Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Шаҳноз Ализода, asia+

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода (КҲФ) марги Ғолибҷон Иброҳимов, сарбози 23-солаи тоҷикро дар беморхона, ки ба гуфтаи пайвандонаш сабаби ҷон бохтани ӯ “фурӯ бурдани ноогоҳонаи устухон ва беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш” аст, шарҳ дод.  Ин ниҳод, гуфтааст, ки сарбоз ба далели “хунравӣ ва илтиҳоби шикам, камхунӣ ва норасоии шадиди кори дилу рагҳо ва роҳи нафас” ҷон бохтааст.

Ғолибҷон Иброҳимов, сарбози қаторӣ дар яке аз қисмҳои низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз ноҳияи Ҳамадонӣ буд, ки рӯзи 25-уми апрел дар беморхона ҷон бохт. Сабаби марги ӯро фурӯ бурдани ноогоҳонаи устухон гуфтанд. Ӯ моҳи октябри соли гузашта ба хидмат рафта буд.

КҲФ гуфтааст, ки духтурон “фурӯ бурдани ҷисми бегона”-ро ҳамчун эҳтимоли бемории сарбоз муоина карда, ташхиси “газаки омехтаи меъдаву рӯдаи 12 ангушта, илтиҳоби рӯда ва шикам (рефлюкси дуодено-гастралӣ)”,  гузоштаанд.

Дар изҳороти кумита, ки рӯзи 30-юми апрел нашр шуд, гуфта мешавад, ки  Ғолибҷон Иброҳимов рӯзи 4-уми апрел бо далели дарди меъда ба масъулини қисми низомӣ муроҷиат кардааст ва табибон ба сарбоз доруи таскиндиҳанда гузаронидаанд.

Ғолибҷон Иброҳимов. Акс аз Радиои Озодӣ

Ин ниҳод гуфтааст, ки сарбоз дигарбора субҳи 7-уми апрел ба масъулини қисми низомӣ гуфтааст, вақти истеъмоли хӯрок “ногаҳон устухонпореро фурӯ бурдааст”. 

Ба гуфтаи мақомот, ҳамон рӯз Ғолибҷонро фавран ба Беморхонаи марказии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бурда, қафаси сина ва шикамашро ташхис (рентген) кардаанд. Вале дар акси ташхис дар шиками сарбоз ягон “ҷисми бегона” мушоҳида нашудааст.

Манбаъ гуфтааст, ки сарбоз дар вақти мураххасӣ ҳамроҳи модараш  барои муоинаи дарди меъда боз ба беморхонаи мазкур муроҷиат кардааст ва духтори ин беморхона тавсия додаанд то барои анҷоми ташхиси дақиқ ба беморхонаҳои марказии тахассусӣ ё беморхонаи низомӣ равад.

“Бо тавсияи табибони беморхона ва хоҳиши наздикону пайвандон барои ба хонаи волидонаш рафтан ба сарбоз Ғолибҷон Иброҳимов аз 7 то 10 апрели соли 2026 мурахассӣ дода мешавад”, – гуфтааст КҲФ.

КҲФ зикр кардааст, ки Ғолибҷон Иброҳимов рӯзи 14-уми апрел дар Беморхонаи низомии ин ниҳод  “бо шикоятҳои дард ва сӯзиши меъда, ҳисси вазнинӣ дар меъда, дилбеҳузурӣ, зардаҷӯш” бистарӣ шуда дар ин ҷо ташхиси  “эҳтимоли фурӯбарии ҷисми бегона” ва илтиҳоби шикаму рӯда гузоштаанд.

Ба гуфтаи ин ниҳод, сарбоз дар шуъбаи даруннигории Маркази миллии ташхису табобат (Диагностика) аз муоинаи дарунгирӣ гузаронида шуда, тибқи хулосаи тиббӣ, ташхиси “газаки омехтаи меъдаву рӯдаи 12 ангушта, илтиҳоби шикаму рӯда” гузошта шуда, гӯё табобат шудааст.

Масъулини қисми низомӣ, Ғолибҷонро рӯзи 21-уми апрел “дар ҳолати қаноатбахш” аз Беморхонаи низомии КҲФ бо сабаби беморӣ ба хонааш ба рухсатӣ фиристодаанд.

Вале дӯстонаш сарбозро рӯзи 23-юми апрел дар ҳолати вазнин ба шуъбаи эҳёгарии Беморхонаи марказии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бурда, бистарӣ кардаанд. Ба гуфтаи мақомот табибони беморхона ба сарбоз ташхиси “хунравии бисёркаратаи сурхрӯда ва меъда, камхунии дараҷаи вазнини миёна” гузошта, табобати ӯро оғоз кардаанд.

“Санаи 24-уми апрели соли 2026 зимни дар Беморхонаи марказии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ қарор доштани Ғолибҷон Иброҳимов, ҳолаташ якбора вазнин гардида, соати 03:05-и рӯзи 25-уми апрел расман фавти номбурда бо ташхиси “Аломатҳои Меллори Вейса бо оризаи хуншорӣ. хунравии бисёркарата. Камхунии дараҷаи вазнини миёна. Норасогии шадиди кори дилу рагҳо ва нафас”, ба қайд гирифта мешавад”,-гуфтааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда.

Ин ниҳод ба падару модар ва пайвандони сарбоз вобаста ба рух додани фоҷеаи мазкур изҳори таассуф карда, ҳамдардӣ баён кардааст.  

Акси марбут аз сомонаи ВКД

“Ҷиҳати муайян намудани сабабу омилҳои қазияи мазкур ва ба муҷозот кашидани шахсони гунаҳкор аз ҷониби ниҳодҳои дахлдори кишвар санҷиши пурра ва ҳамаҷониба оғоз гардида, тафтишот идома дорад”,-таъкид кардааст КҲФ.

Бори аввал дар бораи марги Ғолибҷон Иброҳимов, Радиои Озодӣ гузориш дода гуфт, ки Додситони низомии Тоҷикистон дастур додааст, қазияи дар беморхона ҷон бохтари ин сарбоз “ҳамаҷониба таҳқиқ шавад”. Манбаъ навишт, ки Ғолибҷон Иброҳимов ба хонаводааш дар паёми савтие гуфтааст, ки ҳангоми истеъмоли палав устухон фурӯ бурдааст вале афсарон бо вуҷуди дарди зиёд ба саломатиаш аҳамият надодаанд.

Тӯтигул Эшонова, модари ин сарбоз гуфтааст, ки беэътиноӣ ва бепарвои масъулини қисми низомӣ ба сиҳатии писараш, сабаби марги ӯ шудааст. Ин зан дар номае аз мақомот хостааст, омилони эҳтимолии марги фарзандашро ҷазо бидиҳанд, дар акси ҳол “маълум мешавад, ки касе парвои фарзандони моро надорад”

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки аз соли 2022 инҷониб 5 ҳолати шиканҷа дар сафи артиш ошкор шуда, дар пайи он се нафар фавтидаанд. Дар пайи ин ҳодисаҳо 5 парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шуда, 5 афсари Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Чанде қабл Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон як афсарро, ки дар марги Шоҳдил Ҷӯразода, сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гумонзад буд, ба 10 соли зиндон маҳкум кард.

Масъалаи шиканҷа дар қисмҳои низомӣ, латукӯби наваскарон ва мавҷудияти “дедовшина” то ҳол мавриди нигаронӣ буда, шикоятҳо низ кам нестанд, ки бархе расонаӣ шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 майи соли 2026

Аз таъсиси шаҳри Ӯротеппаву ансамбли "Зебо" то зодрӯзи Холиқ Мирзозода ва Холмуроди Сиддиқ.

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.