Бар асоси назарсанҷии густурдае, ки соли гузашта миёни 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон гузаронида шудааст, соҳаи тандурустӣ дар шохиси умумии ниҳодҳои фасодзада ҷойи сеюмро ишғол кардааст. Тақрибан 16,7 дарсади ҳамаи пурсидашудагоне, ки бо фасод дучор шудаанд, сохторҳои ин соҳаро ном гирифтаанд.
Аз миёни ҳамаи онҳое, ки дар соҳаи тандурустӣ бо фасод рӯбарӯ шудаанд, 24,6 дарсад таваллудхонаҳоро ба фасод омехта гуфтаанд. Ин баландтарин нишондод дар дохили соҳаи тандурустӣ аст.
Беморхонаҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ бо 15,7 дарсад ва марказҳои саломатӣ бо 14,5 дарсад дар ҷойҳои дувум ва сеюм қарор доранд. Бунгоҳҳои тиббӣ 8,2 дарсад ва беморхонаҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ 7,5 дарсадро ташкил доданд.
Раёсатҳои тандурустии маҳал 5,2 дарсад ва Хадамоти санитарию эпидемиологӣ 4,8 дарсад ва Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 3,2 дарсадро ташкил доданд.
Аҳолии Тоҷикистон ҳатто идораи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро бо фасодхурӣ муттаҳам кардаанд: ин нишондиҳанда 2,4 дарсад аст.
Маълумот дар бораи ҳамаи соҳаҳо тандурустиро дар иттилоънигошти мо бубинед:
“Азия-Плюс” барои гирифтани назари Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба маркази матбуоти ин ниҳод муроҷиат кард, вале то лаҳзаи пахши ин хабар посух дарёфт накард. Дар сурати пешниҳоди мавқеи ин ниҳод, “Азия-Плюс” ҳозир аст онро мунташир кунад.
Бояд гуфт, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Оҷонсии зидди фасод дар мавриди ришвахӯрӣ соли 2025 миёни 10 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон назарсанҷии мазкурро гузаронидаанд, ки натиҷаи он мақомотро нигарон кардааст: беш аз 35 дарсади аҳолӣ бо ҳолатҳои фасод рӯбарӯ шудаанд. Аз ин миён, тақрибан 26 дарсади шаҳрвандон иқрор шуданд, ки барои ҳалли мушкилоти худ маҷбур шудаанд пора диҳанд.
Бар асоси як назарсанҷӣ, соҳаи маориф дар радабанди умумии ниҳодҳои фасодзада зинаи аввалро ишғол кардааст. Тақрибан 20% пурсидашудагон гуфтаанд, ҳангоми муроҷиат ба соҳаи маориф бо порагирӣ ё тамаъҷӯӣ рӯбарӯ шудаанд. Вазорати маориф мегӯяд, натиҷаи назарсанҷиро барои таҳлил ва такмили соҳа истифода мебарад, аммо дар баробари ин, ба фарогирии зиёди соҳа ишора мекунад.
Ин таҳқиқоти ҷомеашиносӣ инчунин муайян кардааст, ки Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) дар шохиси мақомоти ба фасод олудашуда дар ҷойи дуюм меистад. Аз ҷумла, аз ҳар 5 нафаре, ки дар ВКД бо фасод рӯбарӯ шудаанд, дутои он маҳз ба кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) пора додаанд. Назари ин ниҳод то кунун ба натиҷаи ин тадқиқот маълум нест.
Ба ришва даст задан яке аз масъалаҳои доғ миёни ҷомеаи кишвар аст. Мардум дар он назарпурсӣ сабаби асосии густариши фасодро дар маоши паст ва шароити душвори зиндагӣ (25,6%) мебинанд. Ҳамчунин, кӯшиши ба даст овардани даромади иловагӣ аз ҷониби кормандон низ яке аз омилҳои асосӣ номбар шудааст.
Нуктаи нигаронкунанда ин аст, ки 86 дарсади одамоне, ки бо фасод рӯбарӯ мешаванд, ба ягон мақомот шикоят намекунанд. Сабабҳо гуногунанд:
- Қисме аз мардум рақамҳои телефонҳои бовариро намедонанд;
- Гурӯҳе шикоят карданро кори бефоида меҳисобанд;
- Ва бархеи дигар ҳам ба худи мақомот боварӣ надоранд.
Бо вуҷуди ин вазъият, беш аз 60 дарсади шаҳрвандон изҳор доштаанд, ки омодаанд барои решакан кардани ин зуҳурот бо мақомот ҳамкорӣ кунанд.





