасохтори гузаргоҳи сарҳадии Кулма;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Медиакорпоратсияи Чин;

– Созишнома миёни Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва  Шӯрои Чин оид ба мусоидати рушди савдои  байналмилалӣ дар бораи таъсиси Шӯрои корӣ;

– Харитаҳои роҳ оид ба ҳамкории илмиву техникӣ дар соҳаи метрология барои солҳои 2026-2031 миёни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Идораи давлатӣ оид ба танзими бозори Чин;

– Номаҳои табодулӣ миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Чин оид ба лоиҳаи таъмини таҷҳизоти озмоишгоҳӣ ҷиҳати муайянсозӣ ва назорати сифат дар Тоҷикистон;

– Барномаи ҳамкорӣ миёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Додгоҳи олии Чин;

Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон

– Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати манзил ва рушди шаҳру деҳоти Чин дар бораи тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон;

– Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Вазорати илм ва технологияи Чин оид ба тақвияти мубодилаи илмӣ, техникӣ ва гуманитарӣ;

– Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзӣ ва корҳои деҳоти Чин оид ба кумаки муштарак дар таъсиси Парки инноватсионии илмию техникии кишоварзии Тоҷикистону Чин;

– Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Чин барои солҳои 2026-2029;

– Протоколи ҳусни ният миёни Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Чин;

– Протокол миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Саридораи гумруки Чин дар бораи талаботи санҷиш ва карантин барои воридот ва содироти гушти мурғ миёни Тоҷикистон ва Чин;

– Протокол миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Саридораи гумруки Чин оид ба талаботи фитосанитарӣ ҳангоми содироти меваҳои донакдор (олу ва зардолу) аз Тоҷикистон ба Чин;

– Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Идораи давлатӣ оид ба танзими бозори Чин;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Медиакорпоратсияи Чин;

– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Медиакорпоратсияи Чин;

– Ёддошти тафоҳум миёни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” ва Агентии иттилоотии Синхуаи Чин оид ба ҳамкорӣ;

– Ёддошти тафоҳум миёни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон ва Академияи Чини муосир ва тадқиқоти ҷаҳонӣ оид ба таъсиси Маркази омӯзиши модернизатсияи Чин;

– Созишнома миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Фонди байналмилалии омузиши забони чинӣ ва Донишгоҳи педагогии Синзян дар бораи рушди муштараки Институти Конфутсий.

 Ёдовар мешавем, ки сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин дирӯз оғоз ёфта, пагоҳ ба анҷом мерасад. Дар бораи наҷтиаҳои ду рӯзи аввали сафари давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон ба Чин дар ин маводи мо маълумот гиред: Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.