Калимаҳои тоҷикии ғалатро ислоҳ мекунад. Дар “Word” барномаи “Ислоҳнигорӣ” роҳандозӣ мешавад

Кумитаи забон ва истилоҳоти  назди ҳукумати кишвар барномаи компютерии «Ислоҳнигорӣ» -ро таҳия кардааст, ки дар асоси он, акнун калимаҳои тоҷикие, ки дар барномаи “Microsoft Word” нодуруст навишта мешавад, ба таври автоматӣ ислоҳ мекунад. Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси кумитаи забон, имрӯз, 1 август дар нашасти матбуотӣ гуфт, ин барнома дар заминаи Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ, ки тӯли […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Кумитаи забон ва истилоҳоти  назди ҳукумати кишвар барномаи компютерии «Ислоҳнигорӣ» -ро таҳия кардааст, ки дар асоси он, акнун калимаҳои тоҷикие, ки дар барномаи “Microsoft Word” нодуруст навишта мешавад, ба таври автоматӣ ислоҳ мекунад.

Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси кумитаи забон, имрӯз, 1 август дар нашасти матбуотӣ гуфт, ин барнома дар заминаи Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ, ки тӯли шаш моҳ аст аз ҷониби гурӯҳи корӣ омода шуда истодааст, таҳия гардида, дар арафаи Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон пешкаши корбарон мегардад.

«Мутаассифона, дар системаи компютерии имрӯза чанд ҳарфи тоҷикии мо нест. Вақте мо ба забони русӣ ё англисӣ ягон матнро ҳуруфчинӣ мекунем, агар ғалат бошад, шакли дурусташ пешниҳод мегардад. Ҳангоми навиштани матни тоҷикӣ чунин имконият ҳоло нест. Мо инро барномаи “Ислоҳнигорӣ” меномем ва баъди таҳияи ин барнома камбудии ҷойдошта бартараф мешавад», – гуфт ӯ.

Ба таъкиди раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, барномаи “Ислоҳнигорӣ” дар шакли аввал ҳудуди 72 ҳазор калимаро дар бар гирифта,  марҳила ба марҳила калимаҳои он зиёд карда мешаванд.

Яъне акнун, дар барномаи “Microsoft Word” ё дигар барномаҳои компютерие, ки матн навишта мешавад,  агар калимаи тоҷикӣ ғалат навишта шавад, барнома ба таври автоматӣ дар зери он хати сурх мекашад ва шгакли дурусти онро пешниҳод мекунад. Ин барномаро дар забони русӣ “Правописание” меноманд ва ҳоло онҳое, ки бо забони русӣ кор мекунанд, аз ин барнома зиёд истифода мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз чанд сол пеш бархе фарҳангиён ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъулин, аз ҷумла Кумитаи забон ва ислоҳот пешниҳод карда буданд, ки чунин як барномаро роҳандозӣ кунанд, то истифодабарандагони технологияҳои иттилоотӣ, махсусан онҳое ки ба навиштани матн дар комютер сару кор доранд, тавонанд, шакли  дурусту ягонаи калимаҳои тоҷикиро ба кор баранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.