Қазоқистон бори аввал дар Осиёи Марказӣ борони сунъиро роҳандозӣ кард

Ин ба иқлим чӣ хатар дорад?

asia+

Рӯзи 17-уми майи соли равон дар вилояти Туркистони Қазоқистон лоиҳаи борони сунъӣ бо истифода аз фанновариҳо расман оғоз шуд. Дар ин бора Вазорати ҳуши маснӯӣ ва рушди рақамии Қазоқистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳадафи лоиҳа пур кардани обанборҳо, таъмин кардани об барои заминҳои кишоварзӣ бо масоҳати зиёда аз 900 ҳазор гектар мебошад.

Тавре хабаргузории “Фарғона” менависад, мақомот самаранокии лоиҳаро ҳамасола то 35 млрд танга арзёбӣ кардаанд. Ҳамзамон, Қазоқистон аввалин кишвари Осиёи Марказӣ шуд, ки ба истифодаи фанновариҳо абри сунъӣ ба вуҷуд оварда, борони сунъӣ роҳандозӣ кард.

Тибқи маълумоти расмӣ, барои вуҷуд овардани абри сунъӣ фанновариҳое истифода мешавад, ки бо ҳудуди  тақрибан 5 километр таъсири маҳаллӣ дорад: ба абрҳо аз ҳавопаймоҳо реагентҳо бар асоси намакҳо пошида мешаванд, ки дар таҷрибаи байналмилалии барои тағйирдиҳии ҳаво мавриди истифода қарор доранд. Технология барои ташаккули равандҳои бузургмиқёси ҳаво пешбинӣ нагардида, барои минтақаҳои дорои норасоии об  таъин шудааст.

Лоиҳа дар ҳамдастӣ бо Маркази миллии метеорологии Амороти Муттаҳидаи Араб амалӣ мешавад.

Ҷомеаи илмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар маҷмӯъ эътироф мекунанд, ки ба вуҷуд овардани абрҳо метавонад таъсири дохилӣ (маҳаллӣ) дошта бошад, аммо сатҳи баланди номуайянӣ ва зарурати назорати қатъиро таъкид менамоянд.

Созмони ҷаҳонии метеорология (WMO) дар гузориши навшудаи худ дар бораи тағйирдиҳии ҳаво зикр мекунад, ки ҷонибдор ва муқобили чунин фановариҳо нест, аммо ба санҷиши илмии самаранокии лоиҳаҳо, шаффофияти маълумот ва арзёбии хатарҳои эҳтимолӣ пофишорӣ мекунад. Дар ин созмон ҳамчунин таъкид мешавад, ки “weather modification”-ро набояд ҳамчун роҳи одии ҳалли мушкилоти иқлимӣ баррасӣ кард.

Акс аз торнамои baq.kz

Бино ба арзёбии WMO, дахолат ба равандҳои атмосфера метавонад аз рӯи миқёс ва вақт таъсири маҳдуд дошта бошад, дар ҳоле ки паёмадҳо барои гардиши об, тақсимоти боришот ва абрнокӣ дар минтақаҳои ҳамсоя то ҳол пурра омӯхта нашудаанд. Маҳз аз ҳамин сабаб коршиносони байналмилалӣ дар бораи зарурати мушоҳидаҳои дарозмуддат ва мониторинги мустақил сухан мегӯянд.

Аммо коршиносони масоили об дар минтақа аз таъсирҳои эҳтимолии иловагӣ (дуюмдараҷа) ҳушдор медиҳанд, аз ҷумла вайрон шудани тавозуни нозуки низомҳои экологии биёбонӣ то таъсири эҳтимолӣ ба хок, растаниҳо ва солимӣ ҳангоми ҷамъшавии дарозмуддати реагентҳо, ҳатто агар сухан дар бораи пайвастагиҳои намакӣ равад ҳам.

Дар сатҳи байналмилалӣ хатарҳои геополитикии чунин технологияҳо низ баррасӣ мешаванд. Як қатор муҳаққиқон ишора мекунанд, ки борони сунъӣ метавонад намии аллакай мавҷударо аз нав тақсим кунад ва боришотро дар як минтақа аз ҳисоби дигар ҳудудҳо зиёд намояд. Дар ҳавзаҳои обии фаромарзии Осиёи Марказӣ ин метавонад эҳтимолан сабаби баҳсҳои сиёсӣ гардад, агар кишварҳои ҳамсоя фикр кунанд, ки аз онҳо «боронро мегиранд».

Дар ин замина Созмони ҷаҳонии метеорология ва коршиносони байналмилалӣ зарурати шаффофият, мубодилаи маълумот байни кишварҳо ва гузаронидани машваратҳои минтақавиро таъкид мекунанд, бахусус дар минтақаҳои дорои тавозуни мураккаби об, аз ҷумла ҳавзаҳои Сирдарё ва Амударё.

Дар ҳамин ҳол, то имрӯз изҳороти мустақиме, ки маҳз ба ин лоиҳаи Қазоқистон дахл дошта бошад, садо надодааст.

Мақомоти Қазоқистон зимни шарҳи нигарониҳои ҷомеа дар бораи дахолат ба иқлим ва гуфтумонҳо дар бораи “боронҳои кислотаӣ” таъкид мекунанд, ки моддаҳои кимиёвии истифодашаванда таҳдидовар ва хатарнок нестанд.

Ба гуфтаи Вазорати экологияи ин кишвар, реагентҳо зуд пароканда мешаванд ва наметавонанд боиси ифлосшавии зиёди кимиёвии боришоти атмосфера гарданд.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.