Дирӯз, 12-уми май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷамъбасти маъракаи иттилоотии “Зиреҳ” баргузор шуд, ки мақсади он ташкили фазои бехатару солими маҷозӣ барои наврасон дар интернет, тарғиби саводи расонаӣ ва баланд бардоштани сатҳи тафаккури интиқодӣ аст.
Дар чорабинӣ, намояндагони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Додситони кулли Тоҷикистон, Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, коршиносону рӯзноманигорон, равоншиносон ва волидайни наврасон ширкат карданд.
Дар доираи корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки 10 моҳ идома кард, одатҳои рақамӣ, хавфҳо ва таҷрибаи наврасону волидайни онҳо омӯхта шуда, 30 мусоҳиба бо сокинони Душанбе, вилоятҳои Суғд ва Хатлон гузаронида шуд.
Манижа Анварӣ, директори иҷроияи Гурӯҳи расонаҳои “Азия Плюс” гуфт, “Зиреҳ” ба пешгирии наврасон аз хабарҳои бардурӯғ ва ҷаълӣ равона шуда, то андозае тавонист ба рушди саводи расонаӣ, дастгирии равонӣ, ҳамкории оила бо мактаб, ҷомеа ва давлат саҳм гузорад.
“Зиреҳ” ин ҳалли ниҳоии ҳамаи мушкилот нест, аммо ин як қадам барои шунидани садои наврасон аст”, – гуфт ӯ.

Фердинанд Йенрих, саркори муваққатии Иттиҳоди Аврупо зикр кард, ки “дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон мехоҳем шароитеро фароҳам созем, ки интернет неруе барои некӣ боқӣ монад – василаи омӯзиш бошад, на зарар, воситаи муттаҳидсозӣ бошад, на маҷбуркунӣ.”
“Бо нигоҳи нек ба оянда ва арзёбии дастовардҳои “Зиреҳ”, биёед аз худ бипурсем: қадами баъдӣ чист? Чӣ тавр метавонем чунин лабораторияҳои сайёри омӯзиширо дар саросари манотиқи кишвар густариш диҳем? Чӣ тавр метавонем саводи расонаиро дар низоми омӯзишии Тоҷикистон ба як бахши муҳиму ҳатмӣ табдил диҳем? Ва чӣ тавр метавонем ин ангеза ва ҳаракатро ҳифз кунем, то ҳеҷ навҷавоне дар баробари таҳдидҳои интернет эҳсоси танҳоӣ накашад?”, – суол гузошт ӯ.
Ӯ гуфт, ки Иттиҳодияи Аврупо дар ҳамкорӣ бо Тоҷикистон барои ёфтани посух ба ин суолҳо содиқ мемонад.
“Мо бо ҳам метаванем коре кунем, ки интернет ба макони нерӯ барои хайр, абзоре барои омӯзиш ва василае барои пайвандҳо ва ҳамбастагӣ табдил ёбад, на ба ҷойи осебҳо ва хатарҳо”, – таъкид кард Фердинанд Йенрих.

Маҳпора Киромова, ҳамоҳангсози лоиҳа дар бораи корзори иттилоърасонӣ ва мушкилоте, ки дар раванди он ошкор шуд, иттилоъ дода, зикр кард, ки зимни мусоҳибаҳои инфиродӣ бо наврасон маълум шуд, ки дустони маҷозии онҳо аз дӯстони воқеӣ ё ҳузурӣ бештаранд. Ба гуфтаи ӯ, наврасон дар бораи қариб 70% дӯстони маҷозиашон маълумот надоранд ва ин далолати сатҳи пасти саводи расонаӣ аст.
“Наврасон гуфтанд, ки ба шахсони ношинос дар бораи мушкилоти худ ҳарф задану дарди дил кардан, осонтар аст. Зеро шахси ношинос сарзаниш ва танқид намекунад. Ин далолат аз нобоварии наврасон ба волидайнашон аст”, – гуфт номбурда.

Ӯ пешниҳод кард, ки волидайнро мебояд дарк кунанд, ки барои наврасон дунё ба олами ҳузурию маҷозӣ тақсим намешавад ва ҷудо кардани онҳо аз олами маҷозӣ дуруст нест.
Меҳрангез Султонзода, масъули пешбурди маъракаи иттилоотӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ зикр кард, ки дар 10 моҳи татбиқи лоиҳа 52 мавод нашр гардид, ки таваҷҷуҳи беш аз 3 миллион тамошобинро ҷалб кард. Дар чорабиниҳои лоиҳа беш аз 400 наврас ширкат карданд.
Ӯ гуфт, ки бахши сербинандаи лоиҳа “Рӯзномаи наврас” буд, ки дар он 10 қаҳрамон аз мушкилоте, ки дар интернет рӯ ба рӯ шуданд, нақл карданд.
“Мусоҳибаҳои мо нишон дод, ки ҳамагӣ 30% наврасон омодаанд, ки ҳангоми дучор шудан бо хатари интернетӣ ба калонсолон муроҷиат кунанд. Аммо бештари калонсолон низ саводи кофии расонаӣ надоранд ва наметавонанд ба фарзандашон саривақт ёрӣ кунанд”, – гуфт Султонзода.

Номбурда зикр кард, маводҳое, ки дар доираи лоиҳа омода шуд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамовозӣ пайдо карданд ва ҳатто волидайн нисбати хатарҳои интернетӣ бетаваҷҷуҳ набуданд, ки ин лоиҳаро барои калонсолон низ ҷолиб кард.
Яке аз қаҳрамонҳои лоиҳа, ки писараш ба кибербулинг рӯбарӯ шуд, гуфт, дар бораи “Зиреҳ” аз шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳ шуд ва ба хотири он ки фарзандони дигарон ба чунин ҳолат наафтанд, воқеае, ки ба сари писараш омад, нақл кард. Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки волидайни дигар паёми вайро мешунаванд ва ба фарзандонашон бештар таваҷҷуҳ мекунанд.
Ба таъкиди вай, наврасон ба “чат-бот” саволҳои эҳсосӣ, мисли таҳдид бо аксҳои маҳрамона низ ирсол кардаанд. Ҳатто савол додаанд, ки чаро волидайн телефони онҳоро тафтиш мекунанд.
Ба гуфтаи Гулов, агар ҳамаи саволҳо мазмунан таҳлил шавад, ҳамагӣ се мавзӯ бештар баррасӣ шуд: шикастани саҳифа, қаллобӣ ва таҳдиди интернетӣ.
“Дар “чат-бот” аз омӯзгорон низ саволҳои зиёд омадааст. Он метавонад боз ҳам фарохтар шавад ва барои пешгирии терроризм ба ниҳодҳои мисли прокуратура кумак расонад”, – гуфт Рустам Гулов.

Дар анҷом, муҳокимаи ширкаткунандаҳои чорабинӣ баргузор гардида, зимни он масъалаҳои марбут ба амнияти рақамии наврасон ва роҳҳои ҳифзи онҳо дар фазои маҷозӣ баррасӣ шуданд. Пешниҳод карда шуд, ки мақомоти дахлдор ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва волидайнро барои баланд бардоштани саводи рақамии наврасон тақвият бахшанд.
Ёдовар мешавем, ки маъракаи иттилоотии “Зиреҳ” аз ҷониби Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” бо маблағгузории Иттиҳоди Аврупо амалӣ гардид.








