КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Мақомоти Тоҷикистон ихроҷи даҳҳо паноҳҷӯи афғонистониро аз қаламрави кишвар тасдиқ карда, сабабҳои ин тасмимро шарҳ доданд. Хабари ихроҷи чанд паноҳҷӯ, ки дар деҳае дар вилояти Суғд иқомат доштанд, рӯзи 5-уми май нахустин бор расонаӣ шуда буд.

Сабабҳои ихроҷ ва омори ҷиноятҳо

Дар пайи вокунишҳо ба ин мавзуъ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) рӯзи 10-уми май тавассути хабаргузории расмии “Ховар” ба муроҷиати шаҳрванди Афғонистон Муҳаммад Ҳаким Турсун посух дод.

КДАМ гуфт, “онҳо новобаста аз шароити мавҷуда, аз ҷумла, макони созгори иқомат, ҷойи кор, таҳсил, амнияту осоиш талаботи қонунгузории кишварро дағалона вайрон намуданд”.

Сабаби ихроҷи бархе афғонистониҳо “ҷиноятҳои сангине” будааст, ки мақомот омори онро чунин зикр мекунанд:

– муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир – 670 маврид;

– пайравӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ – 32 маврид;

– ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба ноболиғон – 15 маврид;

– пешниҳоди ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои ба даст овардани мақоми паноҳандагӣ – 594 маврид;

– ташкили марказҳои дилхушӣ ва қиморбозӣ – 45 маврид;

– алоқамандӣ бо созмону ташкилотҳои тахрибӣ ва кӯшиши ноором сохтани вазъияти кишвари иқомат – 25 маврид.

Аммо КДАМ нагуфтааст, ки ин омори чанд вақти охир аст ва чанд мавриди он ба паноҳҷӯёни афғонистонии дар Суғд будубошдошта рабт дорад.

Қатли ваҳшиёна дар Хуҷанд: Омили аслии норозигии сокинон

Дар ҳамин ҳол, дар посухи КДАМ омадааст, “ҷинояти охироне, ки аз ҷониби шаҳрванди Афғонистон Раҳмони Муҳаммадумар содир гардид, боиси ба вуҷуд омадани норозигиҳо дар байни сокинони кишвар шуд”.

Ба навиштаи манбаъ, Раҳмони Муҳаммадумар шоми 30-юми апрели соли 2026 Воҳидова Азиза Донёрбековна, сокини маҳаллаи Чашмаи шаҳри Хуҷандро “бо бераҳмии махсус ба қатл расонд”.

КДАМ таъкид кардааст, ки “Воҳидова Азиза Донёрбековна барои ҳимояи нангу номуси худ талош намуд”, вале аз ҷониби Раҳмони Муҳаммадумар “бо ваҳшонияти хос ба ҳалокат расонида шуд”.

Раҳмони Муҳаммадумар, акс аз ВКД
“Чунин кирдорҳои ҷинояткоронаи шаҳрвандони Афғонистон ва аъмоли даҳшатноки онҳо, ки бевосита ба амнияти кишвар таҳдид доранд, боис гардиданд, ки мақомоти марбута ҷиҳати таъмини волоияти қонун ва оромии сокинон тадбири мушаххас андешанд”, – омадааст дар посухи КДАМ-и Тоҷикистон.

Пештар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам аз боздошти Раҳмони Муҳаммадумар (дар гузориши ВКД аз ӯ чун Муҳаммадумар Абдулқайюм ном бурда мешавад), шаҳрванди 22-солаи Афғонистон, ки ҳамчун паноҳанда дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд “ғайриқонунӣ” иқомат дошт, хабар дода, навишта буд, ки ӯ дар шаҳри Хуҷанд бо гумони куштори зани 29-солае дастгир шудааст.

Ба иттилои ин ниҳод, гумонбар Азиза Воҳидова, сокини шаҳри Хуҷандро “бо корди калони хоҷагидорӣ ва бо бераҳмии махсус” ба қатл расондааст. ВКД навишта буд, ки Раҳмони Муҳаммадумар аз “ҳиссиёти баланди шаҳвонӣ” ба ин кор даст зада, дар ҷойи ҳодиса дастгир шудааст.

Худи гумонбар дар навори нашркардаи ВКД эътироф мекунад, ки ба ҷисми Азиза Воҳидова 3-4 корд задааст, аммо маълум нест, ки ин навор дар кадом шароит сабт шудааст.

Сарнавишти паноҳҷӯёни Деҳмой

Дар пайи нашри ин хабар, сокинони ҷамоати Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов рӯзи 5-уми май аз ногаҳон “ғайб задан”-и ҳамсояҳои афғонистонии худ ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

То ин нашри вокуниши КДАМ, мақомоти кишвар боздошти дастаҷамъонаи онҳоро расман тасдиқ накарда, танҳо ишора карданд, ки ҳамаи хориҷиён вазифадоранд қонунҳои Тоҷикистонро риоя ва будубоши худро расмӣ кунанд.

Акнун Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бидуни зикри ҳивияти мушаххасе навишт, “ашхоси мазкур барои содир намудани кирдорҳои ҷиноятӣ, риоя накардани қонунгузории ҷумҳурӣ муттаҳам мебошанд ва барои пешгирӣ аз содиршавии ҷиноят дар оянда ин иқдомҳо гирифта шудааст”.

Ба гуфтаи КДАМ, “бештар аз 10 ҳазор хонаводаи афғонистонӣ, ки талаботи қонунҳои ҷориро риоя мекунанд, дар Тоҷикистон оромона зиндагӣ доранд ва аз ҳама имтиёзҳо бархӯрдор мебошанд”.

Дар он посух аз ҷонибдории Тоҷикистон дар мавриди амнияту субот дар Афғонистон таъкид ва зикр шудааст, ки “Тоҷикистон дар тӯли 35 сол Ватани дуюми муҳоҷирати се насли шаҳрвандони Афғонистон гардида, ба ҳуқуқу озодиҳои онҳо арҷ гузоштааст” ва “мардуми тоҷик ва мақомоти давлатӣ бо онҳо муносибати холисона доранд”.

Бовуҷуд, КДАМ таъкид кардааст, “ҷинояти охироне, ки аз ҷониби шаҳрванди Афғонистон Раҳмони Муҳаммадумар содир гардид, боиси ба вуҷуд омадани норозигиҳо дар байни сокинони кишвар шуд”.

Ёдовар мешавем, ки дар ҳудуди вилояти Суғд, ноҳияи Ҷаббор Расулов ягона ноҳияе ҳаст, ки дар он гурезаҳои афғонистонӣ кору зиндагӣ мекунанд. Ҳудуди 20 сол пеш дар ин ноҳия ҳамагӣ 4-5 оилаи афғонистонӣ гуреза шуда буд. Тибқи маълумоте, ки моҳи январи соли равон Зумрат Муталлибзода, муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов дар нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон ироа кард, ҳоло дар ин ноҳия 201 афғонистонӣ ҳамчун муҳоҷир зиндагӣ мекунанд. Он замон Муталлибзода гуфта буд, ки ҳадафи ин муҳоҷирон сафар ба кишвари сеюм аст ва муваққатан дар ин ҷой зиндагӣ доранд.

Бояд гуфт, ки дар гузашта ҳам чанд мавриди ихроҷи афғонистониҳо аз Тоҷикистон расонаӣ шуда буд. Ниҳодҳои байналмилалӣ барои ин кор мақомоти Тоҷикистонро интиқод карданд, вале Душанбе гуфт, онҳое, ки дар кишвар ғайриқонунӣ иқомат доранд, ихроҷ мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.