Оҷонсии “Тоҷикстандарт” аз ошкор кардани хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” дар мағозаҳои кишвар хабар дода гуфтааст, ки миқдори муайяни ин маҳсулотро аз фурӯш гирифтаанд. Дар пайи ин, аз сокинон хостааст, ки аз истифодаи хамираҳои дандоншӯии қалбакӣ худдорӣ карда, маҳсулоти аслиро харанд.
Ин ниҳод бо нашри як огоҳӣ имрӯз, 15-уми май гуфт, ки маҳсулоти қалбакӣ дар асоси муроҷиати расмии ширкати истеҳсолкунандаи хамираи дандоншӯии “SPLAT”“аз муомилот ва аз нуқтаҳои савдо гирифта мешавад”.
“Тоҷикстандарт” таъкид кардааст, ки миёни тоҷирон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, миқдори муайяни маҳсулоти қалбакиро аз муомилот гирифтаанд ва бозхонди он идома дорад.
“Аз шаҳрвандон ва истеъмолкунандагон талаб карда мешавад, ки аз маҳсулоти аслии ширкати “SPLAT” харидорӣ намуда аз хариди маҳсулоти қалбакӣ, худдорӣ кунанд. Зеро маҳсулоти қалбакӣ ба ягон талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, сифат, бехатарӣ ҷавобгӯ намебошад”, – навиштааст манбаъ.
Ин ниҳод бо нашри аксҳо тафовут миёни хамираҳои дандоншӯии аслӣ ва қалбакиро нишон дода, аз шаҳрвандон талаб кардааст, ки маҳсулоти аслии ин ширкатро харанд.
Дар зер бо намунаи маҳсулоти қалбакӣ ва аслии ин маҳсулот бо забони русӣ шинос шавед. Мутаассифона ин ниҳод ин маълумотро бо забони тоҷикӣ нашр накардааст:
Оҷонсии “Тоҷикстандарт” қаблан низ дар робита ба бозпас гирифтани бархе маҳсулот аз бозору мағозаҳо хабар дода буд. Аз ҷумла чанде пеш, ба шаҳрвандон ҳушдор дода буд, ки баъзе силсила (партия)-и ғизои кӯдаконаи тамғаи “Нутрилон” ва “Малютка”-ро, ки ширкати “DANONE” истеҳсол мекунад, истифода набаранд ва агар харидорӣ карда бошанд, бозпас баргардонанд.
Пештар аз ин дар кишвар баъзе силсилаҳои ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” низ, ки “Nestlé” истеҳсол мекунад, бозхонд ва аз фурӯш гирифта шуда буд.





