ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад. Имрӯз макони ҷамъшавӣ соати 19:00 дар назди “Боғи Наврӯзгоҳ” ва хатсайри дуюм низ соати 19:00 дар назди Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ муайян шудааст ва танҳо имрӯз ройгон аст.

Минбаъд ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх имконпазир аст. Автобусҳо рӯзҳои шанбе соати 19:30 аз назди “Боғи Наврӯзгоҳ” ва рӯзҳои якшанбе соати 19:30 аз назди Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳаракатро оғоз мекунанд.
– Дар нигористони ҳунарии меҳмонхонаи “Серена Душанбе” намоишгоҳи асарҳои Аҳмад Юсупов, рассоми тоҷик идома дорад. Намоишгоҳ ба хотири гиромидошти хотираи Аҳмад Юсупов баргузор шуда, бо унвони “Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ…” сурат мегирад. Дар он осори эҷодкардаи ин мусаввари тоҷик ба маърази тамошо гузошта мешаванд. Сокинону меҳмонони кишвар як моҳ, то 29-уми июн имкони боздид аз ин намоишгоҳро доранд. Вуруд озод аст.

– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши инфиродии осори Суҳроб Қурбонов, арбоби барҷастаи санъати монументалӣ, Рассоми халқии Тоҷикистон аз маҷмуи фонди Осорхона таҳти унвони “Меандешам, пас ҳастам” идома дорад. Он рӯзи 22 май ифтитоҳ гардида, то 5-уми июн давом мекунад. Ин бори нахуст аст, ки дар даврони истиқлол беш аз 30 асари ин рассом аз хазинаи Осорхона ба тамошо гузошта мешаванд. Намоишгоҳ осори тасвирӣ ва монументалии ҳунармандро фаро гирифта, марҳилаҳои асосии фаъолияти чандинсолаи эҷодии ӯро инъикос менамояд.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 2007 – Парлумони Тоҷикистон Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон”-ро қабул кард.
Соли 2013 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон шоири саршиноси тоҷик Бозори Собирро дар Қасри Миллат ба ҳузур пазируфт.
Соли 2015 – Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” бори аввал дар “Боғи Пойтахт”, имрӯза “Боғи Умари Хайём” ба муносибати рӯзи кӯдакон ҷашнвораи “Мамлакати хурд”-ро баргузор намуд.

Соли 2017 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон нахустин Кодекси тандурустии Тоҷикистонро имзо кард.
Соли 2018 – Дар шаҳри Душанбе ба бунёди иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон санги асос гузошта шуд.
Соли 2022 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари расмӣ дар Эрон бо Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманайӣ, раҳбари Инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон, Муҳаммад Мухбир, муовини аввали раисҷумҳури Эрон ва Муҳаммад Боқири Қолибоф, Раиси Маҷлиси Шурои исломӣ мулоқот кард.
Соли 2023 – Дар Душанбе ҷаласаи ҳаштуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд
ШАХСИЯТҲО
Соли 1920 – Мавлуди Мақсуд Шукуров, доктори илмҳои таърих, ходими шоистаи илми Тоҷикистон.
Соли 1960 – Зодрӯзи Маҳмуд Тошматов, иқтисоддони тоҷик.
Соли 2020 – Сайфиддин Тӯраев, сиёсатмадор, ходими давлатӣ, собиқ муовини якуми Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт.

Сайфиддин Тӯраев, сиёсатмадори саршиноси солҳои 1990-и Тоҷикистон, яке аз пешсафони ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, вакили номвари порлумони аввалини кишвар ва номзад дар интихобот аввалини раисҷумҳур буд, ки якҷо бо 11 номзад, аз ҷумла Раҳмон Набиев, Давлат Худоназаров, Бурихон Салимов, Бобишо Шоев ва дигарон рақобат карда, тарафдории бахше аз интихобкунандагонро ба даст оварда буд.
Дар интихоботи президентии соли 1999 бори дигар номзад шуд, вале ба марҳалаи асосӣ роҳ наёфт. Номзадии ӯро бо далели ҷамъоварии имзои ками пешбарикунандагон бекор карданд.
Баъд аз ин саҳнаи сиёсиро тарк карда ва ба тиҷорат машғул шуд.
Ӯ дар шаҳри Истаравшани ба дунё омадааст. Соли 1973 Донишкадаи нассоҷии Маскав ва Академияи хоҷагии халқи вобастаи Шӯрои Вазирони СССР-ро хатм кардааст.
Аз соли 1973 то 1986 коргар, устои баст ва мудири Фабрикаи трикотажи Ӯротеппа ва солҳои 1986-89 вазири хидмати маишии Тоҷикистон буд.
Солҳои 1991-92 ноиби аввали раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон буд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
30-юми майи соли 1431 дар шаҳри Руан яке аз фармондеҳони саршиноси артиши Фаронса дар ҷараёни Ҷанги садсола Жанна д’Арк ҳамчун кофар дар оташ сӯзонда шуд. Ӯ баъдан ба қаҳрамони миллии Фаронса табдил ёфт.
Жанна тавонист подшоҳ Карли VII-ро мутақоид созад, ки фармондеҳии нерӯҳои фаронсавиро ба ӯ биспорад. Вай бо ин нерӯҳо ба самти Орлеан раҳсипор шуд. Дар ҷомеа овозаи қавие паҳн шуда буд, ки тибқи ривоят, маҳз Жанна ҳамон духтари наҷотбахши Фаронса аст. Ин бовар нерӯҳои фаронсавиро рӯҳбаланд кард. Дар натиҷаи як силсила муҳорибаҳо, ки худи Жанна низ фаъолона ширкат дошт, муҳосираи Орлеан бардошта шуд ва артиши Фаронса ба як зумра пирӯзиҳои пайдарпай ноил гардид.

23 майи соли 1430 Жанна д’Арк ба асорати англисҳо афтод. Онҳо дар шаҳри Руан додгоҳи динӣ ташкил намуда, ӯро ба кофарӣ ва ҷодугарӣ муттаҳам карданд. Додгоҳ Жаннаро ба қатл маҳкум намуд ва 30-юми май дар майдони Бозори Қадим дар Руан зинда ба зинда сӯзонданд.
Солҳои 1455-1456 дар шаҳри Бурж мурофиаи пас аз марги Жанна баргузор шуд ва номаш расман сафед гардид. Дар соли 1920, калисои католикӣ Жанна д’Аркро ба зумраи муқаддасот шомил намуд. Аз он вақт инҷониб, маҳз 30 май – рӯзи ба қатл расидани Жанна д’Арк ҳамчун Рӯзи байналмилалии феминизм таҷлил мегардад. Ҳадафи он ёдоварӣ аз баробарии ҳуқуқии занону мардон ва мубориза бо ҳар гуна табъизи нажодӣ, ҷинсӣ ва мазҳабӣ аст.
30-юми майи соли 1896 дар Маскав фоҷиаи Ходинка рух дод. Таҷлили тантанаҳои тоҷгузории Император Николай II дар майдони Ходинка, воқеъ дар шимолу ғарби шаҳр бо ҳалокати ҳазорон нафар анҷомид. Майдони Ходинка, ки қаблан ҳамчун майдони таълимии нерӯҳои низомӣ истифода мешуд, пур аз чуқуриҳо ва ҷариҳо буд. Ба муносибати ҷашн ин камбудиҳо бо тахта пӯшонида шуда, рӯяшонро бо рег ҳамвор карданд.

Оғози расмии тантанаҳо соати 10-и субҳ эълон шуда буд. Аммо овозаҳо дар бораи тақсими туҳфа ва пул ҳазорон нафарро шабона ба ин макон кашонд. Вақте овозаи “туҳфа ба ҳама намерасад” паҳн шуд, издиҳом ба самти хайма ва анборҳо рафтанд ва тахтаҳои рӯйи чуқуриҳо хобонидашуда фурӯ рафтанд. Одамоне, ки ба дарун афтоданд, дигар баромада натавонистанд. Бар асоси манобеи таърихӣ, дар натиҷаи ин фоҷиа 1389 нафар ҳалок ва беш аз 1500 кас захмӣ гардидаанд.
Имрӯз инчунин Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо астма ва аллергия аст. Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ин рӯзро барои баланд бардоштани огоҳии ҷомеа дар бораи нишонаҳо, раванди беморӣ ва оқибатҳои астма ва аллергия таъсис додааст.

Тибқи омор, имрӯз тақрибан 6% аҳолии ҷаҳон аз астмаи шуш ранҷ мебаранд ва зиёда аз 40% нишонаҳои аллергия доранд.
Гуфта мешавад, ки 30-юми майи соли 1896 аввалин садамаи нақлиётӣ дар ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст. Аввалин ҳодисаи расман сабтшудаи садамаи нақлиётӣ дар ҷаҳон дар шаҳри Ню-Йорк рух дода буд ва мошини барқии Генри Уэлс бо дучархаи Эвелин Томас бархӯрд. Дучархасавор аз ин садама ҷон ба саломат бурд ва танҳо пояш шикаста буд.

30-юми майи соли 2014 дар ИМА нахустнамоиши филми афсонавии “Малифисента” баргузор шуд. Ин филм навсозии филми тасвирии маъруф – “Зебосанами хуфта”-и студияи Disney аст, ки соли 1959 ба саҳна омада буд. Нақши асосии ҳикояи пештар низ маъруф, ки дар ин филм Малифисента – ҷодугарзани бадкирдор аст, аз ҷониби ҳунарпешаи маъруфи амрикоӣ Анҷелина Ҷолӣ офарида шудааст.

Ҳамчунин, 30 май ҳамчун Рӯзи окрошка – яке аз таомҳои маъруфи тобистона таҷлил мегардад. Ин шӯрбои сард барои рӯзҳои гарми тобистон беҳтарин ғизо ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин сабаб, дар арафаи тобистон таҷлили чунин ид тааҷҷубовар нест. Аввалин ёдоварӣ аз окрошка дар шакли муосир ба охири асри XVIII рост меояд.

Дар дигар ошхонаҳои миллӣ низ шӯрбоҳои хунук мавҷуданд, ки ба окрошка монанданд. Масалан, дар кишварҳои Балкан “таратор” ном шӯрбои хунук аз йогурти тунук бо бодиринг, сир, чормағзи ангурӣ ва шибит маъмул аст. Дар Аврупои Шарқӣ “холадник” – шӯрбои хунук аз лаблабӯи пухта ва сабзавоти тару тоза бо сметана ва нисфи тухми маъмул аст. Дар Тоҷикистон бошад, окрошкаро дар чаккаи обкардашуда омода мекунанд.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 30+35º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 19+24º гарм, дар водиҳо шабона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 34+39º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 25+30º гарм, дар водиҳо шабона 21+26º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 14+19º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 24+29º гарм, дар водиҳо шабона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо рӯзона дар шарқи вилоят борони суст меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 22+27º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 30+32º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 10+15º гарм, дар ғарби вилоят шабона 10+15º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 19+21º гарм, дар шарқи вилоят шабона 0+5º гарм.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 32+34º гарм, шабона 19+21º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 33+35º гарм, шабона 20+22º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 36+38º гарм, шабона 21+23º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 25+27º гарм, шабона 12+14º гарм.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 30 ба 31-уми май ба ҳисоб гирифта шудааст.








