Интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз прокуратура барои назорати сусти низоми бонкӣ

Дар арафаи ҷашни иди касбии кормандони мақомоти Прокуратураи ҷумҳурӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва дигар масъулини ниҳоди мазкур мулоқот доир кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст дар саҳни ҳавлии Прокуратураи генералӣ Сарвари давлат ба кормандони мақомоти прокуратураи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои мамлакат  калиди 18 мошини нави сабукрав ва 3 мошини […]

Asia-Plus

Дар арафаи ҷашни иди касбии кормандони мақомоти Прокуратураи ҷумҳурӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият ва дигар масъулини ниҳоди мазкур мулоқот доир кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст дар саҳни ҳавлии Прокуратураи генералӣ Сарвари давлат ба кормандони мақомоти прокуратураи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои мамлакат  калиди 18 мошини нави сабукрав ва 3 мошини бо таҷҳизоти криминалистӣ муҷаҳҳазро барои истифодаи хизматӣ тақдим кард.

Зимни суханронӣ дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи мақомоти прокуратураи Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи кормандони мақомотро бо иди касбӣ ва фарорасии ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки Конститутсияи Тоҷикистон назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро ҳамчун салоҳияти истисноии прокуратура муқаррар карда, ягон мақом ё шахси мансабдори дигар чунин салоҳиятҳои васеъро надорад.

Ба гуфтаи Сарвари давлат, ҳукумати мамлакат бо дарназардошти нақши муҳимми мақомоти прокуратура дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа, барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, моддиву техникӣ ва кадрии он тадбирҳои зарурӣ андешида, музди меҳнати кормандони мақомот танҳо дар даҳ соли охир панҷ баробар зиёд гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки тибқи таҳлилҳо содиршавии ҷинояти худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин ва сохтмони худсарона торафт афзуда, дар даҳ соли охир қариб понздаҳ баробар зиёд шудааст.

«Бинобар ин, ба Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ ҷиҳати пешгирӣ кардани ишғоли худсаронаи қитъаҳои замин, ҳифзи заминҳои корам, сари вақт ошкор ва пешгирӣ намудани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо, алалхусус, ҷиноятҳои коррупсионӣ дар ин самт тадбирҳои қатъӣ андешанд», – гуфт Сарвари давлат.

Дар робита ба масъалаи вазъи мавҷуда дар низоми имрӯзаи бонкӣ Президенти мамлакат зикр кард, ки вақтҳои охир баъзе бонкҳо ва муассисаҳои молиявӣ дар натиҷаи саҳлангорӣ ва ҳатто ноуҳдабароӣ имконияти пардохти қарзҳо ва баргардонидани пасандозҳои аҳолиро қариб аз даст додаанд.

«Ин ҳолат низ гувоҳӣ медиҳад, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор ва прокурорҳо назоратро дар ин масъала суст ба роҳ мондаанд», – гуфт Президент.

Сарвари давлат ба масъалаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ низ дахл карда, таъкид дошт, ки нақши мақомоти прокуратура дар ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм бисёр муҳим мебошад.

«Ба анҷом расидани задухӯрдҳои мусаллаҳона дар ҳудуди Ироқ ва Сурия маънии пурра барҳам хӯрдани ташкилоти террористии ба ном “Давлати исломӣ” ва дигар созмонҳои террористиро надорад ва набояд боиси хотирҷамъиву ғафлати сохтору мақомоти дахлдор гардад», – таъкид намуд Пешвои миллат.

Ҳамчунин қайд шуд, ки мақомоти прокуратура дар даҳ соли охир бо сабаби риоя накардани муқаррароти Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 26 ҳазору  300 нафарро ба ҷавобгарии интизомиву маъмурӣ кашида, нисбат ба се ҳазор нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудаанд.

«Бо вуҷуди ин, риояи қонуни зикршуда ҳанӯз ҳам ба меъёри рафтори волидон ва омӯзгорон табдил наёфта, аз ҷониби онҳо дар бисёр ҳолатҳо сарфи назар мегардад, ки ин боиси содир гардидани ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон мегардад», – зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.

Ба Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дастур дода шуд, ки фаъолияти худро дар самти назорати риояи муқаррароти Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ» боз ҳам пурзӯр намуда, ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.