Мирзо Ҳусейнов ва ҳамсараш Истамой Мадалиева, сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанде дар озмуни шаҳрии “Оилаи беҳтарин” ҷойи аввалро соҳиб шудаанд.
Дар ин бора Раёсати кор бо занони шаҳрдории Душанбе хабар дода, гуфтааст, ки маросими ҷоизасупории озмун рӯзи 15-уми май баргузор шуд.
Ду ҷойи дуюм насиби хонаводаҳои Бахтиёр Сафаров ва ҳамсараш Саодат Ғоибзода аз ноҳияи Шоҳмансур ва Давлатшоҳ Маҳмудову ҳамсараш Меҳрангез Зокирова аз ноҳияи Исмоили Сомонӣ гардидааст.

Мақоми сеюмро бошад, ба се оила – Фаёзиддин Ахметову занаш Саида Умарзода аз ноҳияи Сино, Зафарҷон Шукурову ҳамсараш Саидахон Раҳимова аз ноҳияи Сино ва Назрихуҷа Сайдалиеву хонумаш Мулиён Хайриддинзода аз ноҳияи Фирдавсӣ тақдим кардаанд.
Раёсати кор бо занони шаҳрдории пойтахт гуфтааст, ки “ғолибон бо диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд”.

Тибқи иттилои манбаъ, ғолибон аз рӯйи низомномаи зеррин муайян шудаанд:
– оилаи намунавӣ дар маҳалли зист;
– саҳми оила дар ободонии хона, кӯча, шаҳрак, маҳалла;
– солимии оила дар муносибатҳои оилавӣ;
– шароити мусоиди муҳайёгардида барои таълиму тадриси фарзандон;
– забондонӣ ва ширкати фарзандон дар озмунҳои ҷумҳурӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишӣ;
– ҷалби фарзандон ба хизмати ҳарбӣ;
– ва саҳми оила дар пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа.

Бояд гуфт, ки соли гузашта озмуни “Оилаи беҳтарин” дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор шуда буд. Аммо имсол он танҳо дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо гузаронида шудааст. Аз Кумитаи занон ва оила ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ин ниҳод озмуни “Оилаи беҳтарин”-ро дар минтақаи Рашт баргузор ва ба хонаводаҳои беҳтарин диплому туҳфа тақдим кардааст. Вале касе ғолиби ҷойҳои ифтихорӣ нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки озмуни “Оилаи беҳтарин” аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон гузаронида шуда, дар се марҳила шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.





