Имдодгарони КҲФ ҷасадҳои қаблан ғарқшудаи мард ва писарчаро берун оварданд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз дарёфти ҷасадҳои ғарқшуда, ки аз нимаи моҳи июл ҷустуҷӯ мешаванд, хабар медиҳад. Ба иттилои маркази матбуоти Кумита, рӯзона 31 июл дар қаламрави ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ҷасади сокини 62-солаи деҳаи ба номи С.Гадои ҳамин ноҳия дарёфт шуд, ки онро аз 17 июл меҷустанд. Гуфта мешавад, ҳодисаи дуюм дар қаламрави ноҳияи […]

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз дарёфти ҷасадҳои ғарқшуда, ки аз нимаи моҳи июл ҷустуҷӯ мешаванд, хабар медиҳад.

Ба иттилои маркази матбуоти Кумита, рӯзона 31 июл дар қаламрави ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ҷасади сокини 62-солаи деҳаи ба номи С.Гадои ҳамин ноҳия дарёфт шуд, ки онро аз 17 июл меҷустанд.

Гуфта мешавад, ҳодисаи дуюм дар қаламрави ноҳияи Дарвози ВМКБ ба қайд гирифта шудааст.

“Ҷасади сокини 8-солаи маҳаллаи Таги Қалъаи ноҳияи Дарвоз, ки 10 июл дар дарёи Панҷ ғарқ шуда буд, 48 километр поинтар аз ҷойи ҳодиса дар қаламрави ноҳияи Ш.Шоҳини вилояти Хатлон дарёфт шуд”, – хабар медиҳад Кумита.

Ғайр аз ин, имдодгарон ҷасади як марди 22-соларо даз об берун оварданд, ки бар асари садамаи нақлиёт ба канали Ҳисор афтода буд.

“Рӯзи 31 июл дар қаламрави шаҳри Ҳисор садамаи нақлиёт рух дод: сокини 22-солаи деҳаи Тутаки ҷамоати деҳоти Алмосӣ аз уҳдаи идораи автомашинаи тамғаи “Opel Astra” набаромада, он ба канали Ҳисор меафтад. Дар натиҷа ронанда дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст. Кормандони шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор ҳамроҳи хадамоти оташнишонии ВКД ба ҷойи ҳодиса омада, ҷасадро аз об берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд”, – омадааст дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи гузашта дар қаламрави кишвар ҳолатҳои фавқулодаи марбут ба офатҳои табиӣ низ ба қайд гирифта шудааст.

“Бар асари боронҳои зиёд рӯзи 31 июл дар ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ, деҳаҳои Мазори боло, Мазори поёни ноҳияи Тоҷикобод аз селроҳаҳо сел омада, ба 25 замини наздиҳавлигии сокинон бо овардани лойқа ва сангу шағал зарар расонид”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумита.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.