“Тамоми ҷаҳон дидори моро назорат доранд”. Си Ҷинпин ва Доналд Трамп дар Пекин беш аз ду соат гуфтугӯ кардаанд

Нуктаҳои муҳим дар гуфтугӯи раисҷумҳурони Чин ва Амрикоро гирд овардем.

Дидори Си Ҷинпин ва Доналд Трамп, раисҷумҳурҳои ду иқтисоди бузурги ҷаҳон баъди беш аз ду соат поён ёфт. Бештар аз ду баробар аз вақте, ки дар аввал барои ин музокирот барномарезӣ шуда буд. Дар ин мулоқот, ки пас аз чанд маросими бошукуҳ, субҳи имрӯз, 14-уми май, дар шаҳри Пекин анҷом шуд, ҳарду раҳбарро ҳайатҳои баландпоя ҳамроҳӣ карданд.

Доналд Трамп баъди музокирот бо Си Ҷинпин ин гуфтугӯро “олӣ” тавсиф кард. Аммо ӯ ба саволи ба такрори хабарнигорон дар мавриди он ки дар суҳабат бо ҳамтои чинияш масъалаи Тайванро баррасӣ кардааст, ё не, посух надод. Танҳо изҳор дошт, ки “ҷойи хуб, шигифтангез, Чин зебост”.

Қаблан, гуфта мешуд, ки дар ин мулоқот масъалаи фурӯши аслиҳаҳои Иёлоти Муттаҳида ба Тайван низ баррасӣ мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории давлатии Чин – “Синхуа” навиштааст, ки дар гуфтугӯ бо Доналд Трамп, Тайван “муҳимтарин масъала дар муносибатҳои Чин ва Амрико” аст.

Ҳамакнун қарор аст, ки раисҷумҳури Амрико имшаб дар зиёфати расмие, ки барои ӯ дар Чин баргузор мешавад, ширкат кунад.

Раисҷумҳури Чин дар мулоқот бо Доналд Трамп гуфт, “тамоми ҷаҳон дидори моро зери назар доранд. Дар айни замон, таҳаввулоте, ки дар як асри гузашта бесобиқа буданд, бо суръат дар саросари ҷаҳон дар ҳоли вуқуъанд ва вазъияти байналмилалӣ ноустувор ва пурталотум шудааст”.
Акс аз AFP

Си Ҷинпин афзудааст, ки ҳамеша бовараш бар ин будааст, ки Чин ва Амрико “манфиатҳои муштараки бештар нисбат ба ихтилофот доранд” ва ду кишвар “аз ҳамкорӣ фоида мегиранд, аз муқобила бошад, зиён хоҳанд дид”.

“Мо бояд шарик бошем, на рақиб. Мо бояд ба якдигар дар муваффақият ва шукуфоӣ кумак кунем ва роҳи дурусти ҳамкории қудратҳои бузургро дар асри нав пайдо кунем”, – изҳор дошт раҳбари Чин.

Доналд Трамп дар навбати худ дидор бо ҳамтои чинияшро “боиси ифтихор” донист ва афзуд, ки “ифтихор мекунам, ки дӯсти шумо ҳастам”.

Ӯ дар идома дар хитоб ба Си Ҷинпин гуфт, ки “мо муносибати хуб доштем ва ҳар вақте мушкиле пеш меомад, мо онро ҳал мекардем. Ман ба шумо занг мезадам ва шумо ба ман занг мезадед… Мардум намедонанд, аммо ҳар вақте мо мушкиле доштем, онро хеле зуд ҳал мекардем”.

Акс аз REUTERS

“Шумо раҳбари бузурге ҳастед. Баъзеҳо дӯст надоранд ман инро гӯям, аммо ин ҳақиқат дорад ва ман ҳамеша онро мегӯям”, – зикр кард Трамп.

Ӯ илова кард, ки “беҳтарин” тоҷирони ҷаҳонро бо худ овардааст ва робитаҳои Вашингтону Пекин “беҳтар аз ҳар замони дигаре хоҳад шуд”.

Раисҷумҳури Амрикоро дар ин сафар аз ҷумла Марко Рубио, вазири хориҷа, Пит Ҳегсет, вазири ҷанг ва Скотт Бессент, вазири молияи ин кишвар, ҳамчунин, ҳайати баландпояи тиҷорие аз қабили Илон Маск, роҳбари ширкатҳои “Tesla” ва “SpaceX”, Ҷенсен Ҳуанг, роҳбари “Nvidia” ва Тим Кук, раҳбари ширкати “Apple” ҳамроҳӣ мекунанд.

Ин аввалин сафари як раисҷумҳури Амрико дар ҳудуди даҳ соли гузашта ба Чин аст. Охирин маротиба ҳам худи Трамп ба ҳайси раисҷумҳури ин кишвар соли 2017 ба Чин омада буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Нархи гузариши Рустам Ятимов то 2 млн евро гарон шуд

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони дастаи футболи Тоҷикистон аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.