Коргоҳи партовкашонии шаҳри Хуҷанд имрӯз ягон партовкаш надорад. 60 воҳиди кории ин коргоҳ ҳоло холӣ ва мунтазири коргар будааст.
Чаро ин коргоҳ партовкаш надорад ва партовҳои шаҳри Хуҷанд аз ҷониби кӣ ва чӣ гуна тоза мешаванд? Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз мавҷуд набудани коргар дар ин коргоҳ ва мушкили пешомада ба “Азия-Плюс” хабар дод.
“Коргари кироя мегирем”
Ба гуфтаи Иқболхӯҷа Султонов, дар ин коргоҳ 211 воҳиди корӣ ҷудо шудааст, ки 60 адади он партовкаш аст. Ҳоло ҳамаи воҳиди кории партовкашҳо комилан холӣ буда, се сол инҷониб ягон коргар надорад.
Султонов мегӯяд, аз сабаби набудани коргар маҷбуранд, ки ҳамарӯза аз мардикорбозор коргар кироя гиранд ва ё худи ронандагони мошини партовкашонӣ ба партовборкунӣ низ машғул шаванд.

“Ҳар рӯз барои тоза кардани партовҳо аз мардикорбозор коргари кироя мегирем, як мошин бор кунад 100 сомонӣ ва дар як рӯз 3-4 мошин бор кунад 300-400 сомонӣ мегирад. Аммо вақтҳои охир вақте мошини партовкашонӣ ба назди мардикорон меравад, корҷӯён аз кори партовтозакунӣ ҳазар мекунанд, розӣ намешаванд” – афзуд ҳамсуҳбати мо.
Ба қавли ӯ, азбаски коргар намеёбанд, ронандагон маҷбур мешаванд ҳам ронандагӣ ва ҳам партовҳоро тоза кунанд.
“Маош то 8 ҳазор сомонӣ, вале коргар намеояд”
Ин масъул иддао мекунад, ки барои ҳалли ин мушкил дар ҳар ҳисоботи семоҳаи худ ба ҳукумати шаҳри Хуҷанд ва раёсатҳои шуғли аҳолӣ муроҷиат мекунад, аммо бенатиҷа аст.

Ба қавли номбурда, маоши моҳонаи кормандони ин корхона аз 3 ҳазор то 8 ҳазор сомонӣ аст, “вале бо вуҷуди хуб будани маош мушкилоти кадрӣ бадтар мешаваду беҳтар не”.
“Як кормандани идора агар як мошин партов бор кунад, 80 сомонӣ ва дар як рӯз се мошин бор кунад, 240 сомонӣ мегирад, яъне дар як моҳ беш аз 7000 сомонӣ мегирад. Аз руйи реҷаи корӣ, кӯчаҳои протоколӣ дар як шабонарӯз се бор ва микроноҳияҳо дар як шабонарӯз як бор аз партов тоза карда мешаванд”, – илова кард Иқболхӯҷа Султонов.
Ӯ далели дар ин вазифа пайдо нашудани коргар ва бетаваҷҷуҳии коргаронро ба зиёд шудани шуғл дар сохтмон рабт медиҳад. Ба қавли ӯ, коргарон “нисбат ба кори партовкашонӣ, ки як соати муайяни корӣ дорад, ба кори сохтмон ва дигар соҳот афзалият медиҳанд”.





