Таҳсини Русия барои пирӯзии Эрон дар ҷанги “нобаробар ва ноодилона”. Аббос Ароқчӣ бо Владимир Путин дидор кард

Русия рад накардааст, ки натиҷаи ин дидорро ба ҷониби Амрико мерасонад.

asia+

Шоми дирӯз, 27-уми апрел Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон дар шаҳри Санкт-Петербург бо Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар дидору гуфтугӯ кард.

Ба навиштаи расонаҳои давлатии Русия, Путин дар ин мулоқот гуфтааст, ки Маскав барои таъмини сулҳ дар Ховари Миёна ҳар кореро, ки тавонад, анҷом медиҳад.

Ӯ дар хитоб ба Ароқчӣ изҳор доштааст, ки “мо ҳар кореро, ки ба манфиати шумо (Эрон) ва дигар кишвраҳои минтақа (Ховари Миёна) бошад, анҷом хоҳем дод, то ҳарчӣ зудтар сулҳ барқарор шавад”.

Путин афзудааст, ки паёме аз Муҷтабо Хоманаӣ, раҳбари Эрон дарёфт кардааст. Вале аз ҷузъиёти он чизе нагуфт.

“Умедворем, ки мардуми Эрон бо такя ба ин ҷасорат ва талош барои истиқлол, таҳти роҳбарии раҳбари нав ин давраи душвори озмоишҳоро паси сар мекунад ва сулҳ барқарор шавад”, – гуфтааст Путин.

Владимир Путин, Акс аз Хабаргузории ҷумҳурии исломии Эрон

Ӯ, ҳамчунин, аз шуҷоати эрониҳо тавсиф карда, гуфтааст, ки “барои ҳама ҷаҳон исбот шуд, ки мардуми Эрон бо муқовимат ва ҷасорати худ тавонистанд дар баробари ҳамлаҳо ва таҷовузи Амрико муқобилият кунанд ва метавонанд ин давраро низ пушти сар гузоранд”.

Ароқчӣ дар ин гуфтугӯ робитаҳои Теҳрону Маскавро мусбат арзёбӣ карда, изҳор доштааст, ки ҳамкориҳои ду кишвар шарикии роҳбурдиро ташкил медиҳанд ва тақвият хоҳанд ёфт.

“Дар ҷанги ахир мушаххас шуд, ки Эрон дӯстону муттаҳидоне чун Русия дорад. Аз мавзеъу ҳимояти шумо ташаккур мекунем”, – изҳор дошт Ароқчӣ.

Вазири корҳои хориҷии Эрон пас аз мулоқот бо Владимир Путин дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, дидору ӯ бо раисҷумҳури Русия беш аз якуним соат тӯл кашидааст. Ба гуфтаи ӯ дар ин дидор равобити дуҷониба, минтақаӣ ва “ҷанг ва таҷовузи режими Амрико ва режими саҳюнистӣ”, мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифтааст.

“Оқои Путин низ фармуданд, ки на фақат Русия, балки акнун ҳамаи дунё дар ҳоли таҳсини мардуми дунё ҳастанд; ба хотири истодагиашон дар муқобили Амрико ва ба хотири пирӯзӣ дар ин ҷанги нобаробар ва ноодилона. Мо аз ҳимояти дӯстони руси худ дар тӯли ин ҷанг ташаккур мекунем ва иродаи Ҷумҳурии Исломии Эронро барои идомаи равобити роҳбурдӣ ва шарикии роҳбурдӣ бо Русия дар шароити ҷадид эълом мекунем”, – изҳор дошт Аббос Ароқчӣ.

Аббос Ароқчӣ, Акс аз kremlin.ru

Расонаҳои русӣ менависанд, ки Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия ин эҳтимолро рад накардааст, ки Маскав пас аз дидори Аббос Ароқчӣ бо Владимир Путин дидгоҳҳои худро ба Иёлоти Муттаҳида интиқол диҳад.

Аббос Ароқчӣ баъдан дар саҳифаи “Х”-и худ навишт, “хушбахтона иртиботи мо бо Русия дар олитарин сатҳ қарор дорад” ва таъкид кардааст, ки “мо қадрдони ҳамбастагии мавҷуд ҳастем ва аз ҳимояти Русия аз роҳи дипломатӣ ҳимоят мекунем”.

Ӯ ҳамчунин, пеш аз дидор бо Путин гуфта буд, ки Амрико ба ҳеҷ кадом аз ҳадафҳои худ дар Эрон даст наёфтааст, “ба ҳамин далел аст, ки дархости музокира кардаанд ва мо дар ҳоли баррасӣ ҳастем”.

Ёдовар мешавем, ки Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон аз 25-уми апрел ба як сафари минтақаӣ шуруъ кард, ки аз Покистон оғоз шуда, дар Уммон идома ёфт ва дар Русия ба поён расид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.