Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

asia+

Мушкили забони шиору овеза ва эълону таблиғ, оммавӣ нашудани барномаи “Ислоҳнигорӣ”, мутобиқат накардани “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” бо “Фарҳанги забони тоҷикӣ”, ки аз масоили баҳсии забон дар чанд соли охир дониста мешавад, бори дигар дар маҷлиси парлумон баррасӣ шудааст.

Сахидод Раҳматуллозода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот рӯзи 23-юми апрел дар муҳокимаи парлумонӣ аз натиҷаҳои марҳилаи аввали “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2025-2030”  ҳисобот дода, аз иқдомҳое, ки давоми солҳои 2020-2025 Кумита амалӣ кард, ҳарф задааст.

Аммо Барно Саидвализода, раиси Кумитаи парлумон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон аз иҷро нашудани баъзе бандҳо нигаронӣ кардааст.

Ин чӣ барнома аст ва иҷрои кадом дастурҳоро пешбинӣ мекунад, то имрӯз кадом бандҳои он дар амал татбиқ шуданд ва аз иҷрои кадоме аз онҳо нигаронӣ карда мешавад? Оё ҳарф ва изтироби ҷомеа аз мушкили забони давлатӣ шунида шуд?

5 миллион сомонӣ барои татбиқи барномаи рушди забони давлатӣ

“Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2025-2030” аз ду марҳила иборат буда, марҳилаи аввали он то соли 2025-ро фаро мегирифт.

Ба қавли Сарвар Қурбониён, муовини вазири молияи кишвар барои татбиқи ин барнома дар умум 5 миллион сомонӣ, аз ҷумла 3,1 миллион сомонӣ аз буҷети давлатӣ ва 1,9 миллион сомонӣ аз ҳисоби грантҳо ва дигар сарчашмаҳо пешбинӣ шудааст, ки “ба суратҳисоби вазорату идораҳои масъул равона мегардад”.

Номбурда афзуд, то соли 2025 барои татбиқи барнома аз ҳисоби буҷети давлатӣ 1,1 миллион сомонии пешбинишуда ҷудо шудааст.

Аммо дар бораи миқдори пули аз дигар сарчашмаҳо бадастомада иттилоъ дода намешавад.

Ҳамчунин, мушаххас гуфта намешавад, ки барои иҷрои кадом иқдом чӣ қадар маблағ харҷ шудааст.

Иддаои раиси Кумитаи забон аз иҷрои чанд банд

Сахидод Раҳматуллозода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар муҳокимаи парлумонӣ аз иҷрои якчанд бандҳои барнома гузориш додааст. Ба қавли ӯ,

– қабули “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ”;

– тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон”;

– нашри “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ”;

– нашри “Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ”;

Сахидод Раҳматуллозода, акс аз "Азия-Плюс"

– таҳияи барномаҳои “Ислоҳнигорӣ ва усулҳои дурустнависӣ”;

– танзими “Мozilla Firefox” бо забони тоҷикӣ;

– таъсиси “Маркази миллии тарҷума” дар назди Кумита;

– мақоми расмӣ пайдо кардани забони имову ишора;

– таҳияи фарҳанги русӣ-тоҷикӣ ва дигар фарҳангномаҳо аз муҳимтарин корҳои иҷрошуда дар доираи марҳилаи аввали барнома будаанд.

“Камбудҳо аён”

Барно Саидвализода, раиси Кумитаи маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон аз “сатҳи умумии иҷрои барнома” нигаронӣ кардааст.

Ӯ бо такя ба иттилои Палатаи ҳисоби кишвар гуфтааст, то поёни соли 2025 танҳо 35,2 дарсади нақшаи амали барнома иҷро шудааст, ки “боиси ташвиш” мебошад.

Барно Саидвализода, акс аз "Ховар"

Саидвализода дар баробари зикри баъзе дастовардҳо, гуфтааст, дар марҳилаи аввал “як қатор мушкилоти ҷиддӣ низ ошкор шудааст. Аз ҷумла, дар ҳисоботе, ки Кумита пешниҳод кардааст, аксари маълумот умумӣ буда, натиҷаи иҷрои бандҳо дақиқ пешниҳод нашудааст.

Забони шиору овеза ва эълону таблиғ

Ба қавли Саидвализода, яке аз бандҳое, ки иҷро нашудааст, нашри дастурамали шиору овеза ва эълону реклама будааст.

Ин мушкилест, ки солҳо инҷониб аҳли зиё ва умуман ҷомеаи Тоҷикистонро нигарон кардааст. Баҳсҳо атрофи забони эълону таблиғ ва лавҳаю овезаҳо, мутобиқат накардани онҳо бо меъёри забони тоҷикӣ ва номвожаҳои ғайритоҷикӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ чанд вақти охир тунд баҳс мешавад.

Забоншиносон низ аз хатарҳои истифодаи номвожаҳои ғайритоҷикӣ дар навиштаҷоти лавҳаю овезаҳо мегӯянд ва таъкид мекунанд, ки “Шаҳрро мисли Амрикову Туркия оро додаанд”.

Ахиран вакилони парлумон ба “Қонун дар бораи забони давлатии Тоҷикистон” тағйирот ворид карданд, ки дар Тоҷикистон эълону реклама, лавҳаю овеза, нархнома, борчаспҳо, навиштаҷот ва маводи дигари аёнии иттилоотӣ ба забони тоҷикӣ бояд навишта шаванд. Ин тағйиротро раисҷумҳури Тоҷикистон низ имзо кард.

Барномаи “Ислоҳнигорӣ” чаро то ҳол оммавӣ нашуд?

Ваъдаи оммавӣ шудани барномаи “Ислоҳнигорӣ”, ки бо гузашти 4 сол аз эълони таҳияи он ҳанӯз дастраси корбарон нашудааст, ҳамасола дар нишастҳои матуботӣ аз ҷониби масъулин шунида мешавад. Ахиран интизор мерафт, ки он бо нашри китоби “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” таҳия ва ба истифода дода мешавад, аммо соли гузашта “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” мунташир шуд, вале барнома ҳанӯз оммавӣ нашудааст.

Гарчанде Сахидод Раҳматуллозода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот дар суханронии худ дар назди вакилон иддао кардааст, ки ин банди барнома иҷро шуд, вале Барно Саидвализода аз таҳким нашудани он эрод гирифтааст.

“Дар самти рушди технологияҳои забонӣ гарчанде баъзе иқдомот, аз ҷумла таҳияи барномаҳои компютерӣ зикр шуданд, аммо онҳо ҳанӯз хусусияти пилотию маҳдуд доранд ва ба истифодаи васеъ дар самти миллӣ нарасидаанд”, – афзудааст ӯ.

Соли чорум аст, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон бо пеш овардани баҳонаҳои гуногун худро дар истифода қарор нагирифтани барномаи “Ислоҳнигорӣ” “сафед мекунад”. Аввалин маротиба моҳи августи соли 2022 Кумитаи забон ва истилоҳот аз таҳияи ин барнома иттилоъ дода, гуфта буд, ки барнома дар арафаи Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон (5-уми октябри соли 2022) дастраси корбарон мешавад. Моҳи феврали соли 2024 бошад, дар ин ниҳод иттилоъ доданд, ки “Ислоҳнигорӣ” то ҷашни Наврӯз фаъол мешавад. Баъдан ваъда шуд, ки баъди нашри “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” он ба истифода дода мешавад. Аммо ин ҳама муҳлати гуфтаи масъулини Кумита гузашту барнома то ҳол дастраси ҷомеа нашудааст.

Сарчашмаи баҳси ҳарфи “Ӯ” ба парлумон ҳам рафт

Яке аз эродҳои Барно Саидвализода дар робита ба баҳсу нигарониҳои охир атрофи нашри “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ” ва идомаи баҳси “у” ва “ӯ” аст.

Ӯ аз мутобиқат накардани “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ”, ки соле пеш нашр шуд, бо “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобат”, ки соли 2021 мунташир шуда буд, интиқод кардааст.

Сохтаи ҳушвора

Ин масъала баъди нишасти хабарии ахир дар моҳи январи имсол ва иваз шудани навишти баъзе калимаҳо дар “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ”, бахусус, ҳарфи “ӯ” ба “у” дар навишти баъзе калимаҳо баҳсбарангез шуд.

Яъне навишти калимаҳо дар “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ”, ки соли гузашта нашр шуд, бо “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ”, ки соли 2021 ба чоп расида буд, мухолифат мекунад. Масалан, дар аввалӣ дар калимаҳои ҳамреша бо “омӯз”, аз ҷумла, “омӯзгор”, “омӯхтан” ва “омӯзиш” ҳарфи “ӯ” ба “у” иваз шудааст ва зидди “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” аст, ки соли 2021 аз ҷониби худи ҳамин ниҳод нашр шуда буд.

Имлои ҳарфи “ӯ” дар забони тоҷикӣ солҳо инҷониб баҳс мешавад ва донишмандон низ дар ин масъала андешаҳои мухталиф доранд. Чанде пеш дар саҳифаи фейсбук низ сари калимаи “пажӯҳиш”, ки дар фарҳанги нав “пажуҳиш” навишта шудааст, баҳс ба миён омад ва аксар донишмандон ба далели вожаи сирф тоҷикӣ будани он, бардоштани ҳарфи “ӯ”-ро аз ин калима қабул надоштанд.

Ҳамчунин, дар муҳокимаи парлумонӣ иҷро нашудани банди дигари барнома – таҳия ва нашри “Фарҳанги орфоэпии забони тоҷикӣ” аз камбуди дигар номбар шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар умум, дар марҳилаи аввали татбиқи барнома иҷро нашудани баъзе бандҳо бо сабабҳои гуногун зикр шуда, барои марҳилаи дуюм андешидани чораҳо зарур дониста шудааст.

Аммо посух ва ё вокуниши Кумитаи забон ва истилоҳот ба ин эродҳо ва сабаби иҷро нашудани ин бандҳо маълум нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.